Барзу Абдураззоқов: Боздошти Зайд як амали нангин аст
23.05.2013 12:38
1104
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, таъқиби Зайд Саидовро ҳамчун як “амали нангин” маҳкум кард ва гуфт, мехоҳад роҷеъ ба ин қазия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунад.
Шӯрои ҲНИТ: Боздошти Зайд Сайидов иқдоми ҳадафмандона аст
20.05.2013 22:31
1165
Шӯрои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо пахши изҳороте боздошти Зайд Саидов, раиси гурӯҳи мубтакирони ҳизби "Тоҷикистони нав" -ро як иқдоми "сирф сиёсӣ" хондааст ва онро муғойир бо қавонини кишвар ва фарҳангӣ сиёсӣ донистааст.
Зайд Саидовро бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ кардаанд
20.05.2013 17:28
1124
Зайд Саидовро имрӯз, 20 май дар Ожонси мубориза бо фасод бо Низомхон Ҷӯраев рӯбарӯ кардаанд. Барои бори аввал барои ширкат дар ин ҳаракати тафтишотӣ Фахриддин Зокиров, яке аз 3 вакили мудофеъи раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро низ роҳ додаанд.
Як зани сиёсатмадор дар Покистон кушта шуд
19.05.2013 14:54
1112
Афроди мусаллаҳ як зани сиёсатмадорро дар шаҳри Карочии Покистон ба қатл расониданд. Тибқи иттилои расонаҳои Покистон Заҳро Шоҳид Ҳусайн, яке аз раҳбарони Таҳрики Инсофи Покистон (Ҷунбиши адолат) дар берун аз хонааш ҳадафи ҳамлаи ин афроди мусаллаҳ ...
Кумитаи андоз Зайд Саидовро “манфиатҷӯ” номид
17.05.2013 13:59
1167
Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон изҳороти Гурӯҳи тадорукотии ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро роҷеъ ба кодекси нави андоз рад кард.Дафтари матбуоти Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки “изҳори раҳбари гурӯҳи тадорукотии ҳизби...
"i2" қочоқбаронро ошкор мекунад
16.05.2013 16:44
1030
Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон барои ошкор кардани шабакаҳои қочоқбар, барномаи вижаи «i2»-ро роҳандозӣ кардааст. Ин барнома сароғоз аз сӯи Оҷонсии назорати маводи мухаддир дар Раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ...
Кашфи 80 килугром маводди мухаддир дар қатори Душанбе - Маскав
16.05.2013 16:38
1010
Кормандони интизомӣ ва амниятии Русия дар махфигоҳи яке аз вогунҳои қатори хатсайри Душанбе - Маскав 80 килугром маводди мухаддир дарёфт ва мусодира карданд.
Вазорат муҳофизи шахсӣ доштани Кабириро зарур надонист
16.05.2013 01:10
897
Мақомот ба дархости ҲНИТ дар мавриди таъмини раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бо муҳофизи шахсӣ посухи радд доданд. Ҳафтаи гузашта Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилӣ дархост карда буд, ки ба хотири амнияти шахсии Муҳиддин Кабирӣӯро бо муҳофиз таъмин намоянд.
Духтари ҷавон дар Хатлон таҷовузгари солмандро ба додгоҳ кашид
16.05.2013 01:07
1082
Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни як марди солмандро дар сӯйиқасд ба таҷовузи духтари 18-сола муҷрим шинохта ва ӯро ба чаҳор солу се моҳ зиндон маҳрум кард. Аллабердӣ Чоршанбеви 60-сола тибқи моддаҳои 138 ва 147, яъне сӯйиқасд ба таҷовуз ва ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил муҷрим шинохта шуд.
Маҳкумият ба 3,5 соли зиндон барои ташвиқи ғояҳои ҲИУ
14.05.2013 12:57
976
Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус як ҷавони 32-солаи ин минтақаро барои узвият ва ташвиқи ғояҳои ифротгароии Ҳаракати Исломии Узбакистон, ба 3 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард. Он гуна, ки аз додгоҳи ноҳияи Шаҳритус ба мо хабар доданд, «ин ҷавон Назрулло Аюбов, сокини ин ноҳия аст, ки ҳангоми бозгашт ...
Вокунишҳо ба боз шудани парванда алайҳи Зайд Саидов
13.05.2013 11:02
1032
Маҳофили коршиносии Тоҷикистон ба боз шудани парванда алайҳи раҳбари Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав Зайд Саидов, вокуниш нишон доданд.Оҷонси мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 11-уми май бо пахши як санад аз боз шудани...
М.Қосимов: "Мо тобеи қонунем, таслими фишор намешавем"
11.05.2013 19:17
1059
Гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав мегӯяд, ҳеҷ навъ фишор ва боз кардани парванда алайҳи раиси ин гуруҳ, наметавонад онҳоро аз масирашон мунҳариф кунад.Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари Гуруҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ...
Ҳамдастии маҳбусон бо "қофилаи ҳероин"
08.05.2013 12:01
998
Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон тавонистанд аз талошҳои интиқоли маводи мухаддир, ки дар он бархе маҳбусон даст доштанд, ҷилавгирӣ намоянд. Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май ба мо гуфт, ки дар як амалиёти вижа...
Раҳимов: 'Афроде дар пайи халалдор кардани осудагии мардум ҳастанд'
08.05.2013 11:47
1080
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд ҳанӯз "афроде ҷудогона алоқаманд ба халалдор кардани субот дар минтақаи Рашт ҳастанд."
Ҷон Керрӣ: "Дар мавриди Сурия бо Русия манофеи муштарак дорем"
08.05.2013 11:45
1008
Вазири умури хориҷии Амрико аз раиси ҷумҳури Русия хостааст, ки дар пайдо кардани роҳи ҳалли муштараки буҳрони Сурия, бо Вошингтон ҳамкорӣ кунад. Ҷон Керрӣ, рӯзи сешанбе бо Владимир Путин ва ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Кремл мулоқоти тӯлонӣ дошт. Оқои Керрӣ умедворӣ кард, ки Русия ва Амрико дар масоиле ....
















