Сад фарди маъруф
Хонандаи азизи "Рӯзгор", мо аз ин шумора ба баъд як силсила матлаберо ба табъ мерасонем, ки мундариҷаи он сирф нуқтаи назари шахсии муаллифонро ифода мекунад ва дар баъзе мавридҳо он шояд ҳатто хилофи фикру андешаи ҳайати эҷодии ҳафтанома низ бошад. Мо ин маводро танҳо ба ҳамон хотир чоп мекунем, ки зарурати мавҷудияти чунин як матлаб ва пажӯҳишеро дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дарк мекунем ва умед мебандем, ки бо кӯмак ва ҳамдастии Шумо, хонандагони азиз, он мукаммал хоҳад шуд.
Ҳайати эҷодии "Рӯзгор"
Солҳои охир расм шудааст, ки қавму миллатҳои пешрафта аз миёни ҳазорон-ҳазорон ашхоси мӯътабару арзандаашон сад фарди маъруфтаринро дар ҷабҳаҳои мухталиф муайян месозанд. Чун кунун Тоҷикистон ба унвони як давлати мустақил мақом меёбад, ҷоиз аст миллати куҳанбунёди тоҷик шоистатарин фарзандони хеш - сиёсатмадорон, адибон, фарҳангиён, рӯзноманигорон, варзишгарон, ҳамчунин намояндагони дигар халқҳо, ки ба миллат ва ҷумҳуриямон хизмати бедареғ кардаанд, муаррифӣ намояд. Яқинан, талоши аввалин дар ин самт наметавонад аз навоқис холӣ бошад, муҳим он аст, ки қадами нахуст дар пешниҳоди рӯихат гузошта мешавад. Умедворем бо мадади аҳли фаҳм сад чеҳраи рахшон комил хоҳад гашт.
1. Сад фарди маъруфтарини тоҷик ё рахшонтарин чеҳраҳои фаромиллӣ
Миллати тоҷик бо фарзандони барӯманди хеш ифтихор дорад, ки аз замони куҳан то кунун ба нафъи инсоният корҳои нек зиёд анҷом дода, номашон дар сафҳаи таърих бо хуруфи заррин мусаббат гардидааст. Арбобони сиёсию давлатӣ, адибон, олимон ва фарҳангиёнамон дар пешбурди ҳаёти замони хеш нақши муҳим гузоштаанд.
Дар интихоби афрод масъалаи миллӣ дар ҷойи аввал меистад, яъне дар рӯихат ғайиритоҷикон ворид нагардидаанд. Зимни интихоби афрод ба ҷойгоҳи эшон дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва саҳмашон дар таҳкими ҷабҳаҳои марбута, нуфузу эътиборашон миёни миллати тоҷик ва дигар халқҳо ба назар гирифта шуд. Ин пешниҳод ҳаргиз воқеъияти мутлақ дониста намешавад ва аҳли фаҳм бо мулоҳизоти тоза онро пурра хоҳад кард.
Арбобони давлатию сиёсӣ
1.Зардушти Испитамон (630-553 то милод), асосгузори дини қадими мардуми эронинажод, нахустшоири халқҳои эрониасл.
2.Куруши Кабир (вафот соли 530 то милод), поягузори давлати императории тоҷикон.
3.Исмоили Сомонӣ (848-907), асосгузори давлати миллии тоҷикон.
4.Низомулмулк (1017-1092), вазири султонҳои Эрон.
5.Балъамӣ Абуфазл (вафот соли 940), сиёсатмадори вақт.
6.Нусратулло Махсум (1881-1938), сиёсатмадор.
7.Шириншо Шоҳтемур (1899-1938), сиёсатмадор.
8.Ғафуров Бобоҷон (1908-1977), сиёсатмадор ва донишманд.
9.Эмомалӣ Раҳмон (1952), сиёсатмадор.
Намояндагони адабиёт
10.Рӯдакӣ Абуабдулло (858-941), асосгузори назми классикии форс-тоҷик.
11.Фирдавсӣ Абулқосим (934-1021), муаллифи "Шоҳнома"-и безавол.
12.Носири Хусрав (1004-1086), шоир ва мутафаккир.
13.Низомии Ганҷавӣ (1141-1209), шоир ва мутафаккир.
14.Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) (1207-1273), шоир ва мутафаккир.
15.Саъдии Шерозӣ (1208-1292), шоир ва мутафаккир.
16.Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), шоир ва мусиқишинос.
17.Ҳофизи Шерозӣ (1321-1389), шоир.
18.Камоли Хуҷандӣ (1323-1401), шоир.
19.Абдураҳмони Ҷомӣ (1444-1492), шоир ва мутафаккир.
20.Бедил Мирзо Абдулқодир (1644-1702), шоир ва мутафаккир.
21.Зебуниссо (1639-1702), шоира.
22.Аҳмади Дониш (1826-1897), нависанда ва мутафаккир.
23.Айнӣ Садриддин (1978-1954), асосгузори адабиёти муосири тоҷик.
24.Лоҳутӣ Абулқосим (1887-1957), асосгузори назми муосири тоҷик.
25.Турсунзода Мирзо (1911-1977), шоир, арбоби ҷамъиятӣ.
26.Миршакар Мирсаид (1912-1993), шоир.
27.Икромӣ Ҷалол (1908-1996), нависанда.
28.Сотим Улуғзода (1911-1996), нависанда.
29.Мӯъмин Қаноат (1932), шоир.
30.Бозор Собир (1938), шоир.
31.Лоиқ Шералӣ (1941-2000), шоир.
32.Гулрухсор (1947), шоира.
Намояндагони илм
33.Ибни Хайёни Тусӣ (721-815), химикдон (номи лотиниаш Гебер).
34.Закариёи Розӣ (865-925), асосгузори химияи илмӣ.
35.Абунасри Форобӣ (873-950), файласуф.
36.Абурайҳони Берунӣ (973-1048), файласуф, риёзидон, нуҷумшинос.
37.Абуалӣ Ибни Сино (980-1037), табиб, файласуф, физикдон.
38.Умари Хайём (1048-1131), файласуф, нуҷумшинос, риёзидон, физикдон.
39.Фахриддини Розӣ (1149-1209), риёзидон, муаррих, табиб.
40.Носириддини Тӯсӣ (1201-1272), риёзидон, нуҷумшинос.
41.Тошмуҳаммад Қорӣ Ниёзии Хуҷандӣ (1897-1971), математик, астрофизик, аввалин Президенти АФ Узбекистон (1943-1948).
42.Умаров Султон (1908-1964), физикдон.
43.Мирзоев Абдуғанӣ (1908-1974), адабиётшинос.
44.Ҳакимова Саъдиниссо (1924), олимаи соҳаи тиб.
45.Мансуров Ҳамид (1925), олими соҳаи тиб.
46. Баротов Рауф (1921-2013), геолог.
47. Шакурӣ Муҳаммадҷон (1926-2012), адабиётшинос.
48.Ғуломов Минҳоҷ (1929-1996), олими соҳаи тиб.
49.Бобоҷонов Пӯлод (1930), ситорашинос.
50.Носиров Юсуф (1932-2010), биолог.
51.Ҷӯраев Абдулҳамид (1932-2009), математик.
52.Неъматуллоев Собит (1937), олими соҳаи зилзиласанҷӣ.
53.Бобозода Адҳам (1935-2008), физикдон.
54.Масов Раҳим (1939), муаррих.
55.Собиров Темур (1940-1977), математик.
56.Турсунов Акбар (1939), файласуф.
Намояндагони фарҳанг
57.Борбад (585-630), асосгузори мусиқии тоҷик.
58.Беҳзод Камолиддин (1455-1535), рассом ва наққош.
59.Ҳоҷӣ Абдулазиз (Абдурасулов) (1852-1936), мақомхон, оҳангсоз, мутриб.
60.Содирхон (Бобошарифов) (1847-1931), мақомхон, оҳангсоз, мутриб.
61.Олимов Мирзораҳмат (1891-1971), рассом ва наққош.
62.Ёрматов Комил (1903-1978), кинорежиссёр, Артисти Халқии СССР.
63.Қосимов Муҳаммадҷон (1907-1971), актёри театру кино, Артисти Халқии СССР.
64.Ашрафӣ Мухтор (1912-1979), дирижёр, оҳангсоз, Артисти Халқии СССР.
65.Ғуломалиев Ғуломҳайдар (1904-1961), оҳангсоз, устоди рақс, Артисти Халқии СССР.
66.Бурҳонов Аслӣ (1915-1996), актёри театру кино, Артисти Халқии СССР.
67.Валаматзода Ғаффор (1916-1994), устоди рақс, Артисти Халқии СССР.
68.Фозилова Тӯҳфа (1917-1985), актрисаи театру кино, Артисткаи Халқии СССР.
69.Зоҳидова Лутфӣ (1925-1996), актрисаи балет, Артисткаи Халқии СССР.
70.Мавлонова Ҳанифа (1924-2011), сарояндаи опера, Артисткаи Халқии СССР.
71.Бобоқулов Аҳмад (1931-1990), сароянда, Артисти Халқии СССР.
72.Кабирова Лутфӣ (1932-2013), сарояндаи опера, Артистка Халқии СССР.
73.Гадоев Ҳошим (1937), актёри театру кино, Артисти Халқии СССР.
74.Муродов Ҷӯрабек (1942), сароянда, Артисти Халқии СССР.
75.Собирова Малика (1942-1982), актрисаи балет, Артисткаи Халқии СССР.
76.Аминзода Зебо (1948), устоди рақс, Артисткаи Халқии СССР.
77.Ҷӯраев Ака-Шариф (1892-1966), сароянда.
78.Шаҳидӣ Зиёдулло (1914-1985), оҳангсоз.
79.Завқибеков Гурминҷ (1929-2003), актёри театру кино.
80.Абдураззоқов Ҳабибулло (1937), актёри театру кино.
81.Одина Ҳошим (1937-1993), сароянда.
82.Воҳидов Маҳмудҷон (1939-1977), актёри театру кино, ровӣ.
83.Муҳаммадҷонов Ато (1940-2008), актёри театру кино.
84.Нозимов Зафар (1940-2011), сароянда.
85.Рузиматов Фаррух (1963), артисти балет.
86.Худойназаров Бахтиёр (1965), кинорежиссёр.
Лашкаркашон, қаҳрамонони халқ
87.Спитамен (Спитамона) (вафот соли 328 то милод), муборизи зидди истилогарони юнонию мақдунӣ.
88.Абумуслими Хуросонӣ (асри VIII), муборизи зидди истилогарони араб.
89.Муқаннаъ (вафот соли 783), пешвои шӯриш муқобили истилогарони араб.
90.Темурмалик (асри XIII), муборизи зидди истилогарони муғул.
91.Восеъ (вафот соли 1888), роҳбари шӯриши кӯҳистониҳо зидди амирони манғит.
Намояндагони варзиш
92.Олимов Азалшо (1930-1999), аввалин чемпиони СССР оид ба самбо.
93.Ҳасанов Иброҳим (1937-2009), ёздаҳ карат чемпиони СССР оид ба қаиқронӣ.
94.Раҳимов Саидмӯъмин (1946-2009), чемпиони ҷахон оид ба самбо.
95.Рустамова Зебуниссо (1955), чемпионкаи мутлақи ҷаҳон оид ба камонварӣ.
96.Малахбеков Раҳимқул (1974), дорандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпи, ду карат чемпиони дунё ва ду карат чемпиони Европа оид ба бокс.
97.Амонатов Фаррух (1975), шоҳмотбоз, аввалин гроссмейстри байналмилалӣ аз байни тоҷикон.
98.Сайфиддинов Далер (1982), чор карат чемпиони ҷаҳон оид ба таэкван-до.
99.Боқиев Расул (1982), дорандаи медали биринҷии Олимпӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба дзю-до.
100.Чориева Мавзуна (1992), дорандаи медали биринҷии Олимпӣ ба бокс.
P.S. Арбобони сиёсию давлатӣ: Абдураҳим Ҳоҷибоев,Мунаввар Шогадоев, Турсун Улҷабоев, Назаршо Додихудоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Қаҳҳор Маҳкамов, аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов, адибон: Муҳиддин Аминзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ғанӣ Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Убайд Раҷаб, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Темур Зулфиқоров, Ҳадиса, Саттор Турсун, Зиё Абдулло, Сайф Раҳимзод, Зулфия Атоӣ, Баҳманёр, Фарзона, намояндагони илм: Муҳаммад Осимӣ, Алоуддин Баҳоваддинов, Мусо Диноршоев, Кароматулло Олимов, Комил Бекзода, Султон Наврӯзов (фалсафа), Акобир Адҳамов, Раҳим Маъруфов Хурсандқул Ибодинов (физика), Фазоил Атоуллохонов (биофизика), Бурӣ Каримов(техника), Раҷаб Амонов, Расул Ҳодизода, Хуршеда Отахонова, Аълохон Афсаҳзод, Соҳиб Табаров, Раҳим Додихудоев, Мукаррама Қосимова, Носирҷон Салимов (филология), Солеҳ Раҷабов, Фозил Тоҳиров, Маҳкам Маҳмудов (ҳуқуқ), Зариф Раҷабов, Баҳодур Искандаров, Аҳрор Мухторов, Нуъмон Неъматов (таърих), Ҳабибулло Саидмуродов, Талбак Назаров, Рашид Раҳимов, Нуриддин Қаюмов, Рустамбек Юсуфбеков, Амир Каттаев, Ҳоҷимуҳаммад Умаров (иқтисод), Ғулом Алиев, Бобо Сангинов, Худоёр Юсуфбеков (кишоварзӣ), Манзур Ҷалилов, Абдулҳақ Файзиев (геология), Қандил Ҷӯраев, Холназар Муҳаббатов (география), Эшонқул Нуъмонов, Улмас Мирсаидов, Иззатулло Ғаниев (химия), Зафар Усмонов, Мамадшо Илолов, Камолиддин Бойматов, Нусрат Раҷабов (математика), Акобир Адҳамов, Исроил Исмоилов, Раҳим Маъруфов (физика), Юсуф Исҳоқӣ, Неъматҷон Усмонов, Комил Тоҷиев, Карим Ҳайдаров, Ғиёсиддин Мироҷов (тиб), Муҳаммадқул Нарзиқулов, Хуршед Каримов, Ислом Абдусаломов, Оғоназар Ақназаров, Пӯлод Усмонов, Абдулҳаким Ғафуров (биология), Низом Нурҷонов, Аскаралӣ Раҷабзода, Шариф Шукуров (санъатшиносӣ), намояндагони фарҳанг: Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Толиб Шаҳидӣ, Фирӯз Баҳор, Талабхӯҷа Сатторов (мусиқӣ), Хушбахт Хушвахтов, Сӯҳроб Қурбонов, Зуҳур Ҳабибуллоев (рассомӣ), София Тӯйбоева, Тӯтӣ Ғаффорова, Муҳаммадҷон Халилов, Мариям Исоева, Сайрам Исоева (театр), Абдусалом Раҳимов, Тоҳир Собиров, Давлат Худоназаров, Марат Орифов (кино), Аслам Адҳамов, Рустам Дӯлоев (опера) низ ҳар яке дар соҳаи худ хидмати босазо анҷом додааст ва месазад, ки номи шарифи эшон миёни рахшандатарин чеҳраҳои миллӣ сабт ёбад, вале мутаассифона, дар чаҳорч ӯби рӯйхати мо нағунҷиданд.
Умедворем бо мадади аҳли зиёи тоҷик рӯйхати номбурда такмил хоҳад ёфт, то миллат тобонтарин чеҳраҳои худро бишиносад.
Мураттибон: Ёр Муҳаммад, Валиев Абдуҷамил, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 30 октябри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
215
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?