17:43:42 07-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳаҷвнигорон зиёданд, вале мо ба ҳаҷви Убайдулло Раҷаб ниёз дорем

Салом хонандагони азиз. Ин ҳафта ҳам чун ҳафтаҳои қабл зангҳои телфониву номаҳои ворида зиёд доштем ва ҳаҷми ин як саҳифа маҷоли ғунҷоиши он ҳамаро надорад. Умедворем дар шумораҳои баъдӣ бахши боқимондаро ҷо медиҳем. Ва боз умед ба он дорем, ки хонандагони нуктафаҳм ва ҳамаи онҳое, ки арзи матлаб карданд, аз он ки назароташон дар ин шумора рӯи чоп наёмад, намеранҷанд ва мунтазири шумораи дигар мемонанд.

Агар мардум ба театр наоянд, пас театр назди мардум равад

ubaydullo-rajabov 6565644Ман аз хеле пештар ҳам ба ин андеша будам, ки мардуми деҳот аз тамошои театр маҳруманд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан ҳама намоишномаҳои театрҳои кишвар аз тариқи телевизион пахш мешуданд. Вале ҳоло вазъ дигар аст. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки театрҳо спектаклҳои худро аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш дода наметавонанд ва агар ин бошад ҳам хеле кам ва аксар маврид намоишномаҳои қадимаанд. Шояд ин ҷо мушкилоти моливу пулӣ бошад? Аниқ гуфта наметавонам. Ва талевизионҳои давлатӣ ҳам бозори ҳаҷви сабукро гарм нигоҳ медоранд, ки ин хатар ба санъати суннатист.

Вале ман ҳамеша ҷонибдори он будам, ки мардум театрро шиносанд ва як роҳи ин ташкили сафарҳои ҳунарии ҳунармандон ба музофотҳост. Тасаввур кунед, ки аз пойтахт ба як ноҳияи дурдаст театри Лоҳутӣ меояд. Аввалан овозаи он кифоя аст, ки мардум ба тамошо шитобанд. Дуюм ин муаррифии санъат мешавад. Мо медонем, ки театрҳои мо саҳнаҳои фаҳшу фуҷур ва берун аз одоб надоранд ва ҳар он чӣ онҳо намоиш медиҳанд, бидуни шак ба мардуми музофотӣ писанд меояд. Зеро онҳо ташнаи ҳунаранд.

Аллакай "Рӯзгор" дар ин бора ду суҳбати ду ҳунарманди маъруф-Марям Исоева ва Асалбек Назриро чоп кард, ки ҳарду ҳамвора ба сафарҳои ҳунарии театрҳо таъкид мекунанд. Аммо ман мебинам, ки сафарҳои ҳунарӣ мушкилоти техникӣ доштаанд. Он чӣ Асалбек дар ин шумораи "Рӯзгор" гуфтааст, мисли як дардест, ки бояд даво пайдо кард. Пас ман инро нуқси на театр, балки вазорати фарҳанг ва ҳар ниҳоди дигаре медонам, ки театрҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Бинед, Асалбек аз он ки сафари ҳунарии бо мушкил ба Суғд доштаанд, шодӣ мекунад. Маълум мешавад, ки ҳунармандони мо мушкил надоранд, ки деҳоти дурдаст, назди мардум раванд. Мушкили онҳо мушкили техникӣ, ба мисли мошин, ҷойгир шудан дар меҳмонхона ва амсоли ин аст. Ҳатто аз шикастанафсӣ ҳунармандон ҳаққулзаҳмаи шоиста талаб намекунанд. Онҳо шоданд, ки ҳунарашон ба мардум расад. Ростӣ ман аз ин хеле руҳбаландам. Пас вазорати фарҳанг бояд роҳи ҳалли мушкилро пайдо кунад, то театр ба музофот, назди мардум равад.  

Шамсиддин Нуриддин, Хуҷанд, омӯзгор

Мо ба ҳаҷви Убайдулло Раҷаб ниёз дорем

Аз суҳбати Баҳман бо Асалбеки Назрӣ хеле чизҳои ҷолиб барои худ кашф кардам. Ман Асалбекро дӯст медорам, дар саҳна вақте нақш мебозад тахмин мекардам, ки инсони бекина ва хоксор аст. Ҳоло, ки суҳбаташро хондам, эътимодам дучанд шуд ва айнан ҳамонеро ёфтам, ки меандешидам.

Бубинед, вай нақши Труфалдиноро аз "Хизматгори ду хоҷа" бозидааст, худ то ҷое қаноатманд аст, вале вақте ҳамсуҳбаташ аз баҳои коргардон ва қаноатманд набудани ӯ суол мекунад, посух медиҳад, ки Барзу хубтар медонад. Ва Асалбек аз сӯе бо ин кораш ба ҳунари коргардонии Барзу Абдураззоқов, ки бешак як ҳунарманди ҳирфаӣ аст, эҳтиром қоил мешавад ва аз сӯи дигар мегӯяд, ки ин нақшро бояд ҷавоне чусту чолок офарад ва дар синну солаш вай шояд наметавонист орзуи коргардонро бароварда созад.

