Ваҳдати имсоли мо ноаён гузашт
Дуруд ба ҳамаи хонандагони арҷманди "Рӯзгор". Аввалин даҳаи моҳи шарифи Рамазон ҳам ба анҷом расид ва рӯзадорон баъди тоату ибодатҳое, ки умед мекунем аз ҷониби Худованди меҳрубони пазируфта шуда бошад, аз даҳаи раҳмат вориди даҳаи Мағфират шуданд. Хушо ба ҳоли онҳое, ки шабҳоро дар намозу рӯзҳоро ба рӯза ва зикр пушти сар мегузоранд.
Дар ин ду ҳафта мо зангҳои телефонии зиёд доштем, аз ҷумла аз хонандаи ҳамешагии худ Муҳаммадраҷаб, аз Сабина Расулова, Ибодат Мирзоева, Ғуломшариф Таваллоев, Эҳсоҷони Сабур, Олимхуҷа, Нормуҳаммад Азизмурод, Шаҳло, Ноиб Шеров, Саломиддин Мирзоев, ҳоҷӣ Лутфуллоҳ, модари азиз Азизмоҳ, Муҳаммадназар Исломиддинзода, Анушервон, Садорат, Истадой, бобои Ниёзбек ва боз чанд нафари дигарон, ки атрофи масоили зиндагӣ, матолиби "Рӯзгор" андешаронӣ мекарданд. Дар мавридҳои муносиб суҳбати онҳо истифода хоҳад шуд.
Дар ин ду ҳафта бештари касоне, ки занг заданд ва бо мо дар тамос шуданд, аз болоравии нархи меваву сабзавот ва гӯшт дар бозорҳои кишвар дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ҳарф заданд ва изҳори нигаронӣ карданд. Зоҳиран шаҳрдорӣ ва ҳатто Президент аз чунин ҳол хеле нигарон буданд ва мардумро ба инсофу диёнат даъват мекарданд. Вале ҳоло ҳам гумон аст гуфта шавад, ки шаҳрдории пойтахт дар талошҳояш муваффақ будааст, гарчанде дида мешавад, ки назорати бозорҳо ҷиддан идома дорад. Аммо хонандаву шунаванда назари худро дорад ва онро мегӯяду менависад. Чуноне дар номаи зер мехонем:
Тоҷиру давлат бо ҳам бояд талош кунанд
Моҳи шарифи Рамазон аст, моҳи муборак ва моҳи баракату нусрат. Мехоҳам ҳама бандаҳои муъминро ба ин муносибат муборакбод кунам. Бахсус, барои мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ки ин рӯзҳои гарми тобистон бо вуҷуди нарху навои гарони бозорҳо бе хастагӣ ва бо шукронаи Аллоҳ рӯзадоранд, муборак бошад.
Ростӣ ба бозор меравам ва нарху наворо мебинаму дилам сард мешавад, чун пуле, ки дар ҷайб дорам, ҳич мувофиқи нархи бозор нест. Аммо боз меандешам, ки намешавад инсофро фақат масъулияти бозорнишин донем. Давлат чӣ кор кард? Агар ҳамин бозорнишинҳо набошанд, ин давлати мо бо оморҳои дурӯғини вазорати кишоварзиаш чӣ мекарда бошад? Дар омор ҳама сад, дар бозор чизе нест? Ҳамин тавр?
Ва боз: оё наметавонад давлат ба хотири раҳми мардум хӯрдан як моҳ бозорнишинонро аз баъзе андозҳо озод кунад? Намекунад, зеро медонад, ки аз ин зарар мебинад. Аммо мехоҳад ҳотамӣ аз ҳисоби тоҷир бошад. Ин магар адолат аст? Ҳамон адолате, ки Ислом аз мардум талаб дорад, аз давлат ҳам тақозо мекунад.
Ҳоҷӣ Абдуллоҳи Назар
Ваҳдате, ки ноаён гузашт
Рӯзи Ваҳдат ҳам гузашт. Ва гумон мекунам имсол ноаёнтар аз солҳои қабл гузашт. Ба ғайр аз шӯру шари дурӯғини барномаҳои якрангу якнавохти шабакаҳои телевизионии кишвар, мо аслан надонистем, ки ин рӯз буд ё на.
Ман имсол ҳам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстонамро ба ин муносибат табрик кардам. Аммо медонед чӣ мушоҳида кардам? Аҷиб: аз 26 нафаре, ки табрикот ирсол кардам, танҳо 3 нафар "ба шумо низ" гуфта посух ироа намуданд. 23 нафари дигар суол карданд: Кадом Ваҳдат?
