12:33:32 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аҳодис дар фазилати Рамазон

Ҳадаф аз навиштани ин авроқ ин аст, ки аиммаи масоҷид ва ҳофизони Қуръон, ки дар таровеҳ имоматӣ мекунанд ва ҳамчунин он даста аз босаводоне, ки бо дини поки Муҳаммадӣ муҳаббат доранд, дар ибтидои моҳи мубораки Рамазон ин аҳодисро дар масҷидҳо ва ҷамъомадҳои умуми барои мардум бихонанд, аз фазли Аллоҳтаъоло умедворем, ки ба баракати иршодоти Расулаллоҳ (с) битавонем аз ин моҳи муборак каме қадрдонӣ бикунем ва ба сӯи баракатҳои ин моҳи муборак бишитобем ва ин иршодот василае барои афзоиши аъмоли нек ва кам шудани аъмоли бад қарор гиранд.

ramazan-2112665Иршоди Расулаллоҳ (с) аст, ки агар Аллоҳтаъоллоҳ ба восилаи ту як шахсро ҳидоят фармояд, барои ту аз шутурҳои сурх, (ки беҳтарин амвол дар он замон ба шумор мерафтанд), беҳтар аст. Моҳи мубораки Рамазон бузургтарин неъмати Худованд барои мусалмонон аст, вале ба шарте, ки қадри ин неъмат ба ҷо оварда шавад, вагарна барои афроди маҳруме мисли мо ҷуз аз рамазон-рамазон гуфтан фоидаи дигаре нест.

Дар ҳадисе омадааст, ки "агар уммати ман бидонад, ки Рамазон чи чи чизест, таманно мекард, ки тамоми сол рамазон бошад". Ҳар шахс медонад, ки тамоми солро рӯза гирифтан кори осоне нест, аммо ба хотири савобе, ки Рамазон дорад, Расулаллоҳ (с) иршод мефармоянд, ки мардум таманно хоҳанд кард , ки тамоми сол рамазон бишавад. Дар як ҳадис иршод шуда, ки рӯзаи моҳи шарифи рамазон ва ҳар моҳ се рӯз рӯза гирифтан харобию васвасаҳои дилро бартараф мекунад. Ба ҳамин хотир буд, ки саҳобаи киром (р) дар сафари ҷиҳод, бо вуҷуде, ки он Ҳазрат (с) борҳо иҷоза ба хӯрдан дода буданд, рӯза мегирифтанд, то ин ки Расулаллоҳ (с) ба таври возеҳ онро манъ карданд. 

Ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мефармояд, ки Расулаллоҳ (с) дар охирин рӯзҳои моҳи шаъбон барои мо ваъз фармуданд, ки "эй мардум! Моҳи бисёр боазаммат ва мубораке ба суроғи шумо омадааст. Дар он шабе аст (шаби қадр), ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Аллоҳ (ҷ.ҷ) рӯзаи ин моҳро фарз қарор дода ва ибодати шати (таровеҳ) онро муҷиби савоб қарор додааст. Ҳар кас дар ин моҳ ба анҷоми корҳои нек наздикии Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро ҳосил кунад чунон аст, ки фарзеро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом бидиҳад ва касе, ки фарзеро анҷом диҳад, чунон аст, ки ҳафтод фарз дар ғайри моҳи Рамазон анҷом бидиҳад. Ин моҳ моҳи сабр аст ва подошти сабр ҷаннат аст ва ин моҳ моҳи ғамхорӣ аст. Ризқи муъмин дар ин моҳ изофа мешавад. Ҳар кас рӯзадореро ифтор бидиҳад ин боиси мағфират ва бахшоиши гуноҳони ӯ шуда ва сабаби озод гардидани ӯ аз оташи ҷаҳаннам мешавад ва ба андозаи савоби шахси рӯзадор ба ӯ ҳам савоб мерасад, бидуни ин ки аз савоби шахси рӯзадор чизе кам шавад". Саҳоба (р) арз карданд: "ё расулаллоҳ! Ҳар кас аз мо тавонои молӣ надорад, ки битавонад барои рӯзадор чизе фароҳам кунад". Он ҳазрат фармуданд: "лозим нест ӯро сер кунад. Ин савобро Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба шахсе, ки ҳатто бо як дона хурмо ё як қадаҳ об ё ҷуръае шир рӯзадореро ифтор диҳад, ато мефармоянд. Ин моҳе аст, ки аввалаш раҳмат, васаташ мағфират ва охираш озодӣ аз оташ аст. Ҳар кас дар ин моҳ кори ғулом ва коргари худро камтар кунад, Аллоҳ (ҷ.ҷ) гуноҳашро мебахшояд ва аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, ва дар ин моҳ чаҳор чизро зиёд анҷом диҳед, ду мавриди он муҷиби ризои Аллоҳ мешавад ва дутои дигар чунонанд, ки шумо бағайр аз онҳо чорае надоред. Он ду чиз ки муҷиби хушнудии  Парвардигоратон аст, хондани "Ло илоҳа илаллоҳ" ва "Истиғфор" аст ва дутои дигар яке ин аст, ки аз Аллоҳ (ҷ.ҷ) Ҷаннатро бихоҳед ва дуввум, аз оташи дӯзах паноҳ бихоҳед. Ҳар кас рӯзадореро об бинушонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат аз ҳавзи ман обе ба ӯ менушонад, ки баъд аз он то дохил шудан ба Биҳишт ҳаргиз ташна нахоҳад шуд".

muhammad-4512656Тавзеҳ: Муҳаддисин агар чи дар бораи баъзе ровиёни ин ҳаводис эътироз доранд, аммо дар фазоил то ин ҳад қобили таҳаммул аст. Сониян аксари матолиби ин ҳаводисро ривоёти дигар таъйид кардаанд. Дар ин ҳадис чанд чиз қобили таваҷҷуҳ аст: аввал, эҳтимоли Расулаллоҳ (с), ки дар охирин рӯзҳои шаъбон иршодоте хос баён фармуда ба мардум тазаккур доданд, то як лаҳза аз Рамазони муборак ба ғафлат нагузарад.

Пас аз баёни фазилати тамоми моҳ моро ба сӯи чанд чизи муҳими хусусӣ мутаваҷҷеҳ карданд: қабл аз ҳама ба шаби Қадр, ки шабе бисёр муҳим аст, таъкид фармуданд. Баъд аз он иршод шуда, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) рӯзаашро фарз ва қиёми шаби онро  (таровеҳ) суннат қарор додааст, аз ин иршод маълум мешавад, ки намози таровеҳ ҳама аз ҷониби Аллоҳ (ҷ.ҷ) аст ва баъзе ривоёт баёнгари ин ҳастанд, ки Расулаллоҳ (с) таровеҳро ба сӯи худ мансуб кардааст. Манзур аз он таъкид аст, чун он Ҳазрат (с) дар бораи он хеле таъкид кардааст, ба ҳамин ҷиҳат ҳама аимма бар суннат будани таровеҳ иттифоқи назар доранд. Дар "Бурҳон" навишта шудааст, ки дар миёни муслимин ба ҷуз аз равофиз ҳеҷ кас мункири он нест.

Дар инҷо лозим аст ба як матлаб таваҷҷуҳ шавад ва он ин аст, ки теъдоди зиёде аз мардум чунин фикр мекунанд, ки кофи аст дар як масҷид ки ба аҷала дар зарфи ҳашт ё даҳ рӯз Қуръонро дар таровеҳ хатм бикунанд ва баъд раҳо кунанд. Бояд гуфт, ки дар инҷо ду суннати мустақил вуҷуд дорад:яке инки тамоми Қуръонро дар намози таровеҳ хондан ва ё аз дигаре шунидан. Дуввум ин ки дар тамоми моҳи рамазон таровеҳ хондан. Ва дар сурати боло фақат ба як суннат амал шуда ва дуввуми тарк мешавад. Албатта, барои касоне, ки ба сабаби мусофират ё узри дигаре натавонистанд дар якҷо намози таровеҳ бихонанд, беҳтар аст, ки аввал Қуръонро дар зарфи чанд рӯз аз аввал то охир хатм кунанд ва баъд ҳар куҷо, ки расиданд, таровеҳ бихонанд. Дар он сурат хатми Қуръони маҷид ҳам ноқис намешавад ва ҳам дар кори онҳо халале эҷод намегардад. Дар ҳадиси боло он Ҳазрат (с) баъд аз баёни рӯза ва таровеҳ моро ба эҳтимоми ибодоти фарзу нафл мутаваҷҷеҳ карда ва фармуданд, ки дар ин моҳи муборак як нафл бо фарзи моҳҳои дигар баробар аст ва савоби як фарз баробар аз ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст. Пас мо каме ба ибодатҳои худ таваҷҷуҳ кунем, ки дар ин моҳи муборак ба адои фароиз чи қадар эҳтимол мекунем ва чи қадар ба навофил изофа мекунем?!

Мутаассифона, вазъи фароизи мо чунин аст, ки вақте саҳар ғизо мехӯрем, мехобем ва замоне бедор мешавем, ки ё вақти намози субҳ гузашта, ё ҳадди ақал намози ҷамоъат аз даст рафтааст, гуё шукри саҳарӣ хӯрданро ин тавр адо мекунем ва намози фарз, ки аз ҳамаи намозҳо муҳимтар аст ба кулли қазо мешавад, ё ҳадди ақал ноқис баҷо оварда мешавад.Чун уламои киром бидуни ҷамоъат намоз хонданро адои ноқис қарор додаанд ва иршоди он Ҳазрат (с) аст, ки намози касоне, ки дар наздикии масҷид сукунат доранд, ба ғайр аз масҷид дар ҷои дигар адо намешавад. Дар "Мазоҳири Ҳақ" навишта шуда: касе, ки бидуни узр ба ғайр аз ҷамоъат танҳо намоз бихонад, гарчи фарз аз гарданаш адо мешавад, аммо аз савоби намоз маҳрум мемонад. Ҳамчуни намози ҷамоъати бештари мардум дар вақти мағриб фидои ифтор мешавад ва раккати аввал ё такбир аввалӣ ағлаб аз даст меравад ва иддаи зиёде намози хуфтанро ба хотири тароввеҳ қабл аз вақт мехонанд. Ин вазъи намозҳои мо, муҳимтарин фароизанд, дар рамазон аст, ки ба ивази адои як фарзи Рамазон се фарз зоеъ мешавад. Ин се, ба эътибори аксарият аст вагарна дида шуда, ки намози зуҳр фидои хоби нисфирӯзӣ мешавад ва намози ҷамоъати аср фидои харид барои ифтор мешавад, дар мавриде, ки адои фароиз ба ин вазъият аст, пас дар мавриди навофил чӣ бигӯем?!

Намози нафли ишроқ (тулуи офтоб) ва чошт фидои хоби субҳ мегарданд.

Касоне, ки аз корҳои дунё озод ҳастанд, чи қадар хуб аст, ки пас аз зоеъ кардани ёздаҳ моҳ дар ин як моҳ хуб заҳмат бикашанд. Корманде, ки аз субҳ то баъд аз зуҳр пойбанди идорааш ҳаст, дар моҳи мубораки Рамазон агар аввали субҳ андакеро бо тиловати Қуръони маҷид ихтисос диҳад, чӣ заҳмате дорад? Охир онҳо барои корҳои зарурии худ илова бар вақти идора фурсат пайдо мекунанд. Кишоварзон низ дар зери назорати доимии касе нестанд. Онҳо метавонанд, ки дар канори мазраъа нишаста Қуръони маҷид бихонанд.

(Давом дорад)

Таҳияи С.Шарифзода

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi