ШУБҲАИ КОРШИНОСОН БА "ШАФФОФИЯТ"-И АУДИТИ РОҒУН
Аудити фаъолияти молии нерӯгоҳи Роғун барои солҳои 2007-2010 ба анҷом расида ва натоиҷи аввалия ҳокист, ки ҳеҷ камбуди ҷиддӣ вуҷуд надоштааст.
Хайрулло Сафаров, мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки рӯзи ҷумъаи 18-ми май дар сӯҳбат бо мо гуфт, ширкати аудити байналмилалии «Делойт ва Туш» фаъолиятҳои молиявӣ ва муҳосиботи неругоҳро тайи ин муддат дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ кардааст: «Дар ҳақиқат ҳам баҳогузории ҷамъияти саҳҳомии нерӯгоҳи Роғунро ширкати Делойт ва Туш бар ӯҳда дорад ва онҳо аудитро бисёр бо назари хуб ҷамъбаст карданд.»
Баҳои мусбати ин ширкати аудити байналмилалӣ аз фаъолиятҳои молии нерӯгоҳи Роғун дар ҳоле эълон мешавад, ки қарор аст рӯзи 5-июни соли ҷорӣ дуввумин нишасти солонаи саҳҳомони нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Ва яке аз масоили мавриди баҳси ин нишаст, масорифи маблағҳои будҷаи давлатӣ ва пулҳои аз тариқи фурӯши саҳмияҳо ба дастоварда дар корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки тарзи истифодаи ин маблағҳо ва бахусус шаффофият дар фаъолияти ширкат ва корхонаҷоти вобаста ба умури сохтмонии ин нерӯгоҳ борҳо дар сафаҳоти расонаҳои дохиливу хориҷӣ таҳти шубҳа гузошта шудааст. Зимнан дар феҳристи муассиса ва ширкатҳои шарик дар умури сохтмонии ин нерӯгоҳ ҷой доштани номҳои «Раҳмонҷон», «Сомонтаъминот», «Сомонтаҷҳизот» ва «РогунГЭСстрой», ки гуфта мешавад ба афроди алоҳидаи баландмақом тааллуқ доранд, сару садоҳо дар бораи ношаффофияти истифодаи маблағҳо дар ин иншооти бузурги саноатиро ба бор овардааст.
Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, ки дар иртибот ба ин мавзӯъ чанд матлабе ҳам ба нашр расонидааст, мегӯяд, маблағҳои зиёд дар ин сохтмони муҳим ғайримақсаднок истифода мешаванд. Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ки мудирият дар ин иншоот тавре роҳандозӣ шудааст, ки бештари пулҳо тавассути «Ориёнбонк», ки ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раиси ҷумҳурӣ марбут аст, чархонида мешавад, дар ҳоле ки пудратчии асосии сохтмони нерӯгоҳ ҳам ширкати вобаста ба Ҳасан Асадуллозода аст:
«Дар сохтмони Роғун ба ҷойи вазифаи пудратчии генералӣ сохтори ба «Ориёнбонк»- тааллуқдошта бозӣ мекунад, ки ин «Роғунгэсстрой» ном дорад, ки онро Ҳасан Асадуллозода харида аст. Ва чанд пудратчии кӯчак, ки дар онҷо кор мекунанд, байни онҳо масалан Исмоили Сомонӣ-Асри 21 аст, ки онҳо ҳам аз худи Асадуллозода аст. Ин кор аз рӯи этикаи корпоративӣ ва этикаи байналмилалӣ, комилан манъ аст, номумкин мебошад. Зеро чунин кор замина мешавад барои дуздидани пул ва истифодаи ғайримақсадноки он».
Вале Хайрулло Сафаров, мудири кулли нерӯгоҳи Роғун истифодаи ношаффофи маблағҳо ва ба афроди алоҳидаи мансабдор тааллуқ доштани муассиса ва ширкатҳои машғул дар умури сохтмонии ин нерӯгоҳро рад кард: «Корхонаҳое, ки дар инҷо кор мекунанд, аз назари ҳам пудратчии генералӣ ва ҳам фармоишгар мегузаранд ва шаффоф кор мекунанд. Дар кори сохтмони нерӯгоҳи Роғун ягон корхонаи шахсие, ки аз ҷиҳати техникӣ салоҳият надорад, лавозимоти дуруст надорад, аз ҷиҳати фикриву фаннӣ дониши мукаммал надорад, кор карда наметавонад.»
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир кардани як фармон нерӯгоҳи Роғунро моликияти истисноии давлат эълон кард. Ва ба ин тартиб 75 дар сад аз саҳҳоми ин нерӯгоҳ дар ихтиёри давлати Тоҷикистон қарор дорад. Дар соли 2010 давлат 25 дар сади саҳмияҳои ин нерӯгоҳро ба фурӯш гузошт, ки ба ин васила ҳудуди 190 миллион доллар ба даст овард.
Феҳристи саҳмиядорони умда аз ин миқдори маблағ ба нашр нарасидааст, вале дар шумори он аз тамоми табақаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд. Ба хотири сарфаи шаффоф ва дурусти ин маблағҳо бо ширкати афроди саршинос ва мӯътабари кишвар як Шӯрои нозирони ширкати нерӯгоҳи Роғун дар соли 2010 ташкил карда шуд. Ин Шӯро мебоист ҳар моҳ ҷаласа доир карда аз тарзи харҷи ин маблағҳо ба мардум гузориш медод.
Аммо Масъуд Собиров, узви комиссиюни назорати масорифи маблағҳои Роғун гуфт, ки ин Шӯро танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад ва амалан коре ҳам ба анҷом нарасонидааст, чун ҳеҷ гуна салоҳияти мушаххас надорад: «Тибқи низомнома бояд моҳе як маротиба ин комиссиюн ҷамъ шавад ва дар васоити ахбор омма ҳар моҳ ҳисобот медодем, ки ин корҳо умуман нашудааст. Ягон маълумоте ҳам нест, ки дар мавридаш гап зада шавад. Ва моро ҳеҷ кас ҳам иҷозат намедиҳад, ки ба фаъолияти молӣ, яъне масрафи маблағи Роғун санҷиш бигзаронем.»
Бо ин ҳама дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳоло ширкат ва муассисаҳо аз Русия, Украина ва Эрон якҷо бо ширкатҳои тоҷикӣ фаъолият мекунанд. Дар ТВ-ҳои Тоҷикистон низ гузоришҳои вижа аз ҷараёни сохтмони ин нерӯгоҳ дар ин авохир бештар шудааст. Агарчанде ки то кунун коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳқиқи фанниву зистмуҳитии ин неругоҳро ба анҷом нарасонида ва ҳарфи охири худ дар бораи мумкин ва ё ғайримумкин будани ин сохтмонро баён накардаанд.
«Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
453
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
435
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
568
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
363
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
417
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
969
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
996
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
696
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1383
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2303
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
272
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
305
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
355
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
544
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1199
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1142
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2290
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2351
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3381
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
518
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1868
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2014
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
977
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1162
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1139
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
228
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
298
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
208
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
333
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
196
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































