Пурсишеву посухе: Бе узр хӯрдани рӯза гуноҳи кабира аст
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Як ҳамкорам дар айёми моҳи шарифи Рамазон бе узр рӯзаашро хӯрд. Вақте пурсидам, гуфт, ки кайфи нос хеле азиятам дод. Магар ин пазируфта аст?
Илҳомиддин Носиров, сокини Душанбе
Посухи суоли шуморо аз ҷавобҳои руҳонии саршиноси кишвар эшони Нуриддинҷон пайдо кардем, ки гумон мекунем хеле саривақтист.
"Бе узр хурдани рӯзаи моҳи Рамазон аз бузургтарин гуноҳони кабира аст. Зеро рӯза рукне аз аркони Ислом аст. Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси саҳеҳ мегуянд:"Ман дар хоб дӯзахро дидам (Хоби Паёмбарон ҳаққ аст ва ботил шуда наметавонад) ва ман ба назди қавме гузаштам, ки аз пойҳояшон кашоланд ва кунҷи даҳонашон дарида аз он хун ҷорист. Пас аз малоикаҳо пурсидам: инҳо киҳо ҳастанд? Гуфтанд: инҳо касоне ҳастанд, ки пеш аз вақти ифтор рузаҳояшонро мехӯранд." Ривояти Ибни Хузайма.
Вақте азоби касоне, ки пеш аз даромадани вақти ифтор рӯзҳояшонро мехӯранд чунин бошад, пас ҳоли касоне, ки аслан рӯза намегиранд чӣ аст? Имом Заҳабӣ дар китоби "Кабоир" дар ҳаққи рӯзахурҳо мегӯяд: "Назди мусалмонон муқаррар аст, ки шахсе, ки бе узри шаръӣ рузаашро мехурад ӯ бадтар аз зинокор ва арақнӯш аст. Балки мусалмонон дар имони ӯ шакк мекунанд." Дар мазҳаби мо барои касе, ки бе узр рӯзаашро мехӯрад як рӯз қазову ду моҳ каффора муайян кардаанд. Бинобарин касоне, ки бе узр рӯзашонро хӯрдаанд аз ин корашон тавба кунанд ва қазо ва кафорати рӯзҳои хурдаашонро адо кунанд.
Аз киштии Колумб метавон гуфт, вале ӯ кошифи Амрико нест
Хабаре хонда будам, ки шикастапораҳои киштие, ки ба Христофор Колумб, кошифи Амрико мансуб буд, ахиран пайдо шудааст. Оё ин дуруст аст?
Аъзамҷон Шукруллоев, Айнӣ
Бале, ахиран ин гуна иттилоъ пахш шуд. Муҳаққиқони амрикоӣ эълон карданд, ки шикастапораҳои киштии "Санта-Мария", ки дар он соли 1492 Христофор Колумб ба аввалин сафари худ ба қитъаи Амрикоро анҷом дода буд, пайдо кардаанд. Аммо дар мавриди он ки Амрикоро на Колумб, балки то ӯ аллакай мусалмонон кашф карда буданд, далелҳои раднашаванда дастрас шуааст. Ба дигар маънӣ, Колумб ҳаргиз кошифи қитъаи Амрико набудааст, ҳарчанд мегӯянд, ки он замон мехостааст роҳи хеле наздики баҳрӣ ба Осиёро пайдо кунад, вале вай Амрикоро кашф кардааст.
Аммо чун суоли хонанда дар бораи киштӣ аст, пас мегӯем, ки киштии "Санта-Мария" 25-уми декабри ҳамон сол ба соҳиле нишаст, ки ҳоло Ҳоитӣ номида мешавад. Колумб ба маллоҳонаш фармон дод, ки дар ин соҳил як бандар бунёд кунанд ва худ ҷониби Испания ҳаракат кард.
Бостоншиноси зериобӣ Барри Клиффорд мегӯяд, шикастапораҳое, ки ӯ ва ҳайати гуруҳаш дар соҳилҳои Ҳоитӣ пайдо кардаанд, мансуб ба киштии "Санта-Мария" мебошад. Ин киштии баъдан ғарқшударо соли 2003 пайдо карда буданд, вале он вақт касе тахмин намекард, ки он моли Колумб аст.
Ҳоло талош доранд боқимондаҳои ин киштии таърихирро аз қаъри об боло бардоранд ва мавриди омӯзишу пажуҳиш қарор диҳанд.
Оё медонед, ки ҳиндувони имрӯзаи Амрико аслан сибирианд?
Баҳс сари мансубияти ҳиндувони амрикоӣ ба қавмҳои мухталифи олам ҳамоно идома дорад. Ахиран тахмин карданд, ки онҳо аз Сибир рафтаанд. Чӣ метавон гуфт дар бораи ин иддао?
Шамсия Таваллоева, Душанбе
Дар ҳақиқат олимони мексикоӣ баъди як таҳқиқоти пурарзиш ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳиндувони имрӯзаи қитъаи Амрико аз Сибири имрӯза омадаанд. Онҳо баъди таҳқиқи ҷисми духтаре ба ин хулоса расидаанд, ки тақрибан 12-13 ҳазор сол пеш зиндагонӣ кардааст. Олимон ин духтарро шартан Найа номидаанд ва мегӯянд ва ба ғор ҷустуҷӯи об омадааст ва аз лағзиши по ба зер уфтодаву ҳалок шудааст. Ва чун яхҳо об шуданд, ғорро об пӯшонид.
Ба шарофати шароитҳои махсуси химиявӣ боқимондаҳои ҷасади духтар хеле хуб ҳифз шудаанд. Генетикҳо тавонистаанд ДНК-и аз склет ҷудошударо бисанҷанд ва онро бо ДНК-и ҳиндувони имрӯза ва баъзе халқҳои асосии Сибир муқоиса кунанд. Натиҷа он шудааст, ки ҳамаи онҳо мансуб ба як гуруҳи D1 мебошанд. Ба андешаи олимон ин мансубияти авлодии ягонаи онҳоро исбот мекунад.
Пилар Луна, директори кафедраи бостоншиносии зериобӣ мегӯяд дар ҳақиқат сокинони аввалини Амрико аз Сибир омадаанд, онҳо халиҷи Берингро убур карда, вориди ин қитъа шудаанд ва худро тадриҷан ба шароити он мувофиқ кардаанд.
Вале на ҳамаи олимон ва бостоншиносон ин хулосаро мепазиранд. Онҳо мегӯянд кашфиёти тоза он нуктаро рушан намекунад, ки пас чаро пӯсти ҳиндувон сурх аст.
Касе то ҳол намедонад, ки қабри Сервантес кадом аст
Оё дуруст аст, ки то ҳол дар Испания намедонанд нависандаи оламшумул Мигел де Сервантес Сааведра дар куҷо ба хок супурда шудааст?
Моҳниссо, донишҷӯ
Бале, дуруст аст. Адиби оламшумул, оне, ки ба ҷаҳониён аз сарнавишти Дон Кихоти Ламанчӣ қисса кард ва романи офаридаи ӯ дар ин бора барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст, гумном аст. То ба ҳол дар Испания намедонанд, ки нобиғаи давронро дар куҷо ба хок супурда буданд.
Аммо ҳамин авохир дар ватанаш Испания ба қароре омадаанд, ки ҷасадашро ҷустуҷӯ кунанд. Ба ин хотир онҳо ибодатгоҳи Ордени Сегонаи муқаддасро, ки дар маркази Мадрид воқеъ мебошад, мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор додаанд. Аз ин пештар васиятномаи адиби оламшумул дастрас шуда буд, ки хоҳиш мекард дар ҳамин ибодаткада ба хок супурда шавад. Зеро роҳиби ин калисо ӯро аз асорати корсарҳои Алҷазоир харида буд.
Аммо бо сабабҳои то ҳол номаълум замоне, ки Серватес ба хок супурда мешуд, касе ҳозир нашуд сари қабраш нишоне ва ё навиштаҷотеро насб кунад. Аз ин рӯ вақте калисоро бозсозӣ мекарданд, қабр гум шуд.
Агар олимон боқимондаҳои ҷасадро пайдо кунанд, пас хеле зуд мансубияти он ба Сервантесро ошкор хоҳанд кард. Нависанда дар охирҳои умри худ дар муҳорибаи назди Лепанто аз дасти чапаш шадидан захмӣ шуда буд.
Муаррих Фернандо де Прадо, ки аз ҷумлаи ҷӯяндагони Сервантес мебошад, мегӯяд "Испания билохира бояд хотираи ин адиби номварро пос дорад. "Вай падари адабиёти муосир, румони муосир аст. Мо соҳиби технология ва донише ҳастем, ки боқимондаҳои ҷасади ӯро пайдо кунем".
Мигел де Сервантес Сааведра дар синни 38-солагӣ шуҳрат касб кард. Аввалин қисми "Дон Кихот"-и ӯ соли 1604, замоне, ки 57-сола буд, аз чоп баромад. Роман барояш шуҳрат овард, вале на сарвату боигарӣ, ҳарчанд он на танҳо дар Испания, балки дар хориҷ аз он низ интишор ёфта буд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014
-
06.01.2026 20:25
668
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ
-
06.01.2026 20:24
666
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
831
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
26.09.2025 12:42
834
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1043
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1759
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
728
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
713
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
659
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
513
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1107
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2087
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
28.02.2026 22:48
217
«Таҳкими қонуният мароми мост!»
-
28.02.2026 22:44
219
«Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон»
-
11.02.2026 13:49
268
“Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ талаби замон аст!”
-
12.11.2025 14:38
718
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
966
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1318
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
673
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
986
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
944
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2073
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2135
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3114
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
18.05.2025 13:42
1653
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1698
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1643
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
21.11.2025 11:56
790
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
945
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
942
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1450
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1723
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1512
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
4117
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4299
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4679
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
834
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1181
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1167
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































