Соли нави мелодии 2018 муборак, дӯстони азиз!
01.01.2018 15:21
907
Соли нави мелодии 2018-ро ба ҳама муштариёни азизи сомонаи «Рӯзгор» муборакбод гуфта, барои онҳо дар соли нав пеш аз ҳама тани сиҳату рӯзгори хушу иқболи баланд орзумандем. Дуъо мекунем, ки Парвардигори азимушшаън дар соли нав барои ҳамаи мову Шумо, дӯстони азиз, хушҳоливу хушбахтӣ, комёбиву муваффақиятҳоро арзонӣ бидорад.
Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
27.12.2017 11:32
944
26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Москва омаданд.
Сафорати ИМА ба Хадамоти гумрук бинои нав тақдим намуд
24.12.2017 11:17
1028
21декабрисоли2017дар бинои Хадамоти гумруки шаҳри Душанбе, Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоибкалидҳои бинои нави хадамотро воқеъ ...
Боздид аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
11.12.2017 17:55
1003
Дар доираи сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.
Мулоқот бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз
11.12.2017 17:53
952
Имрӯз дар шаҳри Аммон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
10.12.2017 14:32
863
9 декабри соли 2017 дар рӯзи якуми сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти ин шаҳр баргузор шуд.
ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АРЧАИ АСОСИИ СОЛИНАВИИ МАМЛАКАТ УСТУВОР КАРДА ШУД
09.12.2017 12:34
894
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маркази майдони «Дӯстӣ», дар рӯ ба рӯи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохт.
Сурия аз террористони гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ» озод шуд
08.12.2017 12:25
895
Сурия аз террористони гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ» пурра озод карда шуд. Охирин террористони ин гуруҳ дар вилояти «Дайр- аз-Зор»-и ин кишвар несту нобуд карда шуданд. Дар ин бора дирӯз 7-уми декабри соли 2017 нахуст сардори Ситоди генералии Нирӯҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия генерали армия...
Шаби мусиқии ҷаз
26.11.2017 18:19
1116
Дар толори калони Консерваторияи миллӣ Шаби мусиқии ҷаз барпо шуд. Баҳоваддин Неъматов (писари Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов), устоди факултети эстрадаи Консерваторияи миллӣ консерти инфиродии худро баргузор намуд.
Рӯзи Парчами Миллӣ муборак бод, дӯстони азиз!
24.11.2017 11:34
1279
Дар Душанбеи азизи мо тайи беш аз 26 соли даврони соҳибистиқлолӣ иншоотҳои азими маъмуриву фарҳангӣ, илмӣ, фароғатӣ- тафреҳӣ, варзишӣ, соҳаи ҳифзи сиҳӣ ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд, ки симои пойтахти мо тоҷиконро сол то сол зебову дилработар карда истодаанд.
Воҳид Асрорӣ ва масъалаҳои филология ва журналистикаи тоҷик
06.11.2017 11:09
1194
Чунин ном дошт мавзӯи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалие, ки бахшида 100-солагии зодрӯзи Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессор В. М. Асрорӣ рӯзи (03.11.2017) дар толори маҷлисҳои бинои марказии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Афғонистон ишқ ва дарди ӯ буд
30.10.2017 14:19
992
Чанде пеш дар толори ба номи Шарифҷон Хусейнзодаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳии Миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии устоди зиндаёд, мутахассис ва олими варзида дар риштаи забону адабиёти пашту Савлатшоҳ Мерганов Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами фарҳангу адаби Афғонистон» баргузор гардид.
Даргузашти устоди бузургвор, профессор Худоӣ Шариф
30.10.2017 14:15
919
Бо таассуф иттилоъ гирифтем, ки чанд соат қабл устоди бузургвор, профессори Факултаи филологияи тоҷики ДМТ, олими забардасти тоҷик Худоӣ Шариф дар асари сактаи қалбӣ дар синни 80-солагӣ Доии аҷалро лаббайк гуфтаву ба ҷавори Ҳақ пайвастанд.
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори худ анҷом дод
28.10.2017 10:40
981
Дирӯз (27 ноябри соли 2017) Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба кори серӯзаи худ анҷом дод. Ба ин муносибат дар бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии он баргузор гардид.
Намоиши навбатии операи Комде ва Мадан
27.10.2017 11:05
1134
Рӯзи 24.10.2017, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ намоиши навбатии операи Комде ва Мадан баргузор гардид. Либреттои операи мазкурро дар асоси яке аз қиссаҳои маснавии «Ирфон»-и Абӯлмаъонӣ Абдулқодири Бедил «Комде ва Мадан» шоири маъруфи кишвар ...