ҲУШДОРИ ТОЗАИ УЗБАКҲО АЗ ХАТАРИ ЗИЛЗИЛА ДАР МАҲАЛЛИ БУНЁДИ "РОҒУН"
"Заминларзаи шадид дар наздикии садди 336-метрии нерӯгоҳи "Роғун" дар ҷануби Тоҷикистон метавонад мусибате бадтар аз суномии соли гузашта дар Жопкнро дар пай дошта бошад." Ин ҳушдорест, ки Шарифҷон Кучкаров, як масъули Вазорати кишоварзии Узбакистон, дар мақолае иброз доштааст. Ин мақола дар сойти хабаргузории "Жаҳон", вобаста ба Вазорати хориҷаи Узбакистон, мунташир шудааст.
Муаллифи ин мақола бо ишора ба зилзилаи се рӯзи гузашта дар минтақаи "Роғун", ки шиддаташ 3.5 дараҷаи Риштер буда, исрор кардааст, ки Тоҷикистон бояд бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро мутаваққиф кунад. Ӯ менависад: "Имрӯз олимони кишварҳои зиёд аз Тоҷикистон дархост мекунанд, ки воқеъбин бошад ва аз фоҷеъаи соли гузашта дар Жопун дарс бигирад ва сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", воқеъ дар яке аз минтақаҳои зилзилахез дар курраи Заминро мутаваққиф кунад."
Барои бори нахуст нест, ки масъулони ниҳодҳои давлатӣ ва фаъъолони зистмуҳитии Узбакистон аз паёмадҳои номатлуби зилзилаҳои эҳтимолӣ дар минтақаи "Роғун" садо баланд мекунанд. Аммо дар ин матлаб оқои Кучкаров барои тақвияти нигарониҳояш талош кардааст, ки аз нақли қавлҳое аз мутахассисони номдори Тоҷикистон истифода кунад.
Барои мисол, вай менависад: "Окодемисиян Собит Неъматуллоев, раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, бар асоси таҳқиқи равандҳои зилзилазо дар мусоҳибааш бо ИТАР-ТАСС гуфта буд, ки дар даҳ соли оянда бояд зилзилаҳои шадидеро дар минтақаи силсилакӯҳи Помиру Ҳиндукуш интизор дошт."
Вай меафзояд: "Баъид нест, ки заминларзаҳои имрӯзӣ дар Тоҷикистон пешгӯиҳои нигаронкунандаи ин мутахассиси тоҷикро собит мекунанд."
Ин дар ҳолест, ки ин ҳарфҳоро Собит Неъматуллоев дар мусоҳибааш ба ИТАР-ТАСС дар соли гузашта дар бораи минтақаи Ҳоити Тоҷикистон гуфтааст. Ин донишманди тоҷик дар бораи минтақаи "Роғун" таъкид карда буд, ки дар 500 соли ахир дар ин қисмат аз қаламрави Тоҷикистон зилзилае болотар аз шаш дараҷаи Риштер рух надодааст.
Дар ҳоле ки масъули Вазорати кишоварзии Узбакистон бо истинод ба Идораи зилзилашиносии Омрико менависад, ки дар тӯли як ҳафтаи ахир дар Осиёи Миёна ҳафт зилзила сабт шудааст, ба гуфтаи мутахассисони тоҷик, дар тӯли як сол дар Тоҷикистон ҳудуди се ҳазор зилзила сабт мешавад, аммо ба далели пойин будани шиддаташон, аксари онҳо эҳсос намешаванд.
Дар соли гузашта низ фаъъолони зистмуҳитии Узбакистон унвонии Бонки Ҷаҳонӣ дархосте ирсол карда буданд, то натоиҷи зилзилаи эҳтимолӣ дар минтақаи нерӯгоҳи "Роғун"-ро бозрасӣ кунанд. Аммо Бонки Ҷаҳонӣ ба ин дархост ҷавоби рад дод.
Роберто Лентон, раиси Ҳайъати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба ин дархости узбакҳо гуфта буд: "Бештари нигарониҳои Узбакистон дар Арзёбии сохтмони "Роғун", бозтоб ёфтаанд. Ва ҳадафи аслии ин арзёбӣ ҳам аз он иборат аст, ки асароти эҳтимолии нерӯгоҳи "Роғун" омӯхта ва тасмими дурусте дар ин замина гирифта шавад. Ва ҳамаи масоиле, ки дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳ матраҳ аст, ба назар гирифта мешаванд."
Зимнан, тибқи тавофуқи миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва давлати Тоҷикистон, ин ниҳоди молии байналмилалӣ арзёбии молӣ, фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро анҷом медиҳад. Бар асоси тавофуқи ду ҷониб, давлати Тоҷикистон аз идомаи умури сохтмонӣ дар маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи "Роғун" худдорӣ мекунад ва танҳо ба бозсозии таъсисоте машғул аст, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуда буданд.
Қарор аст натоиҷи аввалияи ин бозрасӣ дар тирамоҳи соли ҷорӣ эълом шавад. Ҳоло Тоҷикистон бавижа дар фасли зимистон бо мушкили камбуди барқ рӯбарӯ аст. Бо оғози баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи "Роғун", Тоҷикистон умедвор аст ин мушкилро ҳал кунад ва барқи изофиашро ба Афғонистону Покистону Эрон содир кунад.
Би-Би-Си
-
22.03.2026 15:28
453
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
969
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1383
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2303
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1199
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2351
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
518
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
977
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1162
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































