РОҒУН - РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Cоли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин дастоварди беназиру неъмати бебаҳо бе истиқлолияти энергетикӣ камарзиш хоҳад буд. Маҳз бо назардошти ҳамин асоси воқеӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солҳои аввали истиқлолият зарурияти бунёд намудани НБО Роғунро дарк карда, муваффақ шудан ба истиқлолияти комилро маҳз дар анҷом додани ин сохтмони азим медид.
25 феврали соли 1994 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар машварати ҷумҳуриявии намояндагони коллективҳои меҳнатӣ ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, ки баъд аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои 1992-1993 бори нахуст баргузор гардида буд, чунин қайд карда аст:
«Афкори ҷомеа ҳоло онҳоеро, ки садди роҳи бунёди ГЭС-и Роғун шудаанд, шадидан маҳкум мекунад. Ҳама медонад, ки агар агрегатҳои ин ГЭС-и азамат ба кор медаромад, имрӯз мо бисёр душвориҳоро ба осонӣ пушти сар мекардем. Тасаввур кунед, ки ҳоло ҳам мо ду миллиард киловатт-соат нерӯи барқро аз ҳамсояҳо мехарем. Ба гузашта салавот гуфта, имрӯз ба он камари ҳиммат бандем, ки сохтмони ГЭС- ҳои Роғун, Cангтӯда, Помир -1 -ро тезонем. Шӯрои Вазирон дар барномаи иқтисодиаш ба бунёди гидроэлектростансияҳо мавқеи аввалият доданаш зарур аст».
Ҳамчунин дар Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон, ки 17 марти соли 1994 баргузор гашт, Эмомалӣ Раҳмон аз истифода бурдани нерӯи пешбар ва созандаи ҷавонон дар бунёди давлати миллӣ ёдовар шуда қайд мекунад, ки «Чаро мо анъанаи неки бунёдкории ҷавононро идома надиҳем? Охир ГЭС-и Сангтӯда, ГЭС-и Роғун маҳз бо нерӯи ҷавонон бунёд мегардад».
Баъд аз як моҳи мулоқоти зикршуда 17 майи ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон дар Сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Ленинобод суханронӣ намуда, аз мушкилоти барқи сокинони вилоят изҳори нигаронӣ мекунад: «Захираҳои гидроэнергетикӣ дар вилоят хеле маҳдуданд. Ҳатто маҷбур ҳастем, ки маблағи калон сарф намуда, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя қувваи барқ харида гирем. Дар оянда оид ба сохтмони ГЭС-ҳои Искандаркӯл, Яғноб, силсилаи ГЭС-ҳои хурд дар кӯҳистони вилоят фикр карданамон лозим аст».
Дар барномаи пешазинтихоботӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 1994, Эмомалӣ Раҳмон бо шиори «Мардуми Тоҷикистон ҳақ доранд бо сари баланд зиндагӣ карда, аз Ватани азизи худ ифтихор намоянд» баромад карда, таъкид мекунад, ки «Замин ва обу ҳавои Тоҷикистон ҳамаи моро хӯрондаю пӯшонда метавонад, агар аз он оқилона истифода барем» ва барои расидан ба ин ҳадаф ҷалб намудани қувваҳои кор дар сохтмони ГЭС-ҳои Роғун, Сангтӯда, оғози сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқиро муҳим мешуморад.
Бо вуҷуди муҳим будани НБО Роғун сарвари давлат ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна низ аҳамият дода дар суханронии хеш дар шаҳри Хоруғ моҳи майи соли 1995 ба сокинони вилоят изҳор мекунад, ки «анҷоми сохтмони ГЭС-и Помир-1, бунёди силсилаи ГЭС-ҳои хурд таҳти назорати доимиии президент қарор доранд. Дар шароити ҳамон вақта ба истифода додани иншооте мисли нерӯгоҳи барқии Помир-1 чандон кори осон набуд, вале Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дар назардошти аҳамияти азиме ки ин иншоот барои хоҷагии халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорад, тамоми чораҳоро андешид, ки он ба истифода дода шавад. Барои ин мо ҳатто маҷбур шудем, ки маблағу захираҳоро аз дигар объектҳои барои ҷумҳурӣ зарурӣ, мисли ГЭС-ҳои Роғун ва Сангтӯда гирифта ба сохтмони ГЭС-и Помир-1 равона кунем».
Дар Муроҷиатнома ба мардуми Тоҷикистон моҳи феврали соли 1996 сарвари давлат изҳор мекунад, ки ягона роҳи наҷот аз бӯҳрони азими иқтисодӣ раҳо ёфтан аз камбуди энергетикӣ мебошад ва таъкид мекунад, ки ҷумҳуриро аз бӯҳрони иқтисодӣ истиқлолияти энергетикӣ раҳо дода метавонад.
