ДАЪВАТ АЗ МУҲОҶИРОН БАРОИ РОҒУН
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия ва кишварҳои дигар кор мекунанд, даъват дорад, то аз харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар канор намонанд. Масъулони ин ниҳод бунёди нерӯгоҳи Роғунро қадами устуворе барои истиқлоли энержии кишвар номида, мегӯянд, анҷоми сохтмони он обрӯи Тоҷикистонро дар минтақа боло мебардорад.
Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, харидорони саҳмияҳои Роғун на танҳо дар бунёди нерӯгоҳи барои миллат хеле муҳим саҳм мегузоранд, балки боз ҳамчун саҳмиядори нерӯгоҳ манфиати молӣ низ хоҳанд дид. Тарғибу ташвиқ барои саҳм гирифтан дар бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки ҳамакнун аз он ҳамчун аз лоиҳаи умумимиллӣ ном бурда мешавад, имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳарфи аввал гаштааст.
Мавзӯъи меҳварии нишасти навбатии Шӯрои ҷамъиятии кишвар, ки бо ҳузури аз ҷумла аҳзоби сиёсии Тоҷикистон доир шуд, низ Роғун буд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар он гуфт, “мутмаинам, ки мардуми бо нангу номуси тоҷик аз ин саҳмияҳо харидорӣ хоҳанд кард.” Раисҷумҳури Тоҷикистон аз аҳзоб ва созмонҳои чамъиятии ин кишвар даъват кард, ки мардумро барои харидории ин саҳмияҳо таблиғ кунанд.
Президент Раҳмон ахиран ҳини як сафараш ба Суғд гуфт, агар ҳар як хонавода ба маблағи се ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намояд, қадами аввали Роғун гузошта мешавад. Аммо ӯ гуфт, хонаводаҳои фақир аз ин кор маъоф хоҳанд буд. Дар ин миён, созмони форсизабонони Бритониё бо номи "Варорӯд", тасмим гирифтааст, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сармояи хайрия ҷамъоварӣ намояд.
Заҳои Ҷазоирӣ, раиси ин созмон аз Лондон ба Озодӣ гуфт, умедвор аст, ки ин ташаббуси созмони "Варорӯд" аз ҷониби созмону ниҳодҳои миллӣ дар кишварҳои дигар ва тоҷикони бурунмарзӣ пуштибонӣ хоҳад шуд. Дар оғози соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ ба фурӯш мегузорад.
Дар ин бора вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳороте пахш кард ва гуфт, онҳое, ки саҳмияҳоро ба маблағи беш аз 5000 сомонӣ харидорӣ мекунанд, соҳиби сертификати вижае хоҳанд шуд, ки бар тибқи он исми онҳо ба унвони саҳҳомдорони хоси Роғун сабт хоҳад шуд.
Барои ҷилавгирӣ аз тақаллуби саҳмияҳо ҳар як коғаз аз чаҳор рамзи ҳимояткунанда иборат мешавад. Фурӯши саҳмияҳо тавассути бонкҳо, идораҳои молии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, вазоратҳову муассисаҳои давлатии кишвар ба роҳ монда мешавад. Баъди ба кор даромадани нерӯгоҳи Роғун ҳар як саҳҳомдор ҳаққи фурӯши саҳмияи худро ба нафари дигар ба даст меорад, мегӯянд мақомоти Тоҷикистон. Ин саҳмияҳоро танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон харида метавонанд.
"Озодӣ"
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
436
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
569
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
697
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
356
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
545
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1869
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