Хеле хуб аст. Ман Асалбек Назриро танҳо аз ҳунарнамоияш дар саҳна мешиносам, ҳамроҳаш ақалан ягон бор дастӣ салом ҳам накардаам. Вале мисли дигарон бароям наздик аст, дарк мекунам, ки ҳунарманди касбист ва чуноне худаш мегӯяд, муддати сӣ солу сиюпанҷ сол аст, ки ҳунарнамоӣ мекунад ва хеле аз актёрони пухта ҳам ҳаст. Аммо он ки мехоҳад дар театр саҳнаҳои касбии ҳаҷвӣ бошанд, қабул дорам. Ман баъди Убайдулло Раҷабов дигар саҳнаи касбии ҳаҷвро дар Тоҷикистон намешиносам. Ҳамаи он чӣ мо аз тариқи телевизион мебинем, дар пояи ҳаҷви Убайдулло нестанд. Вале то ҷое муваффақҳо низ, мисли "Лаҳзаҳои гуворо" ва Аловиддин ҳастанд. Аммо бо вуҷуди кӯшишҳояшон ба гумонам ҳоло ҳам ба сатҳи Убайдулло Раҷаб нарасидаанд. 

Амриддин Шодиев, аспирант

Одам (а) будани Бурхи Валиро қабул надорам

Муҳтарами Ҳотам донишманди хуб аст, ки таҳқиқоти арзишманди таърихӣ дорад. Аммо шигифтии ман дар дигар чиз аст. Вай шояд даъво дорад, ки ҳазарти Бурхи Валӣ ҳамон ҳазрати Одам (а) аст. Қабул надорам. Намедонам чаро, вале ақлам қабул надорад. То ин замон дар ин бора ишорае ҳатто набуд. Ман сарнавишти аксари Пайғамбаронро медонам, хондаам шунидаам. Аммо шабоҳати Одам (а) бо Бурхи Валиро надидаам. Ва дар ҳамаи мақолоту китобҳое, ки ман хондаму медонам, Бурх дӯсти Худо омадааст, на пайғамбари Худо. Вале боз кӣ медонад. Илм агар исбот кунад, мо чӣ ҳам гуфта метавонем?

Ҳоҷӣ Шамсиддини Вахшӣ

Помир ганҷи нуҳуфта

Ин қаламрави аз хоки аҷдодии мо як ганҷи хобида ва маъхази бузурги муаммои таърихи башар аст. Ман тахмин мекардам, ҳарчанд дар бораи он хеле кам медонам. Ман мақолаи ёдкардаи Муҳтарам Ҳотамро дар "Ҷумҳурият" хонда будам. Ҳоло, ки  "Рӯзгор"  тасмим гирифтааст онро дар шакли пурра чоп чоп кунад, истиқбол мекунам.

Ростӣ, ман фишурдачопкунии нашрияҳоро хуш надорам. Фишурда мегӯянду як чизое чоп мекнанд, сару нуг надорад. Пажуҳиш комил чоп шавад аҷаб хуб аст, ки одам медонад чӣ будаасту чӣ шудааст. Аммо забони Муҳтарами Ҳотам забони илм аст ва шояд доираи хонандагонаш дар "Рӯзгор" ҳам олимону пажуҳишгарон гарданд. Барои ман, ки кори илмӣ накардаву асари илмӣ нахондаам, мушкил аст фаҳмиданаш. Аз ин рӯӯзгор" ба соддагии забон ва шарҳи поварақи истилоҳоти овардашуда таваҷҷуҳ кунад хуб мешавад, ки доираи хонандагонаш афзоянд.

Куксултон Шоҳинҷонова, Рӯшон

"Асҳоби Каҳф" ҳам ба охир расид

Қиссаи Асҳоби қаҳф дар таҳияи Абдушарифи Боқизода ба анҷом расид. Ростӣ хеле нуктаҳои ҷолибро аз он донистам. Мақолаи хуб буд, соддаву равон ва ба дарки ҳама муносиб ташаккур ба "Рӯзгор", ки ин гуна мақолаҳои арзишманди илмӣ чоп мекунад.

 Ман ин қиссаро афсонасон хонда будам, вале ҳоло дарк кардам, ки қиссаи қуръонӣ илман ҳам пажуҳиш шудаву ҳикматҳои илоҳиро илми замона ошкор кардааст. Ин басо муҳим аст, вақте инсон аз олами афсона ба дунёи илм ворид мешавад ва дармеёбад, ки ҳикмати илоҳӣ афсона набуда, реша ва асоси қавии илмӣ дорад. Ва ин муҳаббати бандаро ба Офаридгораш дучанд мекунад.

Бисёр мехостам ин гуна пажуҳишҳо дар бораи асҳоби дигар, ки зикрашон дар Қуръони Карим омадааст, мақолаҳо бихонам.

