09:55:15 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САЙИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА: ЯКМАЗҲАБӢ ОМИЛИ АСОСИИ МУТТАҲИДДИИ МАРДУМАСТ

-Маълумоте ҳаст, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва вилояти Суғд  пайравони ақидаи салафия озодона  фаъолият мебаранд. Гӯиё аз ин Кумитаи дин ва Шӯрои Уламо хабар доранд, аммо изҳори ташвиш накардаанд. Инро метавонед шарҳ бидиҳед?

/images/stories/2011/12/14_s.abdukodirzoda_1412.jpg-Бисмиллоҳ, алҳамду лиллоҳ вас салоту вас салому ъало расулиллоҳ. Дар ҳақиқат вақте мо огоҳ шудем, ки имоми масҷиде дар ноҳия Фархор фаъолияти ғайриҳанафӣ дорад, албатта ҳам аз тарафи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи мақомоти ваколатдор оид ба дин пешгирӣ карданд. Он имоме, ки гумонбар мешуд ва гуфтанд, ки бо тарзи ибодаташ аз ҳанафимазҳабон фарқ мекард ӯ аз вазифа озод карда шуд.

Ин ҷо  кори дигаре аст. Баъзе аз шахсоне, ки дар дигар равияҳо ҳастанд, сабаби низоъу нифоқ дар масҷид намешаванд, оромона дар пинҳонӣ ибодати худро мекунанд, яъне дар ҷомеа ва дар намози ҷамоат халале ворид намекунанд, ҳич кас аз кирдору рафтори онҳо огоҳ нест, мо наметавонем дар дохили хона дахолат кунем.

Ҳар имоме, ки мухолифи мазҳаби ҳанафӣ дар масҷид рафторе кунад ё ибодате кунад он ҳатмӣ пеши роҳаш гирифта мешавад. Ба хотире, ки тамоми масҷидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи оинномаашон тамоми намуди амалу ибодат мувофиқи мазҳаби имоми Аъзам аст. Ман медонам, ки дар масҷиде дар ноҳияи Фархор имоме хилофи мазҳаб амал мекард, вай аз вазифааш сабукдӯш  шуд ва ҳоло он масҷид орому тибқи мазҳаби имоми Аъзам амал дорад, ҳеч дигар халал ё ташвише  онҷо вуҷуд надорад.

Шумо  ҳамчун як шаҳрванди кишвар, ҳамчун як хайрхоҳи ватан, чун медонед, ки ҷое дар ҳақиқат далелҳои қонуншиканӣ вуҷуд доранд, масъулонро огоҳ кунед, Маркази исломии Тоҷикистон пеши роҳи онҳоро мегирад.

- Мегӯянд, ки Сардори шӯъбаи фатвои Маркази Исломии Тоҷикистон китобе бо номи “99 саволу ҷавоб” бо усули ақоиди салафия навиштааст, баъди ошкор шудани сабки ақидатии он китобро аз рафҳои китобфурӯшӣ бардоштанд. Метавонед шарҳ бидиҳед, ки чаро на Шӯрои уламо ва на Кумитаи дин ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор надоданд? Ва ё ин, ки агар ҳам дар ин маврид садое баланд карда бошанд ҳам, баёнияи расмӣ ва ё вокуниши такондиҳанда набудааст? 

- Албатта ин масъала баррасӣ шуд, тамоми китобҳои паҳншуда, дар савдо буда ғундошта шуд. Ман ҳам он замон огоҳ набудам. Дар Шӯрои илмии донишкадаи исломӣ он китобро баррасӣ намуданд ва барои чоп пешниҳод карданд. Ман огоҳ набудам, ки чунин китобе чоп мешавад. Боре ба ман ҳам муроҷиат карданд, гуфтам ман ҳоло фурсате надорам, сафарҳои хориҷӣ будам, ман гуфтам сабр кунед, ман биоям аз аввал  то ба охир мутолиа мекунам. Агар мухолифи мазҳаб, мухолифи ақидаи имоми Аъзам набошад, мо барои ташхис ба Кумитаи оид ба корҳои дин пешниҳод менамоем.

