КРОЛ: АМРИКО МУНТАЗИРИ НАТОИҶИ БОЗРАСИИ ТАРҲИ "РОҒУН" АСТ
Сафири Амрико дар Ӯзбакистон гуфтааст, ки кишвараш мавзеъгирии худро дар қиболи тарҳи “Роғун” танҳо баъд аз анҷоми бозрасии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ эълом хоҳад кард. Тибқи иттилоъи расонаҳои гурӯҳӣ, Ҷорҷ Крол, сафири Амрико дар Ӯзбакистон, ин матлабро рӯзи панҷшанбеи 26 январ дар як нишасти матбуъотӣ дар Тошканд эълом кардааст.
Хабаргузории CA-NEWS аз қавли оқои Крол навиштааст, ки Амрико мунтазири натоиҷи бозрасии ин тарҳ аз сӯйи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аст. Оқои Крол гуфтааст: “Танҳо баъд аз эъломи натоиҷи ин бозрасӣ ва бо дарназардошти муҳтавои он мо ба натиҷае хоҳем расид, ки иҷрои ин тарҳ зарурӣ аст ё хайр.”
Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи октябри соли гузашта вазири хориҷаи Амрико зимни як суханронӣ дар Душанбе бо ишора ба тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” гуфта буд, ки иҷрои тарҳҳои даҳаи 1970 чандон судовар ё муассир нестанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки давлати Тоҷикистон бояд ба натоиҷи пажӯҳиши коршиносони мустақил гӯш бидиҳад.
Хонуми Клинтон афзуд: “Вале натоиҷи ин пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ набояд барои давлати Тоҷикистон ҳарфи ниҳоӣ бошад. Давлати Тоҷикистон бояд танҳо бар пояи манофеъи миллии худ тасмим бигирад.”
Аз сӯйи дигар, вазири хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки Тоҷикистон набояд танҳо ба хотири мухолифат бо Ӯзбакистон ба иҷрои ин тарҳ иқдом кунад. Вай гуфт бояд имкони истифода аз манобеъи олтернотиви энержиро низ баррасӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 27 январ дар як нишасти матбуъотӣ дар Душанбе таъкид кард, ки давлати ин кишвар ба таъаҳҳудоти худ бо Бонки Ҷаҳонӣ содиқ аст ва бидуни анҷоми бозрасии ин тарҳ ба сохтмони он оғоз нахоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол мавзӯъи азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” норӯшан боқӣ мондааст. Кишварҳои поёноби рӯдхонаи Омӯ, аз ҷумла Ӯзбакистон, бо иҷрои ин тарҳ мухолифат карда ва иддаъо доранд, ки “Роғун” ба мушкилоти ҷиддии зистмуҳитӣ дар минтақа доман хоҳад зад.
Давлати Тоҷикистон умури бозсозӣ дар маҳалли нерӯгоҳи “Роғун”-ро идома медиҳад ва мунтазири натоиҷи бозрасии мустақиллонаи ин тарҳ аз сӯйи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ аст. Вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд натоиҷи ин бозрасӣ барои Тоҷикистон хушоянд нахоҳад буд.
Ба ин далел, дар авохири соли гузашта бархе аз коршиносон иддаъо доштанд, ки давлати Тоҷикистон набояд мунтазири натоиҷи ин бозрасӣ шавад ва дар моҳи декабр бояд маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳро бубандад.
Вале Президент Раҳмон дар авохири соли гузашта дар дидор бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ аз содиқ будани кишвараш ба таъаҳҳудоташ ба ин созмони байналмилалии молӣ дар заминаи “Роғун” изҳори назар кард ва дар ҷаласае ба тақвияти “умури бозсозӣ дар ин нерӯгоҳ” дастур дод.
Баъд аз ин, телевизиюнҳои Тоҷикистон зуд-зуд аз раванди корҳои сохтмонӣ “дар ин иншоъоти (таъсисоти) барои миллат сарнавиштсоз” гузориш пахш мекунанд. Гузоришҳое, ки то ду сол қабл дар замони фурӯши саҳоми ин нерӯгоҳ шабу рӯз пахш мешуданд.
Вале фурӯши “иҷбории” ин саҳом бо дархости созмонҳои байналмиллалии молӣ, аз ҷумла, Сандуқи Байналмиллалии Пул, мутаваққиф шуд ва барои муддате пахши гузоришҳо аз раванди умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ низ дар телевизиюнҳои Тоҷикистон мушоҳида нашуд.
Би-Би-Си
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
570
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2291
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
978
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1163
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
230
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
197
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