Ҳамчунин, дар маҷлиси ботантана бахшида ба рӯзи истиқлолият 8 сентбри соли 1996 Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, ки «Ҷумҳурии мо имкониятҳои азими истеҳсоли қувваи арзони барқро дорад. Бо дарназардошти ҳамин имконот ва зарурияти ҳаётии хоҷагии кишвар ба нерӯи барқ мо бунёди нерӯгоҳи Сангтӯдаро сохтмони умумихалқӣ эълон кардем. Бунёди ин нерӯгоҳ бо иқтидори солонаи 2,7 миллиард киловатт-соат имконият медиҳад, ки мо ҳам эҳтиёҷоти худро бо нерӯи барқ пурра таъмин кунем ва ҳам яке аз кишварҳои содиркунандаи асосии қувваи барқ дар минтақа бошем. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун низ идома дода мешавад, ки ин имкониятҳои содиротии моро дар оянда боз ҳам зиёдтар хоҳад кард».
23 майи соли 1997 дар мулоқот бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон пешбинона таъкид месозад, ки «Давлатҳое, ки имрӯз аз нафту газ ва таҷхизоти истеҳсолии худ ифтихор доранд, табиист, ки ин иқтидорҳоро абадӣ нигоҳ дошта наметавонанд. Нафт ҳам тамом мешаваду газ ҳам беохир нест. Хушбахтона, кишвари мо манбаи бепоёни энергетикӣ дорад. Оби фаровони кӯҳистони кишварамон, ки 65 фоизи эҳтиёҷоти Осиёи Марказиро қонеъ мегардонад, имкон медиҳад, ки дар рӯдҳои пурхӯруши мо нерӯгоҳҳои барқӣ сохта, соле то 500 миллиард киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кунем ва на танҳо эҳтиёҷоти ҷумҳуриро пурра қонеъ кунем, балки қувваи барқро ба миқдори зиёд ба кишварҳои дури минтақа интиқол диҳем. Асри 21 дар минтақаи мо асри энергетикаи обӣ, асри Ватани мову шумо хоҳад шуд!»
Сарвари давлат аз минбарҳои баланди байналмиллалӣ низ дар бораи ояндаи дурахшони ватани азиз суханронӣ карда, муҳим будани сохтмони нерӯгоҳҳои азими Тоҷикистонро таъкид мекард. Чунончӣ, дар мулоқоти ғайринавбатии сарони давлату ҳукуматҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи майи соли 1997 дар шаҳри Ашқобод баргузор гардида буд, таъкид мекунад, ки «Тоҷикистон, дорои захираҳои хеле фаровони гидроэнергетикӣ мебошад, баъди анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқии калонтарини Осиёи Миёна - нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мамлакатҳои минтақа кувваи арзони барқ дода хоҳад шуд. Айни ҳол сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда идома дорад, ки баъди ба кор даромаданаш бешубҳа ҷузъи муҳими системаи муттаҳидаи энергетикии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ хоҳад гашт. Мо сохтмони хатти интиқоли барқро дар байни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ба нақша гирифтем».
Ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани таъсисотии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 18 июли соли 1997 сарвари давлат бо боварии қатъӣ изҳор карда буд: «Ман имони комил дорам, ки Тоҷикистони мо дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои бонуфуз ва тараққикардаи дунё табдил меёбад. Барои ин тамоми шароиту замина ҳаст: ҳам обу хоки ҳосилхез, ҳам сарватҳои зеризаминӣ, ҳам захираҳои беҳамтои энергетикӣ, ҳам табиати зебову нотакрор ва ҳам халқи пуртоқату меҳнатдӯст. Биёед ҳамин сарзамини аҷдодии худро ҳифз кунем, аз порашавӣ нигоҳ дорем, онро ободу зеботар гардонем. Биёед худро чун ворисони арзандаи давлати Сомониён нишон дода, дар оғози асри 21 Тоҷикистони азизро дар қатори кишварҳои пешрафтаи олам ҷой диҳем.»
Дар ҷаласаи васеи Ҳукумат доир ба масъалаи ислоҳоти иқтисодӣ моҳи ноябри соли 1997 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ногузир будани анҷоми сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ ёдовар мешавад:
«Яке аз соҳаҳои хеле муҳими стратегӣ ва афзалиятноки саноати ҷумҳурӣ комплекси сӯзишвориву энергетикӣ ба шумор меравад. Аз сабаби нарасидани нерӯи барқ ва гази табиӣ ду сол боз аксар корхонахои саноатӣ мунтазам фаъолият намекунанд. Ин ҳолат дар кишваре рӯй медиҳад, ки дорои захираҳои беназири энергияи обӣ ва манбаъҳои бойи гази табиист. Барои ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи кормандони комплекси сӯзишворию энергетикӣ вусъат додани сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, ба роҳ мондани фурӯши саҳмияҳо, ҷалб намудани сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва дигар табдирҳои судбахш мебошад. Мароқи кишварҳои хориҷӣ, махсусан Россия, Эрон, Покистон, Италия, ИМА ба маблағгузории нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда ва Роғун меафзояд. Хукумати ҷумҳурӣ сармоягузории хориҷиро дар пешбурди соҳаи гидроэнергетика, анҷомдиҳии сохтмони нерӯгоҳҳои барқии нотамом ва дигар иншооти нотамом мувофиқи матлаб мешуморад.»