Мутаассифона дар набудани ман, дақиқан вақти дар Туркия будани ман, муддати даҳ рӯз тақрибан, ин китоб аз Шӯрои илмии Донишкадаи исломӣ иҷозат гирифтанд ва ба Кумитаи оид ба корҳои дин пешниҳод намуданд ва он ҷо барои чоп иҷозат доданд. Муаллиф ҷазои худро гирифт ва мақомоти ваколатдор ба ӯ шадидан огоҳӣ ва ҷазо дод. Ӯ бе ҷазо намондааст, мо аз ин огоҳ ҳастем. Муаллиф аз худи Маркази исломӣ ҳам барои баъзе масъалаҳое, ки хилофи мазҳабанд, масъалаи ихтилофӣ аст, барои ҷой карданаш дар китобаш узр хост.

- Дар саҳифаҳои рӯзномаи  “ИмрӯзNews” китоби раиси Кумитаи дин низ мавриди нақд қарор гирифт. Дар ин китоб коршиносҳо ҷойҳои хилоф ба ақидаи ҳанафиро дарҷ карданд. Шӯрои уламо омодааст дар ин маврид низ шарҳи худро бидиҳад?

-Ман бисёр мехостам, ки ба худи муаллиф, яъне раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мешуд. Агар дар сурате, дар ҳақиқат ин китоб мухолиф ба мазҳаби имоми Аъзам бошад, Маркази исломӣ фикру андешаҳои худро оид ба ин китоб албатта дар рӯзҳои наздик пешниҳод менамояд ва ҳар амале ё кирдоре агар мухолиф ба мазҳаб бошад, фикру ақидаҳои худро пешниҳод менамояд.

-Чаро иштибоҳоти фаровони ин китоб, ки боиси ихтилофҳо дар оянда мегардад, Шӯрои уламоро ба ташвиш наовард, дар радди он баёнияшро нашр накард, аммо бо сӯҳбате дар мавриди Ошӯро фаврӣ тасмиме гирифт, ки авзоъро дар ҷомеа ноором кард?

- Такрор мекунам, ки ман чизе аз он китоб мутолиа нанамудаам, ки боиси ихтилоф ва низоъ дар ҷомеа шавад. Он китоб дар бораи ақида ҳам нест, ки кадом ихтилофе дар ҷомеа шавад. Ва китоб дар бораи фиқҳи исломӣ нест, ки дар байни мардум низоъу тафриқаангезӣ шавад. Аммо Ошӯро, Ошӯро ин ошкору равшан бо микрофони баланд аз масҷиде, ки низомномааш тибқи равиши мазҳаби имоми Аъзам бояд бошад, яъне хиёнаткор ба Муовия, ки Муовия котиби ваҳй, саҳобаи Паёмбар(с) ва ҳамнишин ва ҳамсабақи Паёмбар(с), ки инро ҳамаи олами ислом эътироф мекунад ва котиби Қуръон, яъне ки нависандаи Қуръон ҳаст, ки ҳама онро эътироф мекунад. Яъне ҳамчун хиёнаткор ва ҳамчун боз намедонам якчанд калимаи дигар, бо микрофони масҷиде, ки дар он тибқи низомномааш, бояд тибқи мазҳаби имоми Аъзам амал шавад, садо дод.

/images/stories/2011/12/14_masjid_1412_1.jpgАгар чунин садоҳо, чунин савту садоҳо ва чунин лаънатгӯйиҳо  ба Язиду ба дигару дигар бошад, мо аз лаънат гуфтани ба Язид ранҷе намебарем, ҳеч зараре намебинем, аммо хуб андеша кунем, хуб фикр кунем, чӣ манфиате меорад барои Тоҷикистони мо, ҷойи лаънатгӯӣ аз таърихи гузашта, мо бояд коре кунем, ки мардумро муттаҳид бисозем. Мо бояд коре кунем, ки мардум дар як мазҳаб муттаҳид бошанд ва гузашта аз ин зиёда аз 5000 масҷиди дигар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  вуҷуд дорад, дар ҳич куҷое чунин ҷашнҳо гирифта намешавад, магар дар як масҷид.

 Хуб, Маркази исломии Тоҷикистон мехост, ки тамоми мардуми Тоҷикистон дар як мазҳаб, як ваҳдати мазҳабӣ бошад, ваҳдати миллӣ бошад, ки ваҳдати миллии мо аз ваҳдати мазҳабии мо сарчашма мегирад. Ваҳдати мазҳабии мо аз ваҳдати милливу оромии мо сарчашма мегирад. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ҳаминро мехоҳад. Ба ҳеч шахсияте ғаразе надорад ва мехоҳад ақидаи мардум орому осудаву беолоиш бошад ва мардум беозору беолоиш бошанд ва мардум муттаҳиду бародару ухуввату дӯстӣ бошад, на бо монанди бисёри кишварҳое, ки мушоҳида кардем.