Моҳшариф Бақоева, Ваҳдат

ӯзгор": Ташаккур ба хонандаи азиз барои таваҷҷуҳашон. Мо ин хоҳиши шуморо ба муаллифи мақолаи "Асҳоби каҳф" расондем ва як мақолаи дигари  эшон бо номи "Азҳоби ухдуд" омодаи нашр аст, ки дар фурсати муносиб чоп мекунем ва хоҳед хонд. Ва баъдан ҳам ин силсила идома хоҳад ёфт. Мунтазир бошед ва пайгирӣ кунед.

Системаи маориф ба тағйирот ниёз дорад

Мехостам атрофи мақолаи "Математика, мактаб ва рӯзгор" андешаҳоямро нависам. Дар ин мақола суҳбат хело ҷолиб рафтааст, аммо чизеро таъриф кардан ва чизи дигареро танқид кардан бад аст. Имрӯз гунаҳгор на муаллими математика ҳасту на олими он, балки сатҳи тафаккури мардум он лаҳза ба бузургии математика ва ё фанҳои дақиқ боло меравад, ки чун ҷомеаи дигар мамолики ҷаҳон хоҳ шарқ бошад хоҳ ғарб, аз барномаҳои давлатӣ барои пешбурд ва такмили фанҳои гуногун вобастагии зиёд дорад.

Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик ҳаминро мегӯям,ки математика ин "шоҳи" фанҳост аммо барои шоҳи пурқувват афсарони ҷонфидо ва сипаҳсолорони беназир лозим аст. Ман қотеъона мугӯям, ки забон ин сарчашмаи ҳамаи донишҳои умумибашарӣ буду ҳаст ва мемонад. Шоирӣ ин вориси паёмбарист чун дар ҳар давру замон мардумон ба панд ниёзманданд.

Синову Хайём ҳарду дар аввал Қуръону ҳадис илми баён омӯхта, сипас, дар омӯзиш ва пешбурди илмҳои тиббу риёзиёт кашфиётҳои нодире карданд. Ҳамаи ин корномаҳои ин бузургмардон на танҳо барои тоҷику Тоҷикстони буд, балки хидмате буд дар илми башар. Бояд ин ҷо чизи дигарро қайд намоем, ки бо маориф ва фарҳанги техникии яксола коре ҳам кардан душвор аст ин равандро бояд давом дод. 

Биёед умумигӯӣ ва муқоисаҳои олими математик ва шоирро як сӯ гузошта, ба роҳи ҳалли мушкилоти таълими математика ва дигар фанҳои дақиқ дар Тоҷикистон ҳарф занем. Андеша кунем, ки бо шаш моҳ барқ ба хонандагони мактаб чӣ гуна дарси техналогияи информатсионӣ баргузор намоем. Роҳҳои усули таълими математикаро ба ҷомеи муосир мутобиқ намоем? Дар  мактабҳои Тоҷикистон, ки муаллимонашон муҳоҷири меҳнатӣ шуданд ва махсусан устодони фанҳои дақиқ, ки дар бисёр мактабҳо намерасанд, чорае биҷӯем. Барои дастгирии устодони ҷавону лаёқатманди тоҷик як кӯмаке намоем, ки онҳо ба пешаи омӯзгорӣ дилгарм шаванд.

Бо ин музди меҳнате, ки имрӯз муаллим дорад ва ҳар соат ба ҷуз аз фишори шуъбаи маорифу директорони "меҳрубон" дастгирии дигаре надорад, аз тафаккури математиккунонии ҷомеи башарӣ ҳарф задан баробари он аст, ки касе китобро ба об партояд. Хулоса аввал муаллимини мактаби умумӣ ва донишгоҳҳои омӯзгориро бо моҳонаи шоиста таъмин бояд сохт. Дуюм, ба онҳо имкониятҳои рӯзгори хубро бояд фароҳам овард. Сеюм, китобҳои таълимии математикаро бо тағйироту иловаҳо аз нав нашр бояд сохт. Чорум, дастурамалҳои таълимии фанҳои дақиқро бо назардошти замони муосир омода ва чоп бояд намуд. Панҷум, косепсияи омӯзиши фанҳои дақиқро қабул бояд кард.

Шашум, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Русия ва дигар мамолики ҷахон бо истифода аз маблағҳои грантӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба тағйироти самти таҳсили фанҳои дақиқ ташкил карда шавад. Ҳафтум, маркази инновасионӣ ва пешбурди фанҳои дақиқ дар назди вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ташкил карда шавад. Ва ниҳоят ҳаштум, Консепсияро на бо маъруза ва маълумоти оморӣ, балки бо дастовардҳои умумимиллӣ ва ҷаҳонӣ бояд пеш бурд. Шукрона, ки сиёсати маорифи кишвар хуб аст, аммо бо вуҷуди ин он ба тағйироти куллӣ ниёз дорад.

Азимпури Зарафшонӣ, Душанбе

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi