Санъати тоҷиконро на бегонагон, балки худиҳо бояд рушд диҳад
Ба хонандагони азизи ҳафтаномаи "Рӯзгор" салом арз мекунем. Мову шумо ба дуюмин моҳи соли 2014 ворид шудем. Моҳе, ки аз оғозаш бо сардӣ сабри мардуми моро мехоҳад бисанҷад. Сардии ғайриинтизор хонаҳои мардумро сардтар кард. Бахусус, дар манотиқе, ки реҷаи истифодаи неруи барқ ҳоким аст, ҳолати вазнин болои мардум омад.
Инро дарк мекунем, ба ҳамаи онҳое, ки шикоят аз сармову бебарқӣ доранд, ҳамовозем. Ин миллат бояд шоистаи зиндагии хуб бошад ва ҳукумат бояд ва вазифадор аст коре бикунад, ки хонаҳои сокинонаш дар сармо гарм бошад. Ин давлату ин ҳукумат бояд ҳама кори мумкинро анҷом диҳад, то мушкили энержии мардум ҳаллу фасл шавад.
Дар ин шумора мо кӯшидем тибқи маслиҳату машварати хонандагонамон баъзе навовариҳо ҷорӣ кунем. Аз ин ба баъд беш аз ним саҳифа тақвими ҳафта хоҳем дошт. Яъне, дар 7 рӯзи оянда киҳо зодрӯз доранду онҳо кистанд, аз саҳифаи "Рӯзгор" метавонед пайдо кунед ва ба табрикашон шитобед. Ва дар камтар аз ними дигари ин саҳифа мо тозатарин ахбори фарҳангии оламро ҷо додем. Мо тасмим гирифтем беҳтарину ҷолибтарин ахбори фарҳангии ҷаҳонро гирд оварем ва ба мутолиаи хонандагони худ вогузорем. Умед аст ин тасмим мақбули азизони хонанда хоҳад шуд.
Саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда" дар ҳамин шакл боқӣ мемонад, танҳо хоҳем кӯшид номаҳои расидаро мухтасар орем, то мактубу мазмуни зангҳои телефонӣ бештар ҷо гиранд. Чун хонандагони зиёд нома менависанд, вале аз сабаби муфассал будани баъзе мактубҳо мо наметавонем ҳаддиақал беш аз ними онҳоро дар саҳифа ҷо диҳем.
Ҳамзамон бо ин тасмим гирифтем, ки баъзе номаҳои муфассал, ки дарди замон доранд ва ё ба ин ё он масъалаи муҳими ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ё фарҳангӣ бахшида шудаанд, дар гӯшаи "Номаҳои бетаҳрир" ҷо гиранд. Ба дигар маънӣ мо иртибот бо хонандаро басо муҳим медонем ва хоҳиш мекунем бо мо бештар дар иртибот бошед.
Ҳоло гузарем ба номаҳо:
Соати вайрона чӣ ҳикмат дошта метавонад?
Мақолаҳо ва суҳбатҳои ин шумораи "Рӯзгор" ба назарам чун дигар шумораҳояш дилкашу хонданӣ буданд. Вале таваҷҷуҳи маро мақолаи хеле хурдакаки он "Соати хуфтаи Душанбешаҳрро бедор бояд кард ё..." бештар ба худ ҷалб намуд. Ростӣ ин масъалаи хеле муҳим аст, ҳарчанд назарногир менамояд. Соате, ки дар борааш сухан меравад, барои сокинони пойтахт мисли як ёдгории таърихист.
Аз рӯзе, ки худро мешиносам, ин соатро мебинам. Он замон ман дар корхонаи пӯст кор мекардам ва ҳар субҳу шом аз маҳалли автобазаи сеюм то коргоҳ ва аз он ҷо ба хона ин соатро медидам. Он ҳамеша гардон буд, бори хобиданашро надидам. Ин соати айёми ҷавонии ман ва ҳазорҳо чун ман имрӯз хобиду касе онро бедор намекунад. Муаллифи мақолаи "Рӯзгор" мепурсад, ки шояд ҳикмате бошад, ки мо намедонем. Охир соати вайрона чӣ ҳикмат дошта метавонад. Танҳо бемасъулиятиву бетаваҷҷуҳии роҳбарон аст, на чизи дигар.