Хусусан дар ҳамин Ошӯрое, ки ҷашн гирифта шуд, дар он масҷид, дар дигар давлатҳои гирду атрофи наздику дури мо зиёда аз 250 нафар кушта ва таркишҳо шуд. Аз барои Худо чаро бихоҳем, ки дар мо чунин нооромиҳо, ё ангезаҳо, чунин бадбахтиҳо ва чунин тафриқаангезиҳо  шавад? Асрҳо боз мардуми мо пайрави як мазҳаб буд. Ин якмазҳабӣ омили асосии  муттаҳидди мардуми мо шуд. Ва албатта  тамоми мардуми Тоҷикистон, тамоми аҳли илми Тоҷикистон ва тамоми шахсони хайрхоҳи Тоҷикистон мехоҳанд, ки ҳама дар ваҳдати мазҳабӣ, ваҳдати миллӣ ва дар оромии Тоҷикистон шарик бошанд ва саҳме дошта бошанд ва зиндагии осудаи  диниву дунёии хубе дошта бошанд.

- Миёни мардум чунин андешае низ матраҳ аст, ки дар Донишкадаи исломӣ, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ дар Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он нафароне ҳастанд, ки пешбари ақидаи салафӣ мебошанд. Рӯзҳои наздик чанд коршинос низ  ҳамин чизро таъкид карданд, ва аз ҷумла гуфтанд, ки худи муфтӣ-раиси Маркази исломии Тоҷикистон низ хатмкардаи мактаби салафист?

- Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз он, ки ба он мактаб биравад, ба Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод биравад, дар назди қиблагоҳи худ (махдуми Абдуқодири Абдураҳим) ва қабл аз рафтан Қуръонро ҳифз намуд ва қабл аз ҳифз намудани Қуръон китобҳои фиқҳии мазҳабӣ, Мухтасарулвиқоя, Шарҳулвиқоя, Ҳидоя мутолеа дошт ва ақидааш хуб мустаҳкам буд.

Ва шумо хуб медонед, аксарияти аҳли уламои Тоҷикистон хуб медонанд, ки падари мо яке аз рӯҳониён ва олими барҷастае буд, ки дар ҳамон низоъҳои солҳои 87 шурӯъ шудагӣ то 90-у 91 яке аз муборизон ва мудофиони мазҳаб буд. Ва ҳатто ман дар ёд дорам, ки соли 90, он замоне, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода қозии мусалмонон шуд, ба идораи қозии мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд ва барои баъзе корҳо ва хизматҳояш миннатдорӣ намуд ва ҳамзамон ҳамон лаҳза тақрибан 22 сол қабл падари ман дар он ҷо шадидан танқид карда буд, ки хизматҳои шуморо мо ҳама ба назар мегирем, бисёр аҳсан мегӯем, аммо шумо шамшерро ба дасти мухолифони мазҳаб додаед.

Ин сухане ҳаст, ки ман шоҳид дорам ва агар падарам гузаштааст, Худо раҳматаш кунад, аммо он шоҳидони зинда ҳастанд, ки ин калимаро ва ин ҷумларо шоҳидӣ медиҳанд то ба ҳол. Ва ман назди қиблагоҳам таълим гирифта будам, аз мазҳаб огоҳ будам ва инсоне, ки огоҳ аст, дуруст баъзе нафароне ҳаст, ки бо каллаи холӣ рафта пур карда меоянд  ақидаи дигаронро. Аммо алҳамду Лиллоҳ, ман ҳофизи Қуръон будам ва дар таровиҳ хатм мегузаштам. Қуръонро ҳифз ва аз фиқҳи ҳанафиву ақидаи ҳанафӣ огоҳу ба пуррагӣ маълумоти пурра доштам. Пас ба ҳамин хотир, дуруст баъзеҳое ҳастанд, ки таъсирашон гузошт, аммо алҳамду Лиллоҳ мо рафтему баргаштем, аммо ҳеч тағйироте ба мо наёмад.

