ТӮДАИ МАШКУК ВА ИСЛОМИ НОБ
Ҳанӯз дар замони Паёмбари Акрам Муҳаммад алайҳимуссалом сангари байни тӯдаи машкук ва ислом муайян шуда буд. Ин мубориза то ҳанӯз идома дорад, ки назири онро дар Тоҷикистон низ мушоҳида месозем. Охири солҳои 80-ӯм ва аввали солҳои навадӯми асри пор раванди тақвияти исломи ноб дар тамоми кишвар ва ба вижа минтақаи Кӯлоб ба назар расид.
Соли 1991 майдонҳои муборизаи мухолифин маҳз дар ҳамин замина ба вуқуъ пайвастанд. Аз як ҷониб исломгароён ва аз ҷониби дигар ҷонибдорони режими комунистӣ ҳар кадом ҳақиқати худро собит сохтан мехост, ки сабаби қатли ҳазорон ва бехонумон шудани даҳҳо ҳазор гашт. Чун нек назар афканӣ ҷонибдорони режими комунистӣ низ худро мусалмони комил меҳисобиданд. Пас чӣ сабаб шуд, ки ба муқовимат алайҳи исломиён бархостанд?
Коршиноси маҳаллӣ ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф ақида дорад, ки шояд сабаб он аст, ки баъди таҳаввулоти Горбачёвӣ дар миёнаҳои солҳои ҳаштодӯм занҷирҳои маҳками режими комунистӣ дарҳам шикаст ва дарди ҳама уқубати тӯли солиёни Шӯравӣ ба бадани исломиҳо расида хуруҷ карда бошад? Ҳама ҷо сохтмони масҷидҳо басуръат оғоз шуданд ва садои мусалмонон баланд.
Ин ба иззати нафси ботинан мусалмоннабудагон расид ва ба муқовимат бархостанд. Яке аз чунин ашхоси ҷонибдори режими комунистӣ собиқ фармондеҳи фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандии солҳои навадӯми тоҷик Сангак Сафаров буд.
Аммо касе далел надорад, ки Сангак Сафаров муқобили қавонини ислом ба таври возеҳ кореро анҷом дода бошад. Банда ҳам шоҳидам, ки Сафаров то оғози ҷанг ба назди падари банда, ки аз уламои ислом буд, омада мудом дуо мегирифт, насиҳат мешунид ва аз мусибатҳои ба сари аҳли байт омада ашк мерехт. Ба ақидаи як коршиноси маҳаллӣ бо исми Абдурауф муқовимат аслан зоҳиран ислому куфр бошад ҳам ботинан ҷанбаи сиёсӣ дошт.
Бо гузашти анқариб 20 сол аз он воқеоти мудҳиш наздикони Сангак Сафаров имрӯз аз содиқтарин диндорони Кӯлоб маҳсуб меёбанд. Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаров солҳост ба арзишҳои исломӣ арҷ мегузорад ва ӯро бидуни пушиши исломӣ дидан номумкин аст. Диловар Сафаров, аз наберагони дигари ӯ самти фаъолияти тарабхонаи «Лаззат»-ро, ки онҷо Сангак нӯшокиҳои спиртӣ мефурӯхт, ба хотири рост наомадан ба талаботҳои ислом табдил кардааст.
Диловар мегӯяд бобои ӯ барои ҳақиқат ҷангидааст. Барои дарёфти рӯзӣ нӯшокиҳои спиртӣ мефурӯхт ва русҳо ки он вақт теъдодашон ба ҳазорҳо нафар мерасид онро харидорӣ мекарданд. Алҳол он замонҳо гузаштанд илова кард Диловар, акнун 99 фоизи шаҳр мусалмонанд дигар фурӯши арақ гуноҳ аст. Ошёнаи аввали тарабхонаро ҷойи таъмири компутар ва ошёнаи дуюмро мағозаи фурӯши маводи ғизоӣ кардаем.
Ҳамакнун рӯзҳои ҷумъа дар соатҳои адои фаризаи ҷумъа дар кӯчаҳои шаҳр одамон аҳёнан ба назар мерасанд ва ҳама баҳри адои намози фарзӣ сӯйи 13 масҷиди ҷомеи шаҳр мешитобанд. Дар маҷмӯъ бошад имрӯз дар шаҳри Кӯлоб беш аз 70 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта фаолият дорад.
Ба ақидаи Хизматшоҳи Гулназар, як коршиноси маҳаллӣ, режими комунистии собиқ ҳазорҳо мусалмонро куштаю зиндонӣ карда буд. “Ҳамин хел карданд, ки рӯҳониён кушта шуданд ва аксараш бадарға гаштанд. Чандеашро тавонистанд, бадарға карданд ва чандеи дигарро бе пурсиш дар ҳамин ҷо парронданд”.
Ба қавли ин мусоҳиби мо бо қатлу бадарғаи рӯҳониён имкон пайдо шуд, ки ақоиди комунистии мардумро мустаҳкам ва онҳоро аз асли ислом дур намоянд. Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони кишвар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши исломгароӣ дар минтақаи Кӯлоб як амри табиӣ аст. “Шӯравӣ бо он ҳама қудрат натавониста буд, ақидаҳои мардумро решакан намояд ва мардумро аз ақидаҳои аҷдодии худ ҷудо кунад. Алангаи дин дар қалбҳои ин мардум рӯшан буд, ҳарчанд дар зоҳир намудор набуд, чунки шароити он рӯз намебардошт инро”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли шоҳидон солҳои аввали истиқлолият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ комунистон ё комунистмаобони Кӯлоб аксари диндоронро “вовчик” унвон намуда, барои саркӯбии онҳо иқдом карда буданд. Аммо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, як тан аз рӯҳониёни шинохтаи муқими Кӯлоб мегӯяд, ин амр низ барои саркӯб намудани диндорон буд, ки ба ҷуз хунрезӣ ҳеҷ натиҷае надод. Ӯ мегӯяд, бо ин вуҷуд масҷидҳои маҳаллӣ пур аз намозгузор аст.
“Вазъи диниро аз он ҷиҳат хуб гуфта метавонам, ки имрӯз хиёнат миёни мардум камтар шудааст. Арақнӯшиву арақфурӯшӣ дар шаҳр кам шудааст. Мебинам, ки сафи намозгузорон зиёд мешавад, ба ин бовар мешавам, ки вазъи диндории мардум хеле боло ва хуб шудааст”.
Ва аммо тайи як фармони ғайрирасмӣ ин олими бузурги дин аз минбари масҷиди худ, ки ба номи имом Алӣ ва аз хишти аввал худ сохтааст, поин фароварда шудаасту алҳол гӯшанишинӣ ихтиёр карда. Дар ҳоле, ки имкон дошт ин олими барои мусалмонони минтақа маҳбубро барои раҳандозии сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ ва президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истифода бурд. Мардум ба ӯ бештар бовар мекунанд.
Ин гуна аъмолро чизе ба ҷуз муборизаи тӯдаи машкук бо исломи ноб талаққӣ додан наметавон. Яъне муборизаи ҳақ ва ботилро Худованд барои санҷиши бандагонаш рӯйи кор овардааст.
Молик, Кӯлоб, барои “Рӯзгор”
-
22.03.2026 15:28
453
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
969
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1383
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2303
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1199
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2351
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
518
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
977
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1162
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































