22:16:41 14-уми Июни 2025 сол
Вазорат муҳофизи шахсӣ доштани Кабириро зарур надонист 16.05.2013 01:10 777
Мақомот ба дархости ҲНИТ дар мавриди таъмини раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бо муҳофизи шахсӣ посухи радд доданд. Ҳафтаи гузашта Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилӣ дархост карда буд, ки ба хотири амнияти шахсии Муҳиддин Кабирӣӯро бо муҳофиз таъмин намоянд.
Духтари ҷавон дар Хатлон таҷовузгари солмандро ба додгоҳ кашид 16.05.2013 01:07 955
Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни як марди солмандро дар сӯйиқасд ба таҷовузи духтари 18-сола муҷрим шинохта ва ӯро ба чаҳор солу се моҳ зиндон маҳрум кард. Аллабердӣ Чоршанбеви 60-сола тибқи моддаҳои 138 ва 147, яъне сӯйиқасд ба таҷовуз ва ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил муҷрим шинохта шуд.
Маҳкумият ба 3,5 соли зиндон барои ташвиқи ғояҳои ҲИУ 14.05.2013 12:57 858
Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як ҷавони 32-солаи ин минтақаро барои узвият ва ташвиқи ғояҳои ифротгароии Ҳаракати Исломии Узбакистон, ба 3 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард. Он гуна, ки аз додгоҳи ноҳияи Шаҳритус ба мо хабар доданд, «ин ҷавон Назрулло Аюбов, сокини ин ноҳия аст, ки ҳангоми бозгашт ...
Вокунишҳо ба боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов 13.05.2013 11:02 887
Маҳофили коршиносии Тоҷикистон ба боз шудани парванда алайҳи раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав Зайд Саидов, вокуниш нишон доданд.Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 11-уми май бо пахши як санад аз боз шудани...
М.Қосимов: "Мо тобеи қонунем, таслими фишор намешавем" 11.05.2013 19:17 914
Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав мегӯяд, ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гуруҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад.Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ...
Ҳамдастии маҳбусон бо "қофилаи ҳероин" 08.05.2013 12:01 880
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон тавонистанд аз талошҳои интиқоли маводи мухаддир, ки дар он бархе маҳбусон даст доштанд, ҷилавгирӣ намоянд. Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май ба мо гуфт, ки дар як амалиёти вижа...
Раҳимов: 'Афроде дар пайи халалдор кардани осудагии мардум ҳастанд' 08.05.2013 11:47 958
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд ҳанӯз "афроде ҷудогона алоқаманд ба халалдор кардани субот дар минтақаи Рашт ҳастанд."
Ҷон Керрӣ: "Дар мавриди Сурия бо Русия манофеи муштарак дорем" 08.05.2013 11:45 871
Вазири умури хориҷии Амрико аз раиси ҷумҳури Русия хостааст, ки дар пайдо кардани роҳи ҳалли муштараки буҳрони Сурия, бо Вошингтон ҳамкорӣ кунад. Ҷон Керрӣ, рӯзи сешанбе бо Владимир Путин ва ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Кремл мулоқоти тӯлонӣ дошт. Оқои Керрӣ умедворӣ кард, ки Русия ва Амрико дар масоиле ....
Имрон Хон дар ҷараёни гирдиҳамоии таблиғотӣ дар Покистон осеб дид 08.05.2013 11:43 869
Имрон Хон, сиёсатмадори саршиноси Покистон дар ҷараёни таблиғоти интихоботӣ аз лифтрок (мошини болобар) ба пойин суқут карда ва сараш осеб дидааст. Ин лифтрок дар ҳоли боло бурдани Имрон Хон, копитони собиқи тими миллии крикети Покистон ва муҳофизонаш ба маҳалли суханронӣ буд.
Изҳороти маҳалии Иттиҳоди Аврупо оиди латукӯби намояндаи пешвои ҲНИТ 06.05.2013 23:27 946
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори маҳкум аз ҳамла ва латукӯби муовини раиси Ҳизби Наҳзати ИсломиТоҷикистон Муҳаммадали Ҳаит мекунад.
4 соли зиндон барои фурӯши "бангдона" ба низомиёни рус 06.05.2013 12:39 891
Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як ҷавони 26-соларо барои фурӯши маводи мухаддир ба низомиёни рус, барои 4 сол равонаи зиндон кардааст. Масъулони додгоҳи шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбе 6-уми май зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфтанд, ки «Ҷумъахон Сайдамирхонов, сокини шаҳри Кулоб...
Ҳалокати 8 сарбози хориҷӣ дар як рӯз 06.05.2013 12:36 760
Рӯзи шанбе дар се ҳодисаи ҷудогона дар Афғонистон 8 сарбози НАТО, аз ҷумла 7 низомии амрикоӣ ва як сарбози олмонӣ, ба ҳалокат расиданд. Ин се маврид 4 майро ба яке аз хунинтарин рӯзҳо барои нирӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон дар чанд моҳи охир табдил медиҳад.
Гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара 04.05.2013 16:46 943
Субҳи рӯзи шанбеи 4-уми май, дар Исфара гуфтушуниди ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон оғоз ёфт.Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд ва ҳайати Қирғизистонро Жениш Раззоқов, ҳокими вилояти Бодканд...
Гумонбарони ҳуҷум ба сохтмончиёни Хоруғ ошкор шуданд 04.05.2013 16:22 757
Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ гуфт, ки афроди гумонбар ба ҳамла болои сохтмончии маҳаллӣ ихтиёран таслим шуданд. Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ рӯзи 3-юми май дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ахиран “панҷ нафар худихтиёрӣ ба мақомот таслим шуданд”.
Марги мармузи наврасро Гарнизони Хоруғ таҳқиқ мекунад 04.05.2013 16:16 828
Як хонандаи мактаби рақами 1-и ноҳияи Дарвоз ду рӯз пеш ба таври мармуз ба ҳалокат расид. Парвизи Вазирбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 1-ноҳияи Дарвоз таҳсил мекард, рӯзи 1-май дар шароити мармуз ба ҳалокат расид.

sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854