04:39:06 12-уми Июни 2026 сол
«Шери тоҷик” дар сабқати бокси ҳирфаӣ боз пирӯз шуд 04.05.2013 16:03 878
Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар қувваозмоии 18-уми худ дар бокси ҳирфаӣ бар рақибаш Cтанислав Леонови литовӣ ғалаба кард. Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Пскови Русия барпо гардид, муштзани тоҷик рақибашро дар раунди дуюм бо накаут пеш аз мӯҳлат шикаст дод.
Даргузашти Абдуҷаббор Сатторов 03.05.2013 20:29 1677
Абдуҷаббор Сатторов, собиқ арбоби ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ 2-майи соли 2013 бар асари бемории сактаи дил дар синни 68-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.Дар гирдиҳамоие, ки пеш аз маросими ҷаноза дар ҳавлии марҳум, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, намояндагони ақшори мухталифи ҷомеъа ...
ҲНИТ мегӯяд, «nahzat.tj» масдуд аст. Бег Зуҳуров рад мекунад 01.05.2013 17:08 1090
Масъулини ҲНИТ мегӯянд, аз як ҳафта ба ин тараф сомонаи «nahzat.tj» дар қаламрави кишвар масдуд аст ва сарфи назар аз муроҷиати онҳо, мақомот посухе надодаанд.Ҳикматулло Cайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ба мо гуфт, ки аз таърихи 25-уи ...
Қарордоди пойгоҳи 201 ба дасти Путин рафт 29.04.2013 11:25 1365
Қарордоди пойгоҳи 201 баъди тасвиби комил дар парлумон барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳури Русия ироа мешавад. Шӯрои федеролӣ – маҷлиси болоии парлумони Русия – рӯзи 27 апрел созишномаҳо дар бораи ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистонро тасвиб кард.
Мавонеъ дар роҳи ширкат дар солгарди ҲНИТ 25.04.2013 11:18 1120
Масъулони ҳукумати шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ба аъзои Ҳизби наҳзат ҳушдор додаанд, ки аз ширкат дар маросими 40-умин солгарди таъсиси ин ҳизб дар шаҳри Душанбе худдорӣ кунанд.
Даъвати Қодири Қосим ба мурофиаи Димон ва Шерик ба унвони як шоҳид 25.04.2013 11:15 1043
Раиси вилояти Бадахшон ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон қарор аст фардо дар додгоҳ ба ҳайси шоҳиди иловагӣ ширкат кунад.
Даҳ медали варзишгарони тоҷик дар Бишкек 25.04.2013 11:12 985
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Қирғизистон оид ба таэквон-до (WTF) даҳ медал (4 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ин мусобиқа дар шаҳри Бишкек бо ширкати дастаҳои мунтахаби Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа боз ба коми оташ рафт 25.04.2013 11:09 1038
Бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз, ҳудуди соатҳои 18:30 ба коми оташ рафт. Саидбек Аминов, муовини раиси Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон зимни таъйиди ин хабар ба мо гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳайате аз маъмурони Хадамоти сӯхтор аз мошини сӯхтор хомӯшкунӣ дар маҳали ҳодиса машғули хомӯш кардани оташ мебошанд.
Ёде аз марҳум Дӯстмуроди Алӣ, овозхони маъруфи кишвар 24.04.2013 22:48 1688
Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба ёдбуди марҳум Дӯстмурод Алиев, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон консерти дилнишине баргузор гардид.Дар ин маҳфил, ки бо ибтикори сарояндаи тоҷик Мирзои Сарбоз, яке аз шогирдони ин овозхони маъруф ва Фурқат Саид ...
Ба Сафири Русия дар Душанбе ёддоштҳои ВКХ супорида шуд 24.04.2013 22:43 967
23 апрели соли 2013 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов даъват карда шуд.Дар рафти вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба баромадҳои пай дар пайи шахсони воломақом ва ҷамъиятии Русия иброз карда шуд. Қайд гардид, ки чунин суханҳо ...
Коммунистҳои тоҷик аз изҳороти Жириновский хашмгинанд 24.04.2013 22:38 912
Коммунистҳои Тоҷикистон аз «ҳамҳизбиён»-и худ дар Думаи давлатии Русия хостаанд, ки изҳороти зиддитоҷиконаи Владимир Жириновскийро маҳкум намоянд.Коммунистҳои Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Фраксияи коммунистҳо дар Думаи давлатии Русия, хоҳиш кардаанд...
Қазоқистон - охирин истгоҳи қатораҳои Тоҷикистон ба самти Русия? 23.04.2013 13:45 919
Мақомоти Русия мегӯянд, марзи он кишвар бо Қазоқистон, охирин истгоҳи қатораҳо аз Осиёи Миёна ба самти Русия хоҳад буд. Дмитрий Рогозин, раиси Комиссияи давлатии сарҳадии Русия мегӯяд, қатораҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба самти Русия меоянд, дар истгоҳи марзии роҳи оҳани Қазоқистон бо вагонҳои Русия ....
Айбномаи гумонбари бомбгузории Бостон эълон шуд 23.04.2013 13:43 932
Ҷавҳар Тсарнаев мегӯяд, тарроҳ ва илҳомбахши бомбгузорӣ дар марафон бародараш Темурланг буд. Вазорати адлияи ИМА мегӯяд, муттаҳам дар бомбгузории дави марафонии Бостон-Ҷавҳар Тсарнаев расман бо истифодаи силоҳи куштори дастаҷамъӣ айбдор дониста мешавад ва агар гуноҳи ӯ собит гардад, ӯ имкон дорад ба эъдом маҳкум шавад.
Воҳидҳои пойгоҳи 201-ро аз Кӯлобу Қӯрғонтеппа берун мебаранд? 20.04.2013 23:09 1048
Дар сурати ҳукми иҷро гирифтани созишномаи шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия, масъалаи аз шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа берун бурдани воҳидҳои низомии пойгоҳи 201-ум баррасӣ мешавад. Масъалае, ки солҳои тӯлонӣ баҳсу кашмакаш дар атрофи он идома дошт.
Фаъоли ҳизби наҳзати исломиро лату кӯб кардаанд 19.04.2013 23:00 1051
Афроди номаълум муовини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро лату кӯб кардаанд. Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯянд, шоми рӯзи ҷумъа тахминан соати 19:40 дақиқаи вақти Душанбе ҳангоми бозгашт ба хона дар маҳаллаи 91-уми пойтахти Тоҷикистон ...