МАЪРАКАИ ТАРҒИБИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН ПОЁН МЕЁБАД?
Тайи ду рӯзи ахир телевизиони Тоҷикистон таблиғу ташвиқи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро қатъ кардааст. Ин тағйирот дар пайи изҳороти раҳбари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Душанбе сурат гирифтааст. Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, ахиран эълон кард, маъракаи тарғибу ташвиқи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон поён меёбад.
Оқои Шиммелпфенниг аз қавли мақомоти Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ба далели кунд шудани харидории саҳмияҳо гирифта шудааст. Вай афзудааст, дар оғози сол хариди саҳмияҳо хеле хуб ба назар мерасид, аммо ҳоло хариди саҳмияҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Коҳиши хариди саҳмияҳои Роғун
Тоҷикистон саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун ба маблағи умумии 6 миллиард сомониро аз рӯзи 6 январ ба фурӯш гузошт ва бо ҳадафи ҷалби пули бештар тамоми васоили маъмуриеро, ки дар ихтиёр дошт, ба кор бурд. Вале агар тайи се ҳафтаи аввали ин маърака аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо қариб 700 миллион сомонӣ ба дасти Душанбе омада бошад, сипас суръати саҳмияфурӯшӣ ба шиддат кунд шудан гирифт.
Ҳукумати Тоҷикистон барои итмоми давраи аввали сохтмон 1,3 миллиард доллар пешбинӣ карда буд, аммо Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, барои ин марҳала 600 то 800 млн доллар зарур аст, ки ин маблағҳоро Тоҷикистон наметавонад дар дохил пайдо кунад.
Ҷамъоварии 184 миллион доллар
Тибқи иттилои расмӣ, то ба ҳол барои сохтмони Роғун ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо 184 миллион ва аз буҷаи давлатӣ 150 миллион доллар дар даст дорад. Сарвари намояндагии Бунёди байнулмилалии асъор дар масоили Тоҷикистон низ ба мутолиаи фанниву иқтисодӣ ё ТЭО-и Роғун ишорат кард, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ анҷом мешавад. Консорсиюми нерӯгоҳро низ ин бонк ташкил хоҳад кард.
Сарнавишти Роғун чӢ хоҳад шуд?
Дар чунин ҳол суоле пеш меояд, ки сарнавишти ояндаи Роғун чӣ хоҳад шуд? Оё талаби дигари Ӯзбакистон дар мавриди тавқифи ин сохтмон дар ҷараёни мутолиоти фанниву иқтисодӣ ё ТЭО низ пазируфта хоҳад шуд?
Як масъули ҳукумати Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, роҳи бозгашт ё таваққуф барои ҳукумат вуҷуд надорад. Сироҷиддин Саидов, сардори раёсати сохтмонҳои асосии вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мавзӯъ намехоҳад сӯҳбат кунад.
Ниёз ба кумаки хориҷӢ
Аммо коршиносон эҳтимоли пеш омадани ҳамчунин як интихоб барои Тоҷикистонро баид намедонанд, зеро маълум мешавад, худи кишвар тавоноии сохтани тарҳро надорад ва онҳое, ки сармоя тахсис медиҳанд, дер ё зуд ин гуна талабро пеши Тоҷикистон шояд гузоранд.
Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси умури эенержӣ, мегӯяд, ҳеҷ як аз кишвари ҳамсоя, созмони байнулмилалӣ ё хориҷӣ ҳуқуқи дахолат ба корҳои дохилии Тоҷикистонро надоранд ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаққи маънавии ба тавқиф гузоштани корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳро нахоҳад дошт, зеро ин масъала ҷанбаи сирф фаннӣ дорад.
20 апрел ба Тоҷикистон бояд ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ояд, ки тайи якуним соли оянда мутолааи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи Роғунро анҷом хоҳанд дод. Коршиносон мегӯянд, ин гардиши нав ва оғози марҳалаи мушкилтарин дар қазияи пурсарусадои Роғун хоҳад буд ва аз ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст, ки аз ин бунбаст чӣ гуна хориҷ мешавад.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/2115-2010-04-15-03-07-25.html
-
22.03.2026 15:28
469
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
451
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
587
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
349
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
378
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
460
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
260
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
987
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1027
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
713
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1396
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2318
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
131
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
290
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
323
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:35
188
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
220
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
368
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
897
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1215
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1165
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2311
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2370
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3390
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
530
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1883
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2029
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
993
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1177
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1150
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
20.06.2026 13:32
223
Чемпионати ҷаҳонии соли 1954
-
18.06.2026 22:55
198
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (16-18 июн)
-
17.06.2026 16:26
194
Чемпионати ҷаҳонии футбол 1950
-
14.06.2026 14:06
337
Юрий Гагарин: Аввалин садои инсон аз кайҳон
-
11.06.2026 00:58
283
Аша Бхосле - Садои ҷовидонаи Ҳиндустон
-
07.06.2026 12:05
413
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон










































