КӢ ҲИММАТЗОДАРО ДАР ПАРЛУМОН ИВАЗ МЕКУНАД?
15.04.2009 14:55
3589
Дар посух ба ин суоли хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» сухангӯйи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода гуфт, ки ин масъала қарор аст имрӯз, 15 апрел дар ҷаласаи Шӯрои Сиёсии ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор бигирад.
ҲАБСИ СОБИҚ САРВАРИ НБО НОРАК
13.04.2009 23:11
3633
Прокуратураи генералии Тоҷикистон иҷозати ба ҳабс гирифтани собиқ сарвари Нирӯгоҳи Барқии Обии Норакро дарёфт кард. Вакилони маҷлиси шаҳрии Норак ба прокуратураи генералии ҶТ иҷозат доданд, ки Маҳмадулло Қурбонов, депутати маҷлиси шаҳрӣ, собиқ директори НБО Норакро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ба ҳабс бигирад.
ҲНИТ ХОҲОНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУН ДАР БОРАИ ДИН МЕБОШАД
12.04.2009 23:14
4324
Рӯзи 11 апрели соли 2009 бо ибтикори ҲНИТ дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»: андеша ва мулоҳиза» мизи гирд баргузор гардид, ки дар он раҳбарияти ҲНИТ, намояндагони бархе аз азҳоби сиёсӣ, рӯҳониёни расмии кишвар, ВАО, САҲУ ва ғайра ширкат ....
САФИРЕ, КИ КИМЁГАРИ ДУРРИ ДАРӢ УНВОН ГИРИФТ
11.04.2009 10:39
5169
Дар Тоҷикистон китоби «Кимёгари дурри дарӣ» ба нашр расид, ки он дар бораи Алиасғари Шеърдӯст сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон навишта шудааст. Рӯзи 10-апрели соли 2009 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифии китоби нависандаи тоҷик Мирзо Шукурзода «Кимёгари дурри дарӣ» баргузор гардид...
БО КӮШИШИ САФИРИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН «ГӮШАЕ» БОЗ «АМРИКОӢ» ШУД
10.04.2009 11:51
5246
9 апрели соли 2009 сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Трейси Энн Ҷейкобсон дар шаҳри Қӯрғонтеппа якҷо бо мири шаҳр Изатуллоҳ Зоиров дар маросими ифтитоҳи маркази фарҳангӣ-иттилоотии мавсум ба «Гӯшаи америкоӣ» ширкат кард.
Писарони Лангариев ва Сангак Сафаров маҳкум ба ҳабси абад
09.04.2009 16:30
5091
Додгоҳи олии Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев, яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ ва ҳафт ҳамроҳи ӯро, аз ҷумла Нурмуҳаммад Сафаров, писари Сангак Сафаров, дигар аз фармондеҳони Фронти халқиро ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Як тоҷик дар Маскав кушта шуд
09.04.2009 16:15
5211
Расонаҳои Русия хабар додаанд, ки соати 3-и субҳи рӯзи 6 апрел, дар назди пули иртиботӣ дар маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон кашф шудааст. Тибқи таҳқиқ ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асари зарбае сахт бар сараш ҷон бохтааст.
Расонаҳои Русия хабар додаанд, ки соати 3-и субҳи рӯзи 6 апрел, ....
Ҳуҷҷатҳои лозима барои гирифтани қарз:
13.03.2009 20:47
6241
Шахсони воқеӣ:- нусхаи шиноснома бо қайди ҷойи истиқомат ва маълумотнома дар бораи рақами инфиродӣ (ИНН);- маълумотнома дар бораи маоши корӣ, бо қайди ҷойи кор, ё ягон ҳуҷҷате, ки онро иваз карда тавонад ва қобилияти пардохт кардани қарзро собит созад;- пешниҳод намудани рақами суратҳисоб мувофиқи Андозаи қарзе, ки ....