23:58:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сайфи нависандаро медонистам, аммо...

Ба ҳамаи хонандагони муҳтарами ҳафтаномаи "Рӯзгор" салом арз мекунем. Аз миёни зангҳои телефонии ҳафтаи сипаришуда аз гуфтугу бо Самариддин Холиқ, донишҷӯи соли сеюми донишгоҳи миллии Тоҷикистон мехоҳем ёд кунем, ки атрофи маҳфили "Ҳамешабаҳор"-и шоири хуби мо Хайрандеш изҳори назр мекард. Вай мегуфт, ки ба ин маҳфил аввалҳо ширкат мекард, вале на ҳамчун шоир, чун шеър наменависад, балки ҳамчун мухлиси шеър. "Шояд устод Хайрандеш ёд дошта бошанд ё фаромӯш карда бошанд, ки дар як баҳс баромад ҳам доштам. Вале фаромӯш карда бошанд, ҳам аҷабе надорад, чун ин хеле пеш буд",-гуфт ӯ.

sayf-afardi 21547878Аз назари Самариддин "Ҳамешабаҳор" дар айни замон ягона маҳфили ҳамешагӣ ва зиндаи шеър дар пойтахти кишвар аст, ки ҳар ҳафта ҷамъ меояд ва мебинад, ки аксари ширкаткунандагонашон ҷавононанд. Ба ӯ на ҳамаи шеърҳои дар саҳифаи "Рӯзгор" аз ин маҳфил интишорёфта писанд аст, вале мебинад, ки ҳатто хонандагони мактаб менависанд ва иддае хуб ҳам қаламронӣ мекунанд.

Самариддин пешниҳод кард, ки "Ҳамешабаҳор" бояд нашрияи худро дошта бошад. Агар чунин шавад, пас метавон гуфт, ки ин маҳфил хеле зиндатару бонуфузтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ Хайрандеш, ки аз уҳдаи таъсиси маҳфили  ҳамешагӣ баромадаст, аз ӯҳдаи ташкили органи чопӣ ҳам мебарояд. Вале ҳоло ки чунин нест, Самаридиин аз ҳамин саҳифаи "Рӯзгор" ҳам истиқбол мекунад.

Бо ташаккур ба хонандаи ҳамешагии "Рӯзгор" (чун эшон пештар ҳам дар ду мартиба дар мавридҳое андешаҳои хуби худро иброз дошта буданд) ба арзашон мераснонем, ки шоири арҷманди мо Хайрандеш, ки ҳоло ин навиштаҳоро мехонанд, ба ин масъала рушанӣ меандозанд ва имкони чопи нашрия доштан ё надоштани маҳфилро хоҳанд хоҳанд гуфт. Вале он чӣ мусаллам аст, он аст, ки барои таъсиси маҷалла ё рӯзномаву ҳафтанома қабл аз ҳар чизи дигар маблағ лозим аст. Агар маблағ бошад, нашри нашрия мушкил надорад. Шояд ҳамин бошад сабаби аслии бе оргони нашаротӣ будани маҳфили "Ҳамешабаҳор".

Муслима, мураббии кӯдакистон аз шаҳри Хуҷанд бар ин назар аст, ки мо дар масъалаҳои таълиму тарбия матлаб чоп намекунем, ҳол он ки таълим ҳам бахши фарҳанг аст. Эроди хонандаро қабул дорем ва хоҳем кӯшид сари ин масъала ҳам таваҷҷӯҳ дошта бошем.

Зайнаббибиҳои замон ҳам ба тарбияи фарзандон беэътиноянд

Манучеҳр, ки худро тоҷири бозори Корвон номид, аз мутолиаи асари устоди шодравон Мирсаид Миршакар"Султони дуздҳо" хуш шудааст ва мегӯяд, ки чӣ гуна аз хонаводаи як шахсияти маъруф ҷинояткор баромадааст. Замоне, ки донишҷӯ буд, дар пойтахти кишвар як иттиҳодияи калони дӯзандагӣ номи Зайнаббибӣ дошт, яке аз калонтарин кӯчаҳои шаҳр низ бо номи ӯ буд, ҳарчанд намедонад ҳоло ин кӯчаву ин иттиҳодия вуҷуд дорад ё не. Ҳатто дар мактаб ҳам аз ӯ ба унвони қаҳрамонзани шуҷоъ дарс мегуфтанд ва ситоиш мекарданд. Дар ҳақиқат бузургон баъзан чунон саргарми корҳои давлат мешаванд, ки барои тарбияи фарзандонашон вақт намеёбанд. Ин ҳолатро мо имрӯз ҳам мебинем ва касоне, ки шахсиятҳои калидӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мебошанд, фарзандони хуб надоранд ва овозаи баъзе аз онҳо дунёро гирифааст. Ба гуфтаи ин хонанда агар ба тарбия таваҷӯҳ нашавад, даҳҳо Зайнаббибии замон садҳо ҷинояткорро ба ҷомеа "туҳфа" мекунанд.

