14:19:14 14-уми Июни 2026 сол
Девони Ҳофиз 21.12.2013 12:25 2177
Шоми шанбе мо чун ҳарвақта дар бошишгоҳи хилват бозӣ мекардем. Даври севум ё чаҳоруми бозӣ буд, ки ҳамсояамон Рашид Абдуллоҳ назди мо омад. Ӯ афсари артиш буд ва мо ба либоси низомии ӯ, ки ба пайкари лоғараш мезебид, одат карда будем. Эҳтимол, ӯ навакак аз хизмат баргашта ва гурӯҳи бозингаронро ....
Султони дуздҳо – I 21.12.2013 12:18 1736
Баъди хомӯшии дарозу ҳузнангезе султони дуздҳо («вор в законе») як бори дигар атрофро аз назар гузаронида, ба сухан даромад: –Бачагии хушбахтонаи мо дароз накашид. Ҳамааш шуда панҷуним солу боз чанд рӯзу чанд дақиқаи дигаре. Ба қавли як дарвеши самарқандӣ ҳеҷ чиз ба як ҳолу ба як минвол боқӣ намемонад, на ....
Консерти Далер Назаров дар Амрико 19.12.2013 12:29 1951
Ин ҳафта хабаргузоиҳо истинодан ба саҳифаи Фейсбуки Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) дар бораи сафари ҳунарии овозхон ва таронасози шинохтаи кишвар Далер Назаров ба Амрико хабар доданд. Бино ба ин навишта қарор аст ин консерт 1 марти соли 2014 баргузор гардад.
Рӯбинони китобҳои бачагона 19.12.2013 12:27 1812
Бо ибтикори нашриёти "Маориф ва фарҳанг"-и вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар бинои Иттифоқи нависандагон рӯбинони китобҳои тозанашри бачагона баргузор гардид. Ноширон панҷ китоби тозанашр - "Ду ҳикоя"- и Кароматуллоҳи Мирзо, "Ман ошнои ту, ту ошнои ман"-и Абдулҳамид Самад, "Кӯршабпарак"-и Мирзо Файзалӣ ...
Достони Душанбе (Бахшида ба ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистон) 19.12.2013 12:20 1522
Ин бахше аз достон аст, ки ба хонандаи гиромии "Рӯзгор" армуғон овардаем. Ҳаким Абӯмансури Ҳаравӣ дар асрҳои 10-11 зиндагӣ кардааст. Ин табиби донишманди тавоно бо номи "Ҳақоиқ-ул-адвия" китоби дорусозӣ дорад.
Лаҳзаҳои дигар бо Темур Зулфиқоров ва Ирина Дмитриевна-Ван 17.12.2013 22:20 1460
Нависандаи тозабаёни тоҷики муқими Маскав Темур Зулфиқоров ва сарояндаи машҳури романсҳои русии Русия Ирина Дмитриева-Ван бегоҳии 14 декабри соли равон бори дигар дар театри академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ базми шеъру сурудро рушан карданд.
Карим Мӯсо: "Брагинский омода буд, ки ба нашри "Гузашти айём" кӯмак кунад, аммо…" 16.12.2013 11:38 2212
Карим Мӯсо мутаваллиди соли 1952-юм буда, факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Фаъолияташро аввал дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" оғоз карда, баъдтар дар ҳафтаномаҳои "Маданияти Тоҷикистон" ("Адабиёт ва санъат") ва "Газетаи муаллимон" ("Омӯзгор") идома додааст.
Атохоҷа Мирхоҷа: «Ман мавқеи нодурусти иҷтимоии Бозорро маломат кардам» 16.12.2013 11:34 1735
Шеърҳои Атохоҷа Мирхоҷа оинаи рӯзгори Тоҷикистони азиз, ба хусус Бадахшони сарбаланданд. Агар шумо ташнаи обҳои ширини Бадахшон шудаед ва дар хумори дидани куҳҳои осмонбӯсаш сар ба саҳро задаеду наметавонед ин ормони худро ба сабаби дурии ин сарзамини афсонавӣ бишканед, аз ҳад зиёд озурда набошед.
"Дилбар Умарова ҳеҷ гоҳ пир намешавад" 13.12.2013 15:58 1792
Дилбар Умарова аз зумраи симоҳои мондагори театру синамои тоҷик аст. Ин бонуи саропо ҳунару зебоӣ соли 1971-ум Донишгоҳи санъати театрии ба номи Луначарскии Маскавро хатм карда ва аз он айём то ба имрӯз дар театру синамои тоҷик нақшҳои зиёде офарида.
Мусиқӣ-роҳи алтернативии сулҳсозӣ 13.12.2013 15:55 1607
Марина Варнер, романнавис ва мунаққиди Британияи Кабир, дар мақолае бо сарлавҳаи «Замоне, ки ҳанӯз нарасидааст», ба фаъолияти оркестри симфонии «Девони Ғарбӣ- Шарқӣ», ки бо ташаббуси сиёсатшиноси маъруф Эдвард Саид ва композитору дирижёр Даниел Баренбойм ташкил шуда, ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ...
Марямбонуи Фарғонӣ: «Рисолати адиб тарбияи инсон аст» 08.12.2013 13:28 1875
Марямбонуи Фарғонӣ соли 1956-ум дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз мактаби деҳа шуруъ гардида, то соли 1984-ум омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик будааст.Охири соли 1984 ба Тоҷикистон омада, то охири соли 1989 дар Маркази методии назди Вазорати маориф ...
Шералӣ Мӯсо: "Дардҳои ҷомеа аввал аз дили адибон мегузаранд" 08.12.2013 13:25 1635
Шералӣ Мӯсо соли 1973-ум бо ихтисоси муҳандиси мошинсоз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро (собиқ Институти политехникии Тоҷикистон) хатм карда, фаъолияташро чун муҳандис дар заводи "Тоҷикгидроагрегат", котиби дуюми созмони ҷавонони ноҳияи ҳозира Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз мекунад.
Андрей Волос: "Тоҷикону Тоҷикистонро аз ҳад зиёд дӯст медорам" 06.12.2013 21:01 1303
Нависандаи маъруфи тоҷику рус дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо аз Маскав дар бораи эҷодиёти худ, вазъи адабиёти рус ва масоили муҳоҷират сӯҳбат кард.Андрей Волос, адиби маъруфи руси зодаи Тоҷикистон барои китоби ...
Салими Зарафшонфар: «Нависандагӣ агар касб буд, дар замони Шӯравӣ буд…» 06.12.2013 16:04 1694
Салими Зарафшонфар соли 1963 дар шаҳри Панҷакент дида ба ҷаҳон кушодааст. Ӯ барвақт ба меҳнат шурӯъ карда, солҳо мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон», котиби масъули маҷаллаи тиббии «Шифо» ва муҳаррири шӯъбаи адабии радиои тоҷик будааст. Алҳол котиби масъули маҷаллаи «Истиқбол» аст.
Фурқати Саид: "Шашмақом" дар ҷомеъа мақоми арзанда дорад" 06.12.2013 16:01 1548
Чанде пеш дар ҳаёти овозхони хушсадо, оҳангсоз ва рӯзноманигор, раҳбари бадеии ансамбли давлатии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ "Шашмақом" Фурқати Саид воқеаи хурсандибахше рух дод. Ӯ бо фармони Президенти кишвар бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид.