ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-4
ДАР БАЁНИ ТАЪБИРИ ХОБИ ДИДАИ
ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Ҳазрати Имоми Аъзам шабе дар хоб дид, ки қабри Пайғамбар алайҳиссаломро кушода устухонҳои эшонро дар як ҷо ҷамъ мекунад. Баъди дидани ин хоб дар тарсу ҳарос афтода бемор шуд. Вақте дӯстон ба дидорбинӣ омаданд, Имоми Аъзам хоби дидаи хешро ба эшон бозгуфт ва яке аз онҳоро хоҳиш намуд, то ба назди Ибни Сиррин рафта таъбири хобро пурсад. Он дӯст назди Ибни Сиррин шуд ва таъбири хоби Имоми Аъзамро пурсон гашт.
Ибни Сиррин чунин таъбир намуда гуфт, ки соҳиби хоб суннатҳои Пайғамбар алайҳиссаломро байни мардум ва уммати Аҳмадӣ ҷорӣ хоҳад кард ва ба шариата исломӣ хизматҳои босазое хоҳад намуд. Ин давлат пеш аз ин ба ҳеҷ кас муяссар нагаштааст.
Имоми Аъзам пас аз шунидани таъбири хоби хеш хурсанд гашта, даргоҳи Худои таъоло шукрҳо гузорид ва барои хизмати шариат камари ҳиммат баст. Олами исломро бо нури илми дин равшан ва роҳи муслиминро мунаввар гардонид, ки то ҳол нури фиқҳ дар чашми муслимин ҷилвагар ва илми эшон дар олами ислом боқӣ аст.
«Аллоҳумма адимно фи итибоъиҳи ва ақимно ъинда зумрати атбоъиҳи».
(Эй бор Худоё! Маро пай рави он имом гардон).
ДАР БАЁНИ ҶАЗБИ ХАЛҚ БА МАЗҲАБИ ХЕШ
Ҳазрати Имоми Аъзам шикастанафсӣ намуда мардумро ба мазҳаби худ даъват намекардаанд ва аз мардум дар гурез мешудаанд. Ба ногоҳ Пайғамбар алайҳиссаломро дар хоб бидиданд, сарвари олам фармуд, ки «Ё Абӯҳанифа» Худои таъоло туро барои зоҳир намудани суннатҳои ман ва равнақи он офаридааст. Қасди узлат гузидан аз сар баргир!» ин ишорати набавӣ ва изни муставфӣ ба он ҳазрат асар кард ва даъвати халқро ба мазҳаби худ воҷиб донист. Пас аз ин ба ҷалби мардум ба мазҳаби хеш пардохта ва чунон шӯҳрат ёфт, ки шарқу ғарб, аҷаму араб баҳраманд гашт.
«Аллоҳумма аббида-л-ислома ва раввиҷи-л-аҳкома».
(Эй бор Худоё! Исломро абадӣ ва аҳкомҳои он ривоҷу равнақ деҳ).
ДАР БАЁНИ АСОСҲОИ АСОСИ
МАЗҲАБИ ИМОМИ АЪЗАМ
Маълум бод, ки ҳазрати Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ асҳоби рай нестанд, яъне райи худро аз суннати Расул (с) ва қавли асҳоб пеш нагузоштаанд. Аммо душманону бадгӯён асҳоби райро ба эшон пайвастанд. Ин бӯҳтону дурӯғ аст, зеро шаъни аиммаи киром аз ин нисбат муназзаҳ (пок) мебошад. Имоми Аъзам ҳар масъаларо аз ояти Қуръони маҷид иқтибос кардааст.
Агар дар Қуръон дучор наояд аз аҳодиси набавӣ, яъне аз суннат ва агар дар ҳадис набошад, аз қавли саҳобаи киром ва агар ин ҳам набошад ва ё дар қавли асҳоб ихтилоф бошад, ба қавли он саҳобае, ки ба Қуръону суннат наздик аст, амал мекард. Агар дар ҳеҷ кадом набошад, худ иҷтиҳод мекард, аммо аз қавли тобеъин иқтибос намекард.
Фузайли Аёз фармудааст, ки агар ба ягон масъала ҳадиси саҳеҳ бошад, Имоми Аъзам тобеъи он мешуд вагар дар қавли саҳоба тобеъин асар пайдо кунад, ба он ҳам тобеъ мешуд. Агар дар қавли саҳоба ё тобеъин пайдо нагардад, ин вақт худ қиёс мекард.
Ва Ибни Муборак аз Имоми Аъзам ривоят мекунад, ки гуфт: "Агар ҳадиси Расул (с) бошад бо ҷону дил қабул менамоям ва агар аҳвол аз саҳобаикиром бошад, аз қавли беҳтарини саҳоба масъала мегирад. Аҷаб ин аст, ки баъзе одамон эрод мегиранд гӯё ман аз раъйи худ фатво медиҳам, ҳол онки ман фатво намедиҳам, магар аз оёт, ҳадис ё қавли саҳоба". Боз фармуд, ки агар дар Қуръони маҷид, суннати Расул (с) ё аз асҳоб сухани саҳеҳ бошад аз раъйи худ ҳукм намудан ҷоиз нест. Ва агар дар сухани асҳоб ихтилоф бошад, онгоҳ аз Қуръони маҷид ё суннати Расул (с) ихтиёр кардан ҷоиз аст.
Аз Имом Шофеъ овардаанд, ки гуфт: «Дар хусуси қиёс кардан уламо аз сарчашмаи Имоми Аъзам об хӯрдаанд».
Имом Музнӣ ин суханони Имом Шофеъро ба эътибор гирифта, хоҳарзодаи хеш Имом Таҳовиро фармуд, то аз мазҳаби Имом Шофеъ ба мазҳаби Имоми Аъзам бигзарад. Ин матлабро Имом Таҳовӣ дар китоби худ зикр кардааст.
Аз Ҳасан ибни Солеҳ ривоят мекунанд, ки гуфт: «Имоми Аъзам аз носиху мансух ниҳоят эҳтимом меварзид ва зиёда баҳсу мунозира менамуд. Ба ривояти аҳли Кӯфа аз дилу ҷон пайравӣ мекард».
Рӯзе аҳли ҳадисе ба Кӯфа омад. Мардум ба ӯ аз Имоми Аъзам шикоёт оғоз намуданд, ки масъаларо аз қиёс фатво медиҳад. Он шахс гуфт: «Эй мардум, ин муқояса ва андозаро тарк кунед, зеро қиёс кардан амали иблиси лаъин буд!»
Имоми Аъзам ба ин шахе гуфт: «Суханро ба ҷояш нагузоштаӣ, зеро иблис бо худ амри Худои таъолоро рад карда кофир шуд, яъне лаънаткарда гардид. Чуноне, ки дар ин бора Худои таъоло дар Қуръони маҷид овардааст. Аммо қиёси мо пайравӣ аз амри Аллоҳ аст, яъне бо фармони ӯ амал мекунем. Масъалаву қиёсро бо китоби Худои таъоло, суннатҳои Расул (с) ва суханони саҳоба рост медорем ва пайравӣ менамоем».
Овардаанд, ки вақте Имоми Аъзам масъалаеро қиёс менамуд, мегуфт, ки раъйи ман ин аст ва бо ҳеҷ кас ҷабрро ҷоиз намедонам, фақат қабули онро воҷиб медонам. Агар шахсе бо қиёси хуб масъалае орад, мо онро қабул медорем.
Ибни Хузом аз асҳоби Имоми Аъзам ривоят карда мегӯяд: «Бар он иттифоқ карда гуфтаанд, ки дар назди устод ҳадиси заиф беҳ аз қиёс кардан аст».
«Аллоҳумма сайарно аҳлу-л-имтиёзӣ».
(Бор Худоё! Маро аз аҳли имтиёз бигардон).
(идома дорад)
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
214
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?