Ин хеле ба даст. Бо гузашти 17 сол мардум ҳисс мекунанд, ки он ваҳдате, ки мегуфтем, нишоне аз он нест. Танҳо дар забон аст, танҳо дар барномаҳои радио ва телевизиони давлат аст. Ин хеле дилсардкунанда аст, ин хеле руҳияи инсонҳоро мешиканад. Ман агар навиштаи дӯстонро якояк ин ҷо орам, ҳам сухан дароз мешавад ва ҳам инсонҳо меранҷанд. Вале дилшикаста кардани мардум хуб нест ва оқибат ҳам надорад. Бигзор кор тавре мебуд, ки ҳама баробар шодӣ мекарданд, бигзор ҳамон ду сангари 17 соли пеш бо ҳам бори дигар якҷо менишастанд, то мардум бубинанд, ки воқеан давлати мо ба сулҳу ваҳдат эҳтиром дорад. Аммо ҳоло кор тавре шудаст, ки намедонем кӣ бо кӣ сулҳ карда буд.
Азизамоҳ Сайдалӣ
Аҳсан ба паҳлавонон
Зиҳӣ паҳлавон Расул Боқиев. Ин саҳифаро хонда, хеле хурсанд шудам. Ташаккур ба "Рӯзгор". Расул Боқиев сазовори ҳар гуна эҳтиром аст. Ҷавонмарди паҳлавон, вале хеле фурутану хоксор ва дорои ахлоқи писандида. Ва ин оилаи паҳлавонон, ки падараш ва бародаронаш ҳам паҳлавонанд, соҳиби мактаби ҳунарии авлодӣ мебошанд. Аз он хуш шудам, ки ҳоло дар мактаби паҳлавонии онҳо қариб 100 нафар зери назари бародараш Рустам тамрин мекардаанд. Инҳо чароғи паҳлавонии авлодиро намегузоранд хомӯш шавад.
Озар Алиев, варзишкор
Дархостамро пазиред
Мехостам дар моҳи шарифи Рамазон "Рӯзгор" бештар дар бораи фазилатҳои ин моҳи шариф нависад. Ҳадисҳое, ки овардед, касро руҳбаланд ва болидахотиру меҳрашро ба Рамазон, эътиқодашро ба намозу рӯза афзун месозад.
Дар куҷое хонда будам, ки ёдам рафт: "Таҳорат - нест, рӯза - нест, закот - нест, ҳаҷ - нест, зикр - нест, амали хайр - нест, адаб - нест. Боз даъвои онро мекунанд, ки ман содиқам ва дилам тоза аст. Охир ту ба холиқи худ содиқ набошӣ, ба бандааш чӣ гуна содиқ мешавӣ? Чӣ гуна суханат эътимоднок аст"?
Низорамоҳ Олимӣ
"Рӯзгор" дар ду ҳафта, вале тақвим дар як ҳафта. Чаро?
Муҳтарам кормандони ҳафтаномаи "Рӯзгор". Ба гумонам шумо акнун моҳе ду маротиба чоп мешавед. Ва агар чунин аст, бояд мавлудномаи саҳифаи 13 низ бояд ду ҳафтаро дар бар гирад. Чун дар миён як ҳафта мо дониста наметонем, ки кӣ зодрӯз дошт. Ҳол он ки ин кори шумо, яъне чопи тақвими зодрӯзи шахсиятҳои хеле хуб ва мувофиқи табъи дили мост. Баъзан инсонҳоеро меёбем, ки мешиносем, вале намедонем кай таваллуд шудаанд.
Аз ин рӯ эҳтиромона хоҳиш мекардам тақвими мавлуди ду ҳафтаро чоп кунед.
Саломиддин Хоҷаев, унвонҷӯ
Ташаккур барои ёди устод Халилӣ
Замони ҳиҷрат дар Афғонистон девони устод Халилулоҳи Халилиро пайдо кардам ва саропо зери нури шамъ онро дубораву себора хондам. Аҷаб шоири тавоно ва аҷаб марди донишманде будааст устод. Ин аввалин китобе буд, ки дар Афғонистон хондам, баъди он маҷмуъаи ашъори Бориқ Шафеъиро ёфтам ва хондам, қиссаву ҳикояҳо аз адибони муосир, вале он замон паҳну парешони Афғонистонро хондам.
Ҳоло, ки як саҳифа аз ашъори устод Халилӣ дар "Рӯзгор" дар таҳияи Савлатшоҳи Мерган хондам, ёдам он рӯзҳо расиданд, ки ман зери хаймаву даруни хонаҳои гилин, рӯзона зери шуои офтобу шабонгаҳ нури шамъ ва чароғи пилта девони устод Халилӣ мехондам ва замзама мекардам:
Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд,
Бар кишвари хунинкафанон дар накушояд…
Шояд иштибоҳ навишта бошам. Ба ҳар ҳол мисраҳое буданд, ки рӯҳияи моро ҳам ифода мекарданд. Гӯё он замон мову афғонҳо ҳамин як сарнавишт доштем.
Талабшоҳ Мусозода, Бохтар
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
215
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?