22 декабри соли 1998 ҳангоми суханронӣ ба муносибати рӯзи энергетикҳо дар шаҳри Норак Президент Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои бузурги энергетикҳо ва аҳамияти НОБ Норак ёдовар шуда, барои тезондани суръати корҳои сохтмонӣ дар НОБ Роғун ҳидоят мекунад:
«Нерӯгоҳи барқии Норак, ки дар Осиёи Марказӣ бузургтарин аст ва дар ҷаҳон ҳам аз нодиртарин иншоотҳои гидроэнергетикӣ ба шумор меравад, барҳақ ифтихори ҷумҳурии мо, гавҳари пурқиммати он мебошад. Бо сохтмони нерӯгоҳи барқии Норак дар тараққиёти иқтисодии кишвар як марҳилаи нав оғоз гардид, масоҳати бузурги заминҳои бекорхобида аз худ шуданд. Заводи алюминийи тоҷик, заводи нуриҳои азотии Вахш, заводи кимиёвии Ёвон, заводи семент ба вуҷуд омада, металлургияи ранга, саноати кӯҳӣ ва ғайра ривоҷ ёфт.
Имрӯз тавассути обанбори Норак 40 фоизи обе, ки барои ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳаётан муҳиманд, танзим мешаванд. Бо анҷом ёфтани сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун қисми боқимондаи об низ аз фаъолияти ин нерӯгоҳ вобаста хоҳад шуд. Ин ба устувор шудани мавқеи ҷумҳурӣ ва пайдо шудани имкониятҳои нав барои ривоҷи иқтисодиёт мусоидат менамояд. Даромад аз фаъолияти нерӯгоҳи Роғун дар як сол 800 мил.долларро ташкил хоҳад дод».
Иқтибос аз суханронӣ ба муносибати ба истифода додани нерӯгоҳи хурди барқи обии Андарбак дар н. Ванҷ 26 январи соли 1999 «Ба шарофати оби ҷонбахши дарёҳо, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳсорони тоҷик ибтидо мегиранд, чӯлҳои лабташна шодоб мешаванд, маҷрои рудҳои кӯҳӣ нерӯгоҳҳои барқиро ба кор дароварда, нуру гармӣ меофаранд.Захираҳои нафту газ дар ҳар кишвар дер ё зуд ба охир мерасанд, аммо захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон бепоён ҳастанд.
Хусусияти минтақаи мо чунин аст, ки ҳар кас ба захираҳои об ва барқ соҳиб бошад, ба вазъи тамоми минтақа таъсир расонда метавонад. Дар барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ба масъалаи таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, зеро танҳо дар ҳамин сурат дар баробари ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ, кушодани роҳҳои нави оҳану мошингард, бунёди корхонаҳои муштарак мо метавонем сатҳи баланди зиндагии мардумро фароҳам созем. Энергетикаи Тоҷикистон аз силсилаи нерӯгоҳҳои барқии дорои 15 миллиард киловатт-соат энергия, 60 ҳазор километр хати интиқоли барқ, зиёда аз 10 ҳазор нуқтаҳои трансформаторӣ иборат аст».
Суханронӣ бахшида ба иди Истиқлолияти давлатӣ ва 1100-солагии давлатдории Сомониён (8 августи соли 1999): «Дар баробари нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ - ГЭС-и Роғунро ба кор андохтан ва силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии миёна ва хурдро ба анҷом расондан дар мадди назар аст. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Мамлакати мо дар асри 21 ба яке аз бонуфузтарин кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ табдил хоҳад ёфт. Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 400 намуди захираи сарватҳои зери заминӣ кашф шудааст, ки тамоми системаи даврии Менделеевро фаро гирифта, 70 навъи он ба манбаъҳои нодири табиӣ мансубанд».
Ҳама талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба се ҳадафи бузург, - Истиқлолияти коммуникатсионӣ, озӯқаворӣ ва энергетикӣ равона шудааст. Ба сиёсати бобарори ислоҳоти замин ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳу купрук ва тунелҳо ду ҳадафи аввал аксаран татбиқи худро пайдо кардааст. Итминони комил дорем, ки бо бунёди НОБ-и Роғун истиқлолияти энергетикӣ низ таъмин гардида, давлатдории навини Тоҷикистон устувору мӯътабар хоҳад шуд.
Садриддин Шамсиддинов, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1447-roghun-roh-ba-sui-oyandai-durakhshon.html
-
09.06.2025 13:12
180
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
183
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
236
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
413
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
518
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
390
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
09.06.2025 13:07
132
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
01.06.2025 19:16
212
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
174
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
14.10.2024 18:41
890
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1593
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3284
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
15.06.2025 19:04
109
Баргузории ҷаласаи нахустини Комиссияи нави умумиаврупоӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ
-
15.06.2025 19:00
107
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини шуғли аҳолӣ
-
09.06.2025 13:03
130
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
20.03.2025 11:59
432
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
671
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
811
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
378
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
411
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
392
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
663
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
942
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1787
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
544
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
522
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1713
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2030
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2238
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2922
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
430
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
389
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
861
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2983
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3433
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3413
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
583
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
609
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
552
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?