Ёде аз шайхи марҳум Муҳаммадикроми Муҷахарфӣ (р)
Рӯзи ҷумъаи 27-уми феврал дар лаби дарёи Муҷахарфи ҷамоати деҳоти Муҷахарфи ноҳияи Нуробод маросими ҷанозаи Махдуми Муҳаммадикром писари Абдулҳайи Муҷахарфӣ , яке аз бузургони аҳли тасаввуф аз тариқати нақшбандияи кишвар бо ширкати чандин ҳазор нафар аз муридону ихлосмандон, хешу табор ва пайвандонаш, ки аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ин ҷо омада буданд, баргузор гардид. Намози ҷанозаро домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ имоматӣ кард.
Домулло Муҳаммадикром , ки ба вақти реҳлат 99 сол дошт, аз ҷумлаи руҳониёне ба ҳисоб мерафт, ки дар поёни умраш ба таълиму тарбияи динии шогирдони худ ба дараҷаи устодӣ расида машғул буд. Камина 18-уми июли соли 2013 тайи як сафари хидматӣ ба деҳаи Муҷахарф ба зиёрати ин олими табаррук шарафёб шуда будам.
Беш аз ду соат бо ӯ ва писари хурдияш Махсуми Эҳромиддин дар бораи қиблагоҳаш шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, шоири ориф ва иртиботи шайх Абдулҳай бо хонаводаи шайх Шаҳобиддини Ёзғандӣ, азҷумла писараш эшони Султон (ҳамон эшони Султоне, ки бо артиши сурхи болшевикон солҳои бистум асри гузашта мубориза бурд ва махсуми Фузайл ӯро ба дор кашид), суҳбат доштем.
Дар ин суҳбат банда дар баробари тайид кардани баъзе иттилооте, ки қаблан аз дигар сарчашмаҳо ба даст оварда будам, иловатан маълумоти тозаеро дар бораи зиндагиномаи эшони Султон ва падари ӯ шайх Шаҳобиддини Валӣ, соҳиби мадрасаи дар аморати Бухоро машҳури Ёзғанд, ки шайхи Абдулҳай он ҷо таҳсил кардааст ва ҳамсабақи эшони Султон будааст, ба ихтиёрам гузошт. Худо хоҳад ин маълумоти муфидро дар нашри дуввуми китоби «Бурхи Валӣ-дӯсти Худо» ва китоби «Босмачӣ хоин буд ё ватанхоҳ?» (номи шартӣ) истифода хоҳам бурд.
Аз марҳум шайх Муҳаммадикром суол кардам, ки оё ӯ мисли қиблагоҳаш китоб ва ё шеъру манзумае навиштааст ё хайр? Дар посух гуфт, ки вазифаи бузургтаринеро, ки ӯ ба уҳда дошт, аввал то ҳадди имкон пурра ҳифз кардани осори хаттии қиблагоҳаш ва дуввум тарбия кардану ҳамчун инсонҳои комил ба воя расондани фарзандони солеҳ буд, ӯ бошарафона ба ҷо овард. Имрӯз фарзандони ӯ махсуми Изомиддин, махсуми Низомиддин, махсуми Эҳромиддин азҷумлаи уламои шинохтаи водии Қаротегин ба шумор мераванд.
Ҳар кадоми онҳо мисли бобояшон шайх Абдулҳай, эҷодкоранд, китоб менависанд ва аксаран андешаҳои худро дар либоси назм иброз медоранд. Ба гуфтаи шайх Муҳаммадикром ӯ тамоми фазлу дониши худро ба фарзандону шогирдонаш додааст. Вале дар байни онҳо ӯ махсуми Низомиддинро махсус қайд намуд. Махсуми Низомиддин тамоми осори хаттии бобояшро чун мардумаки чашмаш нигоҳубин кард, ки гум нашаванд, аз байн нараванд.
Бар замми ин ӯ аксари рисолаҳо ва ашъорашро бо кӯмаки дӯстонаш ба хатти кириллӣ баргардон карда ба чоп расонд. Рисолаҳои «Муфизу-л- анвор», «Далелу-с-соликин», «Муфиду-л-муъминин», «Девони ашъор», «Канзу-л-мавоъиз» азҷумлаи осори дар байни уламо машҳур ва маъруфи шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ ба шумор мераванд. Барои ин осори бою рангинаш бархе аз муҳаққиқини адабиёт шайхро Саъдиву Ҷомии сонӣ гуфтаанд.
Домулло Муҳаммадикром дар идомаи суҳбат аз он ёдовар шуд, ки чи гуна баъди 60 соли ҷудоӣӯ бародараш Абдулфаттоҳро ҳангоми адои маросими зиёрати Хонаи Худо соли 1991 дар Маккаи Мукаррама вохӯрд. Соли 1930 замоне, ки ҳукумати вақти шӯравӣ шайх Абдулҳайро мулло гуфта бо ҳамроҳи писараш Абдулфаттоҳ ба ҳабс мегирад, шоир ҷигарбандашро бо кӯмаки дӯстонаш аз зиндон мегурезонад. Абдулфаттоҳ баъдан ба Афғонистон ҳиҷрат мекунад.
Баъди воридшавии Артиши шӯравӣ дар соли 1979 ба Афғонистон Абдулфаттоҳ зану фарзондонашро гирифта аз он ҷо ба Арабистони Саъудӣ меравад. Домулло Муҳаммадикром аз саргузашти бародараш тавассути зоирони Хонаи Худо иттилоъ ёфтаасту баъдан ба дидораш мерасад.
Дар ин суҳбат писари хурдии Домулло Муҳаммадикром махсуми Эҳромиддин барои мо манзумаи дар васфи бобояш шайх Абдулҳай навиштаашро, ки ҳанӯз дар ягон нашрияе ба табъ нарасидааст, қироат намуд. Дар ин манзума, ки дар вазни «Шоҳнома» навишта шудааст, Эҳромиддин зиндагиномаи шайх Абдулҳайи Муҷахарфиро бо як фасоҳату балоғати зебое ба риштаи тасвир кашидааст. Агар Худо хоста бошад рӯзе навори қироати ин достонро дар иҷрои махсуми Эҳромиддин дар акаунти «Рӯзгор» дар Ютуб» хоҳем гузошт.
Дар хотима дуъо мекунем, ки Худованди маннон руҳи шайхи марҳум Муҳаммадикромро аз мо шоду хонаи охираташро гӯшае аз ҷаннатулфирдавс гардонад. Омин ё Раббалъоламин! Ба фарзандону пайвандонаш дар ин мусибат аз Парвардигори азимушшаън сабри ҷамил мехоҳем. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.
СултониҲамад, «Рӯзгор»
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
213
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
469
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?