Аммо ин ягона соати хобида нест, дар пойтахт соатҳои наве низ ҳастанд, ки умри 6 ё 8-сола доранд, аммо бо гузашти ҳамагӣ ду ё се сол хобиданду ҳоло чун экспонати нолозим дар ҳар гӯша кашоланд.
Имомиддин Зариф, сокини пойтахт
"Рӯзгор" саҳифаи шеъру шоир дошта бошад
Шикояти бонуи ҳунар Шаҳрияи Аҳтамро дуруст меҳисобам. Ман ошиқи шеърам, аммо зӯри китобхарӣ надорам. Китобҳо хеле гаронанд. Ҳатто бо пули Президент чоп мешаванду аз гаронӣ метарсед, ки варақ занед. Чаро чунин бошад? Пулашро-ку Президент пардохт мекардааст, вале нархаш чаро дандоншикан?
Нашрияҳо дигар шеър чоп намекунанд, ман бо истифода аз фурсат аз "Рӯзгор" даъват мекунам, ки чун "Нигоҳ" саҳифаи шеър боз кунанд. Ва исмашро ҳам пешниҳод мекунам: "Шеър дар "Рӯзгор".
Мусиқӣ ва Ислом
Мо дар ин бора мақолаҳои зиёд хондаему шунидаем. Баъзеҳо мусиқиро ҳаром медонанд ва аз шунидани он худро канор мегиранд. Баъзеи дигар мегӯянд шунавед мусиқирову сурудро, вале на ба ҳадде, ки ҷунунӣ шавед.
Дар сислисилаи "Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил" ин бор назари ӯро дар бораи мусиқиву суруд хондем. Имом мисли бунёдгароҳои мо мусиқиро хуш надоштааст. Аммо баъди ба дарки он расидан мекӯшидаст на танҳо монеъ нашавад, балки иҷозат диҳад, ки шунаванду сароянд. Пас боварам боз ҳам қавӣ шуд, ки манъи мусиқиву суруд талоши беҳудаи баъзе касони бегонапараст аст. Инсон наметавонад бидуни мусиқӣ бошад. Бинед дар ин як порча аз рӯзгори Ҳоҷӣ Мурод, ки вақте фотеҳ аз ҷанг бо русҳо бармегашт, чашмаш ба ду сарбози рус меуфтад, ки гирди гулхан нишаста оромона суруд мехонданд. Аз як сарбози худ мепурсад, ки онҳо чӣ мехонанд, посух додааст, ки дар бораи модар ва ватани дурмондаашон мехонанд. Ҳоҷӣ Мурод бо овози паст гуфтааст: "Ин одамон душман нестанд. Онҳоро ором монед. Бигзор онҳо суруди модарро хонанд".
Агар мусиқӣ ин гуна таъсири равонӣ дошта бошад, пас чаро онро нашнавем?
Бобосалом Муродов
Барзу рафту вазорат бепарвост
Худсафедкунии вазорати фарҳанг дар мавриди Барзу Абдураззоқовро қабул надорам. Ба ҳич ваҷҳ бояд иҷозат дода намешуд, ки Барзу кишварро тарк кунад. Ӯ як ҳунарманди воқеъан нотакрор аст. Чӣ гуна метавон шахсияте ҳамчу Барзуро дар саҳнаи театрҳои кишвар танг кард, вале аз дигар мамолик коргардон даъват намуд? Намешуд, ки ҳамон фонди Пиров мегуфтаро ба Қурбон Собиру Барзу Абдураззоқ ва дигар нафарон диҳанду озодии бештари эҷодӣ, ки кор кунанд. Шахси аз берун омада минталитети моро то дарк мекунад, ки ними қарордодаш мегузарад. Вале ман ҳатто бовар надорам, ки Тоҷикистон ба он ҳад сарватманд бошад, ки ба рои рушди санъаташ аз берун одам оварда тавонад. Ба як ҳунарманди машҳур Ҳошим Гадо хона дода наметавонанду… Кадрҳои маҳаллиро парвариш кардан даркор. Ва баъд: санъати тоҷиконро на бегонагон, балки худиҳо бояд рушд диҳанд.
Барзу на як, балки чандин спектакл монд, ки монеъ шуданд, нагузоштанд, ки амал кунад. Ин гапи нав нест, инро бисёриҳо расман дар матбуот гуфтаанд. Пас бояд коре кард, ки пайроҳаи Барзуро дигарон тай накунанд.
Одил Бобоев, донишҷӯ
Муҳтарами Ҳотам таҳқиқоти пурарзиш анҷом додааст
Ман идомаи мақолаи Муҳтарами Ҳотам "Устураи Помир"-ро хондам. Дар ҳақиқат таҳқиқоти арзишманд. Вале саволҳои зиёд дорад. Агар Одам (а) будани Бурхи Валӣ даъво шавад, шахсан ман ин ҷо ҳич далели қотеъи исботшударо намебинам. Бурхи Валӣ дар ҳамаи сарчашмаҳо чун уммати ҳазрати Мусо омадааст. Ва дигар ин ки Одам (а) аввалин инсонест, ки баъди сохта шуданаш дар биҳишт буду аз он бо ҷуфташ ронда гардид. Яъне, то ӯ Одам дигар набуд. Вале Бурхи Валиро мо дар муколама бо мардум мебинем. Пас чӣ гуна метавонад аввалин одам бо мардуми зиёд муколама кунад ва ӯро ҳазрати Мусои калим дарёбад.
Аммо худи пажуҳиш хеле олист. Олимона ва бо далоили васеъ макони нузули ҳазрати Одамро нишон додааст. Маълум, ки муаллиф хеле мутолиа кардаст ва хеле огоҳӣ аз маъхазҳои илмӣ дорад.
"Бароям гиря кун имшаб..."
Ин як таронаи дӯстдоштаи ман аст, ки Аҳмад Зоҳир месорояд. Ҳар боре аз ишқи аввалам ёдам ояд, ин таронаро замзама мекунам ва дардам сабук мешавад. Ин тарона сарнавишти маро ҳам дар бар мегирад ва матни он комил як пора аз рӯзгори ман аст. Шояд аз он азиз аст, ки вақте аз ёр ҷудо мешудам, Аҳмад Зоҳир ин таронаро дар як гӯшаи хилвати хонаи ман месуруд ва маро ба худ мекашид. Онро такрор ба такрор мемондам ва гӯш мекардам ва дар натиҷа он инъикосгари як лаҳзаи муҳими ҳаёти ман шуд.
Аз шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хондам, ки он моли Иқбол Раҳбари Тухӣ будааст. Мунтазир мемонам, то дар бораи ин таронаи дӯстдоштаам бихонам.
Сайида Боронова, Душанбе
Шарора ҳамоно захмҳо дар дил дорад
Хуб шуд, ки аз фоҷеаи Шарора ёд кардед. Ман он шаб иттифоқан дар ҳамон деҳа меҳмон будам ва ҳамаро комил ёд дорам. Касе аз пайвандони ман талаф нашуд, шукри Худо. Вале аммаам захмӣ гашт. Сараш дергоҳ дард мекард ва баъди тақрибан шаш сол аз олам бирафт. Намедонам натиҷаи ҳамон заминҷунбӣ буд, ё чизи дигар.
Хонаи онҳо дуртар аз макони резиши теппаи хокӣ буд, аммо деворҳои ҳавлӣ комилан чаппагардон шуданд ва моро лозим омад онро дубора рост кунем. Вале язнаам дигар зистан дар Шарораро хавф донист ва кӯчида шаҳр омад ва ҳоло зиндагии хуб дорад.
Ман ҳоло ҳам рафтуомад дорам. Баъди гузашти 25 сол мебинам, ки бо вуҷуди ҳушдорҳо мардум боз зери ҳамон теппаи фалокатбор хона кардаанд. Каме поинтар аз қабристон. Худо нигаҳбонашон бошад, лекин чӣ ҳам кунанд, ки замингириву хонасозӣ мушкил аст. Аз ночорӣ он ҷо боз хона сохтанд ва ҳоло зиндагӣ доранд.
Аъзамбек, Ҳисор
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
214
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?