Сайфи нависандаро медонистам, аммо...

Сарвинози Самандар дар бораи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, адиби шинохта ва қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ хеле як номаи самимӣ унвонии "Рӯзгор" ирсол кардааст. Вай гуфтааст, ки омӯзгори адабиёт аст ва шояд қариб ҳамаи асарҳои чопшудаи Сайфи ғурамаргро хонда бошад. Аввалҳо ба мушкил мефаҳмид, вале баъд одат кард ба услуби нигорши адиб. Бахусус "Ситораҳои сари танӯр" ва "Аз доғҳо, аз доғҳо"-ро дуборӣ хондааст.

Сарвиноз аз сӯҳбат бо бонуи он хонадони арҷманд Зебо Афардӣ хеле чизҳои ҷолибро дар бораи адиб хондааст. Бахусус, итоати зан аз шавҳар. Сайф на мулло буд ва на таҳсилкардаи мактабҳои динӣ. Вале маълум мешавад медонистааст, ки дар хонадон итоати зан аз шавҳар то кадом ҳад муҳим аст. Бубинед Зебо чӣ мегӯяд: "...тақрибан шаш моҳ пеш аз вафоташ рӯзе сари миз, ки ҳарду нишаста будем, гуфт, ки "Медонӣ бурди ту дар зиндагӣ чист, Зебо? Дар он ки чизе ки ман гуфтам хуб гуфтӣ"...Сайф зиндагии инсонҳои дигарро хеле мушоҳида мекард ва аз онҳо ҳаёт меомӯхт. Сайф ҳамеша мегуфт: Ман хушбахтам, ки оила дорам. Ман хушбахтам, ки маро дар хона интизоранд...".

Ман то ин замон танҳо Сайфи нависандаро медонистам, аммо ҳоло аз як сӯҳбат бо ҳамсари марҳум асрори хонадориву муҳаббати хос ба хонавода доштани адиби дӯстдоштаамро донистам. Ман аҳсан мегӯям ба Зебо Афардӣ, ки вазифаи ҳамсари адиб буданро хуб тавонистааст иҷро кунад. Ман, ки худ омӯзгорам, дар ин бора зиёд хондаам. Дар бораи адибони тоҷик хеле кам медонам, вале Лев Толстойро бинед, ки ин қадар як нависандаи сатҳи ҷаҳонисту билохира аз ҳамсар норозӣ дунёро тарк гуфт.

Аз охирин рӯзҳои ҳаёти Сайф донистан мехоҳам

Аз сӯҳбати Зебо Афардӣ дар бораи Сайфи худораҳматӣ хеле чизҳои тоза хондам. Аммо бештар маро умедвор он суханони Зебо кард, ки мегӯяд: "Дар бораи ҳолати рӯҳии Сайф дар рӯзҳои охири ҳаёташ сухан гуфтан хоҳем, ин як сӯҳбати алоҳидаро тақозо дорад...". Бисёр мехостам ин суҳбатро хонам. Мехоҳам донам, ки адиби дӯстдоштаи мардум чӣ ҳолатҳои рӯҳиро аз сар гузаронидааст.

Ҳанӯз як ҷумла аз кадом асараш дар сарам чарх мезанад: "Ман бо хок иртибот гирифтам...". Ин аз ҷумлаи ҳамон асарҳое шояд бошад, ки чанд сол пеш аз маргаш навиштааст ва баъд хок, бӯи онро ситоиши аҷиби шоирона мекунад. Оре, асарҳои Сайф шоирона буданд, тасвирҳояш гоҳо қолаби шеърӣ ҳам доштанд. Адиб замоне дар бораи хок сӯҳбат мекунад, ки кас инсонеро тасаввур мекунад, ки чизи азиашро сахт пазмон шудааст.

Аз хок омадану боз хок шудан фалсафаи ҳамин зиндагӣ аст ва вақте ман ин сатрҳоро мехондам, Сайф аз олам рафта буд. Ёд надорам, ки санаи таълифи он кай буд. Вале яқинан ин ҳамон ҳолатҳои рӯҳии адиб аст, на чизи дигар. Аз ин рӯ хоҳишҳо доштам "Рӯзгор" ба сӯҳбати худ бо бону Афардӣ идома диҳад, то мо ҳам донем, ки Сайфи раҳматӣ чӣ ҳолатҳои равонӣ доштааст.

Азизуллоҳ, омӯзгори бознишаста, Кӯлоб

ӯзгор": Иншооллоҳ ин корро дар наздиктарин фурсат анҷом хоҳем дод ва гумон мекунем дар ҳақиқат на танҳо Азизуллоҳ, балки хонандагони дигар мо ҳам интизори интишори ин сӯҳбатанд. Мунтазир бошед.

Чаро дар бораи Зайд Саидов матлаб чоп намекунед?

Бо арзи салом ба Шумо кормандони рӯзномаи навтаъсиси "Рӯзгор". Ман шаҳрванди шаҳри Душанбе Шарофиддин Саидзода муроҷиат мекунам. Аз таъсиси рӯзномаи Шумо вақти на он қадар зиёд сипарӣ шудааст, аммо он дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи намоёнро ишғол кардааст.

Ман пайваста гузориш ва мусоҳибаҳои ҷолиби Шуморо бо шахсиятҳои машҳур мехонам ва хеле шод мешавам, вале дар баробари ин каме аз шумо норозӣ ҳам ҳастам, ба он хотир. ки имрӯз аксари нашрияҳои хусусӣ дар бораи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов маводҳои зиёде чоп мекунанд, аммо аз чӣ бошад, ки Шумо дар ин мавзуъ қариб, ки чизе наменависед. Бо он эҳтироме, ки ман ба рӯзномаи Шумо қоил ҳастам, хоҳиш мекунам, ки ин масъаларо ҳам пайгирӣ кунед.

ӯзгор": Эроди хонандаро қисман қабул дорем. Азбаски нашрияи мо фарҳангист, ба масоили баҳсбарангези судӣ, кашмакашҳои додгоҳӣ камтар таваҷҷӯҳ мекунем. Ҳар нашрия самти нигориши худро дорад ва мо ҳам инро риоя мекунем. Дар мавриди Зайд Саидов бошад, мо ахбори вобаста ба ӯро мунтазам чоп мекунем, танҳо чизе, ки интишор нашудааст, мақолаҳои таҳлилист. Ин гуна мақолаҳо дар аксари нашрияҳо интишор шудаанд ва намехоҳем такроран ба ин масъала, ки ҳоло анҷоми номуайян дорад, рӯ орем. Ҳоло, ки шумо назари худро ирсол кардаед, онро дар гӯшаи "Мактуби бетаҳрир" чоп мекунем.

Гиёҳдаромонӣ лозим, агар доруҳояш гарон набошанд

Табобати саратон бо гиёҳдармонӣ хеле матлаби хонданӣ буд. Мехостам "Рӯзгор" пайваста дар бораи тиб ва табобати бемориҳо матолиб чоп мекард. ИН дархости мост.Зеро баъзан гумон мекунам, ки илоҷи дарди мо дар тибби мардумист. Аммо мушкил ин ҷост, ки табибони мардумӣ дар Тоҷикистон шояд чандон муваффақ нестанд. Ҳарчанд Юсуф Нуралӣ барин профессорони варзида ҳам дорем.

Ман боре назди яке аз онҳо рафта будам. Исмашро ба забон намегирам, чун медонам, ки аз ҳақиқат ҳама меранҷанд. Ба ман ончунон доруву даво дод, ки арзишаш ба маротиб бештар аз арзиши доруи дорухонаҳо шуд. Рости гап, ман онро нагирифтам, чун пул надоштам. Вале ҳоло ҳам дилам кашол, ки агар мегирифтам, шояд шифо меёфтам. Аммо пулро аз куҷо ёбам, инаш мушкил.

Марҳабо, Вахш

Ҳасрати Майрам Исову дарди мо

Майрамбонуро хонда, ёдам ба гузашта рафт. Он кас ҳам ба назарам саҳрои пахтаро ёдкардаанд. Дар ҳақиқат мавсими пахтачинӣ бо вуҷуди баъзан азиятовар буданаш баъзе хусусятҳои хоси худро дошт. Ба назар мерасид мардум ва давлат сари як фикранд: зудтар ҷамъ овардани ҳосил ва оғоз кардан ба як зиндагии бофароғат дар зимистон. Гӯё то пахта ҷамъоварӣ намешуд, зимистон ҳам фаро намерасид. Анҷоми пахтачинӣ овои оғози зимистони сард буд. Мо шаҳриён ба деҳотиён кӯмак мекардем ва ҳарчанд баъзан сармо мехӯрдем, вале инро ҳамрайъӣ медонистем.

Аммо имрӯз ҳамон ҳам нест, ки шаҳриро бо деҳотиву деҳотиро бо шаҳрӣ наздик кунад. Аҷаб замоне шуд, ки ҳама танҳо дар ғами худ, ҳама дар фикри беҳбуди шароити хеш…

Ёрмуҳаммад, Ёвон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi