"ТАВОНИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ДУ АГРЕГАТИ "РОҒУН"-РО ДОРЕМ"
Мақомот гуфтаанд, ки кишвар тавони молии сохтмон ва мавриди истифода қарор додани ду агрегати "Роғун"-ро дорад.
Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли РО, ки ба чӣ далел дар чанд соли ахир муддати ба истифода додани ду агрегати "Роғун" ба баъд мавкул мешавад, гуфт: «Ҳозир нисбати ду агрегати аввал ҳамаи маблағҳо дар Тоҷикистон ҳаст. Ҳам маблағи ҷамъкардагӣ аз тарафи мардум, ҳам маблағҳои будҷаӣ. Мо метавонем ин ду агрегатро ба кор андозем, аммо ягона монеа он аст, ки мо хулосаи мусбии экспертизаи байналмилалиро дар даст надорем.»
Ба гуфтаи ҷаноби Муҳиддинов, ахиран дар Қазоқистон ин мавзӯъ бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва намояндагони кишварҳои ҳамсоя баррасӣ шуд. Ва қарор аст дар моҳи августи соли ҷорӣ натиҷаи экспертизаи фаннӣ-иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ дар Душанбе баррасӣ шавад. Ҳамин, ки ин натиҷа ба даст омад ва Бонки Ҷаҳонӣ иҷозат дод, корҳои сохтмониву васлу насби агрегатҳо шурӯъ мешавад.
ТАРҲИ ЧАҲОР НЕРӮГОҲИ МИЁНАТАВОН
Муовини вазир афзуд, ки ҷуз ин ду агрегати Роғун, чаҳор тарҳи сохтмони нерӯгоҳи обӣ- барқии миёнатавон низ дар дасти иҷро қарор дорад. Пӯлод Муҳиддинов гуфт, ки барномаи пешакии фаннӣ ва иқтисодии нерӯгоҳи «Фондарё» дар шимоли кишвар рӯзи 21-уми уми июл баррасӣ шуд. Вай гуфт, ин нерӯгоҳ 160 меговатт тавоноӣ хоҳад дошт ва дар музоида ширкати олмонии «Фихнер» баранда шудааст.
Ҷаноби Муҳиддинов гуфт: «Ҳазинаи сохтмони ин нерӯгоҳ ҳудуди 150 миллион доллар аст. Аз ин 75 миллиони онро Ташкилоти молии ҷаҳонӣ ва 75 миллиони боқимондаро ширкат саҳҳоми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» пардохт хоҳад кард, ки дар он 75 дарсад Русия саҳм дорад ва 25 дарсад Тоҷикистон. Агар маблағ нарасад, Бонки Евро-Осияёӣ қавл додааст, ки кӯмак хоҳад кард.»
Ин дар ҳолест, ки ҳамин бонк барои тарҳрезии барномаи сохтмони нерӯгоҳи "Фондарё" грант низ ихтисос додааст. Ҷаноби Муҳиддинов гуфт, ки масъалаи сохтмони нерӯгоҳи "Айнӣ" бо Эрон тавофуқ шудааст ва тарҳи фаннӣ ва иқтисодии ин нерӯгоҳ низ аз сӯи мутахассисони эронӣ ба поён мерасад. Вай дар бораи маблағи сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ гуфт: «Сарчашмаи мабағгузориаш ба тарзи қарзи бебозгашт ҳал шудааст нисбат ба ин лоиҳа.»
Муовини вазир гуфт, ки сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод»-ро ширкати канадаӣ ба дӯш гирифтааст ва дар рӯзҳои наздик барои баррасии ин тарҳ вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд. Тарҳи чаҳорум ба гуфтаи муовини вазир, сохтмони нерӯгоҳи «Шӯроб» дар поёноби нерӯгоҳи Роғун аст, ки тарҳи фаннӣ ва иқтисодии онро Маркази тарроҳии «Нурофар» ба анҷом расонидааст.
БАРҚИ ТОҶИКИСТОН ДАР АФҒОНИСТОН
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муовини вазир, дар ҳоли ҳозир хатти интиқоли барқи 220 киловолти аз Тоҷикистон ба Афғонистон то шаҳри Қундузи ин кишвар мавриди истифода қарор дорад ва Тоҷикистон тасмим дорад дар моҳи август то сентябри соли ҷорӣ ба Афғонистон дар ҳудуди 150 мегаватт нерӯи барқ бифурӯшад.
Вай гуфт, ин муомила танҳо ба хотири аз даст надодани бозори энержӣ дар Афғонистон ва оянда дар Покистону Ҳинд аст. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир як киловат нерӯи барқро ба Афғонистон дар ҳудуди 3,5 сенти амрикоӣ мефурӯшад. Дар ҳоле, ки Афғонистон як киловат соат нерӯи барқи Узбакистонро ба қимати 7,5 сенти амрикоӣ ворид мекунад.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
437
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
569
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
998
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
356
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
545
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1869
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
197
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































