АМВОЛИ "РОҒУН"-РО КӢ ДУЗДӢ МЕКУНАД?
Бозорҳои ғайрирасмие, ки маводи сохтмонии дуздида аз нерӯгоҳи Роғунро ба фурӯш мегузоштанд, баста шудаанд. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ин бозорҳо дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун фаъолият мекарданд.

Вай афзуд, то якуним соли гузашта ҳангоми дуздӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун кормандони масъули ҳукуматӣ низ боздошт шудаанд. Ӯ сарвари шӯъбаи муҳофизати ҳукумати шаҳри Роғунро мисол овард, ки бо як километр кабели баландсифати сохтмонӣ дастгир шудааст.
Ҷаноби Саидов илова кард, ки ба маблағи 60 миллион сомонӣ 35 тонна пӯлоди зангнахӯрандаи сохтмонӣ кашф шудааст, ки аз ҳисобот пинҳон шуда буд: "Ин ҳанӯз ба ҳисобу китоби имрӯза аст. Агар бо нархи замони Шӯравӣ гирем, чанд маротиба зиёд мешавад. Ин ҳамон металли қиматбаҳо аст, ки ғафсиаш 5 сантиметр аст ва дар замони Шӯравӣ аз Санкт-Петербург оварда мешуд. Онро асосан барои маҳкам кардани дарвозаҳо истифода мекунанд. Дар базаи Сичароғ бурда пинҳон кардаанд. Мақсадашон чӣ буд? Мехостанд тариқи ширкатҳояшон оҳиста-оҳиста онҳоро ба давлат фурӯшанд. Аммо мо онро кашф карда, ба ҳисобот ворид кардем."
ДУЗДИИ АМВОЛ БА НИЗОМИЁН РАБТ ДОРАД?
Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, бо иттиҳоми дуздӣ дар нерӯгоҳи Роғун афсарону сарбозони қисми низомии Горд ё Гвардияи миллии Тоҷикистон низ боздошт ва муҷозот шудаанд. Аммо иддае аз огаҳони вазъи ҷиноӣ дар нерӯгоҳи Роғун бар инанд, ки на ҳамеша таҳқиқи дуздии амвол аз сӯи афсарон дар ин сохтмони барои Тоҷикистон муҳим мунсифона сурат мегирад.
Абдураҳмон Шарипов, дар гузашта сарвари хадамоти иктишофии қисми низомии Горди миллӣ дар Роғун, ки даъво дорад ба далели фош кардани мавориди дуздии сӯзишвории дизелӣ аз вазифа сабукдӯш шудааст, мегӯяд, касе афсаронро муҷозот накарда, балки иддае ба вазифаҳои баландтару дигар гузаштаанд.
ДУЗДИ ЗӮР СОҲИБИ ГОВРО МЕБАНДАД?
Шарипов мегӯяд, вақте сухан дар бораи дуздӣ дар ҳамҷми калон, яъне ҷиноят меравад, муҷримон муҷозоти маъмурӣ карда шудаанд. Вай афзуд, чанд мавриди ҷинояти афсарони Горди миллӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон дар водии Рашт наворбардорӣ ва ҳуҷҷат шудааст.
"Лекин кормандони оҷонс мӯҳлати маводро гузарониданд. Тақрибан пас аз ду моҳ маводро ба додситонии низомӣ ирсол карданд. Акнун агар 10-уми октябр мавод омода шуда бошад, ҳоло моҳи июл аст, яъне пас аз 10 моҳ ягон чорае дида нашудааст. Ин корро худи оҷонс низ метавонист, анҷом диҳад, ки надод. Мо дуздонро боздошт кардем, вале онҳо ҳоло фаъолияти корӣ доранд. Мо бошем, бекор гаштаем",-илова кард ӯ.
"КАСЕ ШОҲИДӢ НАДОД"
Фаттоҳ Саидов мегӯяд, маводе, ки дар ин маврид пешниҳод шуда буд, ба далели он ки ба низомиён рабт дорад, ба додситонии низомӣ ирсол шуд. Аммо Рустам Одинаев, муфаттиши Додситонии низомии Тоҷикистон, масъули қазияи мазкур мегӯяд, аз оҷонс на парванда, балки маводи санҷишӣ расидааст ва пас аз таҳқиқ далоили дуздии афсарони Горди миллӣ собит нашудааст.
Вай афзуд, аввалан ин иттиҳом собит нашуд, ки беш аз 600 литр саляркаи дуздидашуда моли нерӯгоҳи Роғун аст: "Ин чиз ҳам собит нашуд, ки ягон низомӣ аз нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ дар нерӯгоҳи Роғун ягон литр саляркаро ба зӯрӣ гирифта бошад ё ба ӯ ихтиёран дода бошанд. Мо аз кормандони он ҷо баёнот гирифтем. Касе шоҳидӣ надод. Пас аз куҷо ин ҷо таркиби ҷиноят ҳаст?"
ҲАҚИҚАТ Ё ТӮҲМАТ?
Одинаев ҳамчунин гуфт, сабти видеоии Абдураҳмон Шарипов ва кормандони оҷонс ғайриқонунӣ гирифта шудааст, зеро тибқи қонунгузорӣ, сабт аз сӯи додгоҳ бояд расман иҷоза дода шавад ва ин сабтҳо ҷиноятро собит намекунанд. Хайринисо Комилова, сарвари маркази матбуоти Горди миллии Тоҷикистон дар кул даст доштани афсарони ин ниҳодро дар дуздии амволи нерӯгоҳи Роғун инкор мекунад: "Коргари собиқи мо тӯҳмат кардааст ва мо ба ӯ посух гуфтаем, ки чоп мешавад."
Нерӯгоҳи Роғун муҳимтарин ва бузургтарин тарҳи иқтисодии Тоҷикистон аст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо аз ҳисоби буҷа ва ҳам маблағи аз мардум ҷамъовардаи ҳукумат бунёд мешавад.
"ФИШОРҲОИ ИҚТИСОДӢ"
Дар гузашта расман ҳазинаи ин тарҳро беш аз 2 миллиард ҳисоб карда буданд. Ин тарҳ мухолифати мустақими Узбакистон ва ғайримустақими Русияро низ афзудааст, ки аз "фишорҳои иқтисодӣ" сари Тоҷикистон кор мегиранд. Коршиносон ҳазинаи ин фишорҳоро беш аз як миллиард доллар ҳадс мезананд.
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон мегӯяд, то якуним соли пеш воқеан мавориди дуздии амволи "Роғун" зиёд буд, аммо бо дастури раисҷумҳур ҳоло ҳар семоҳа вазъи молии нерӯгоҳ аз сӯи комиссияи махсус санҷида мешавад. Ахиран Абдураҳим Абдуҳасанов, собиқ муовини аввали раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бар фасоди Тоҷикистон низ сарвари раёсати ин ниҳод дар водии Рашт, маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" таъйин шудааст.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»-
22.03.2026 15:28
454
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
970
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2304
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2352
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































