07:41:04 12-уми Июни 2026 сол
341 зани фаъол хостори озодии зиндониёни сиёсӣ шуданд 05.07.2013 20:22 1091
Гуруҳе аз занони ислоҳталаби Ирон бо навиштани як нома ба унвони бархе аз шахсиятҳои сиёсии кишварашон хостори талоши онҳо баҳри озодии зиндониёи сиёсӣ, аз ҷумла афроде бо лақаби «Модарони сиёсӣ » шудаанд.
Тоҷикистон дар зинаи 106-уми FIFA 05.07.2013 20:20 1105
Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги июлии FIFA бо касби 314 имтиёз аз мавқеи пешина шаш зина боло рафта, мақоми 106-умро касб кард. Бар пояи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ин баландтарин мақоми касбкардаи мунтахаби футболи кишвар тӯли таърихаш дар феҳрасти FIFA мебошад.
Ваколати се узви Маҷлиси Миллӣ қатъ карда шуд 05.07.2013 20:19 1235
Палатаи болоии Парлумони кишвар-Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ ваколати се нафар аъзояшро дар асоси аризаҳои худи онҳо пеш аз муҳлат қатъ кардааст.
Оғози мулоқоти раиси ҷумҳур бо рӯҳониёни кишвар 04.07.2013 13:31 1127
Ин лаҳзаҳо дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо рӯҳониёни кишвар идома дорад.
Чаҳор адиби тоҷик соҳиби ҷоизаҳои адабӣ дар ин сол шуданд 26.06.2013 14:19 1544
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта бо пахши иттилоияе ғолибони имсолаи озмун барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро эълон кард.Дар наср Марябонуи Фарғонӣ барои китоби "Шаҳболи хаёл", Насим Раҷаб барои "Даргоҳи меҳру вафо" ва дар назм Раънои Мубориз барои маҷмуъаи шеърҳои ...
Раҳоии Эшони Сироҷиддин аз зиндон 24.06.2013 14:37 1372
Сироҷиддин Абдураҳмонов, машҳур ба "Эшони Сироҷиддин" аз зиндон раҳо шудааст. Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба мо гуфт, ки субҳи имрӯз Эшони Сироҷиддин аз зиндон раҳо шуд.
Ҳалокати 1 афсар ва ҷароҳати 33 сарбоз дар садамаи "Камаз" дар Варзоб 24.06.2013 14:35 1052
Бар асари садамаи «Камаз»-и вобаста ба вазорати дифоъи Тоҷикистон, як афсар ба ҳалокат расида ва 33 тан маҷрӯҳ шудаанд.Дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн ба мо гуфт, «Камаз»-и вазорати дифоъ, ки сарбозон ва афсаронро аз вилояти Хатлон ба вилояти Суғд мебурд ...
Валерий Турсунов аризаи истеъфо навиштааст 24.06.2013 09:16 1120
Валерий Турсунов дар бораи истеъфои худ аз вазифаи ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ариза навиштааст.Чунон ки дар сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфта шудааст, Валерий Турсунов ба иллати вазъи саломатиаш аз вазифаи худ истеъфо додааст. Ӯ дар суҳбат бо дафтари матбуоти ФФТ ...
Матбуоти Русия боз як шаҳрванди Тоҷикистонро қотил эълон кард 23.06.2013 16:39 1007
Бино ба хабари матбуоти Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба эҳтимоли куштори Дмитрий Любашенко-муттахассиси муди Русия боздошт кардаанд. Ин хабарро сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо таъйид кард. Куштор дар аввалҳои моҳи июн дар Маскав рух дода буд.
Китобфурӯшии Симурғ ба фаъолият шуруъ кард 23.06.2013 11:21 1141
«Китобфурӯшии Симурғ» чунин ном дорад мағозаи китобфурӯшие, ки ҳафтаи гузашта дар яке аз толорҳои барҳавои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муассиси ин китобфурӯшӣ Шаҳобуддини Шуҷоъ, олими шинохтаи тоҷик, соҳиби нашриёти хусусии «Бухоро» мебошад.
Бозгашти Толибон - имтиҳони вазнин барои ҳамсоягон 21.06.2013 17:27 993
Сӯҳроб Шарифов эҳтимоли шомил шудани Толибон ба ҳукумати Афғонистонро барои кишварҳои ҳамсояи он, бахусус Тоҷикистон, имтиҳони вазнин арзёбӣ мекунад.Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумон ва собиқ раиси Маркази мутолеоти стратегии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мо гуфт, набояд фаромӯш кард ...
Майор пас аз 9 соли фирор боздошт ва зиндонӣ шуд 21.06.2013 17:25 1120
Пас аз нӯҳ соли фирор Баҳриддин Иброҳимов, собиқ сардори дидбонгоҳи «Себандӣ» дар ноҳияи Шӯрообод боздошт ва бо ҳукми Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои 13 сол равонаи зиндон гардид.Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки майор Баҳриддин Иброҳимов ҳангоми фаъолият ҳамчун сардори дидбонгоҳи сарҳадии «Себандӣ» ...
5 чӯпон ва садҳо гӯсфанд дар марзи Ӯзбакистон рабуда шудандъ 21.06.2013 17:24 947
Сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент иддао доранд, ки 15 июн садҳо сар гӯсфанд ва панҷ чӯпони маҳаллӣ аз ҷониби марзбонони Ӯзбакистон рабуда шуданд.Раиси ҷамоати Моғиён Ҳикматулло Эшонов рӯзи 21-уми июни дар сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо аз сарнавишти панҷ чӯпон ва садҳои сар гӯсфанди худ нигаронанд ва мунтазири ...
Э.Раҳмон: "Сафари ман ба Суғд корист, на интихоботӣ" 20.06.2013 13:50 1088
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар поёни сафари худ ба вилояти Суғд гуфтааст, ки ин сафари корӣ аст ва рабте ба интихоботи президентии моҳи ноябр надорад.
Боздошти ду раҳбалади тоҷик дар қаламрави Узбакистон 18.06.2013 18:36 1004
Ду роҳбалади қатори роҳи оҳани Душанбе-Маскавро дар қаламрави Узбакистон боздошт кардаанд. Шаҳноза Раҳмонбердиева, духтари Ширинмоҳ Зокирова гуфт, мақомоти интизомии Узбакистон модари ӯ ва ҳамкораш Қурбон Зариповро ҳанӯз рӯзи 27 май дар роҳи бозгашти қатор аз сафари Маскав боздошт кардаанд.