-Атрофи озод кардани домулло Маъруф Раҳимов аз мақоми сархатиби масҷиди марказӣ овозаҳои ҳархела ҳаст. Аз ҷумла мегӯянд, ки барканории ӯ аз ин вазифа пойфишорӣ бар мавқеъи ҳанафии ӯ будааст? Метавонед сабабҳои аслии барканории вайро аз ин мақом баён кунед?

-Ин ба маслиҳати худи домулло Маъруф шуд, домулло Маъруф хостанд, ки масҷиди алоҳида, минбари алоҳида дошта бошанд ва инро ошкору равшан ҳам гуфт, ки бояд, ки раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон як минбари хосе ба худаш дошта бошад, ҳар рӯзи ҷумъа ҳар ҷо наравад ва дар як ҷо хутба кунад.

-Дар бораи дӯконҳои китобфурӯшӣ низ шикояте шунида мешавад, ки гӯиё Шӯрои уламо бо истифодаи номи Президент аз ҳар соҳибдӯкон 1200-1500 сомонӣ гирифта барои ҳама як чек медиҳад. Яъне воқеан ҳам чунин аст ё хайр?

/images/stories/2011/12/14_masjid_1412_2.jpg-Дар мавриди дӯконҳои китобфурӯшӣ, ки беш аз даҳ дӯконро дар назди Маркази исломӣ ташкил медиҳанд, бояд гуфт, ки  тамоми афроде, ки дар он дӯконҳо кор мекунанд, тибқи шартнома бо Маркази исломӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд ва Маркази исломӣ низ қисман маоши кормандони худро аз ҳисоби иҷорапулии ҳамон дӯконҳо пардохт мекунад.

Дар бораи он, ки гӯё касе аз номи президент ё кадом вазиру раиси дигар баромад мекунад, хабари беасос аст...

- Оё медонед, ки дар баъзе деҳоти Тоҷикистон, аз ҷумла баъзе қишлоқҳои ноҳияи Панҷакент ёдкарди Ошӯро бо шакли дигар аз қадим то ҳол вуҷуд дорад?

-  Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он ба урфу одоти мардум, ки дар доираи хона сурат мегиранд, коре надорад. Маркази исломӣ бо масҷидҳое, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, сару кор дорад...

- Оё тамоми масоҷиди кишвар тобеи Маркази исломӣ мебошанд?

- Маркази исломии Тоҷикистон фаъолияти тамоми масҷидҳое, ки тибқи низомнома ва оинномаашон масҷиди ҳанафӣ сабти ном шудаанд, назорат мебарад

- Фикр намекунед, ки чунин бархурд, яъне пахши баёния алайҳи Тӯраҷонзодаҳо метавонад исмоилиҳоро, ки шохаи дигари шиъа ҳастанд, норозӣ ва нигарон кунад?

-Мо бо исмоилиҳо ҳеч бархурде надорем. Маркази исмоилия дар паҳлӯи мо фаъолият мекунад ва исмоилиҳо тарзу усули ибодоти худро доранд, вале ҳеч гоҳ мо бо онҳо кор нагирифтаем ва таъкид мекунам, агар бародарон Тураҷонзодаҳо масҷидашон бар тибқи мазҳаби ҳанафӣ не, балки ба кадом мазҳаби дигар чи шиаҳои исмоилӣ бошанд ва ё чӣ шиаҳои дувоздаҳимомӣ ва ё зайдия агар сабти ном кунанд, Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои он ҳеч коре ба онҳо намегиранд...

Бознашр аз рӯзномаи "ИмрӯзNews"


Шарҳҳо   

 
+5 #2 Guest 15.12.2011 11:10
аз муфти савол дорам, ки манъи чавонони то 18-сола ба масчидон оё тибки мазхаби ханафи аст?
 
 
+6 #1 Guest 14.12.2011 16:47
Канд занед муфти бобо, бо гарзҳои шахси, кинаҳои бистсола, ва технология муосир руҳи падаратонро "шод" кардед, вале руҳи Хазрати Маҳаммад(С)ро хафа. Охир Муҳҳамад кай ва дар кадом донишгоҳу назди кадом домуллову махдум бо Муовия дарс хонда буд, ки бо вай ҳамсабак шуд? Ба касе чун соҳиби Шариъат туҳмат назанед, ХУдо шоҳид аст, ки ки бо кадом ният сухан мегуяд.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi