Журналисти собиқадор мушоҳида кардааст, ки роҳбарон аз мардум хеле фосила доранд
Бо “Рӯзгор” будан хушам омад
Ростӣ чанд муддат пеш тақрибан тарки рӯзномахонӣ карда будам. Гоҳ-гоҳ сари роҳ “Нигоҳ” ё “Миллат” ва ё “Фараж” мехаридам ва аз назар мегузаронидам. Мақолаҳои мақбулро мехондам, атрофашон фикран мулоҳизаронӣ мекардам. Мекӯшидам ба ҳар навишта аз нигоҳи худ баҳо диҳам ва ҳамеша ин арзёбиро барои худ нигоҳ медоштам, гоҳ-гоҳе дар ҳалқаи ҳамкасбон дар ин ё он маъракаҳо ибрози назар мекардам, вале ҳич боре нашуда, ки ба идораи ин ё он нашрия аз мӯҳтавои шумора нома карда бошам. Ва бори аввал инро барои “Рӯзгор” мекунам. Чаро?
Ҷои пинҳон кардан нест, ки ҳар хонанда вақте ин ё он нашрияро харидорӣ мекунад, аз он матлаби ба табъу завқи худ муносибро меҷӯяд ва мехонад ва ҳатто ҳангоми интихоби нашрия аз дӯкон аввал ба саҳифаҳои он чашм медавонад, ки кадомашро бояд бихарад. Зеро на ҳама имкони онро доранд, ки ҳамаи ҳафтаномаҳоро ҳатман харидорӣ кунанд. Бовар кунед, агар ҳатто шумораи он ҳафтанинаи ин ё он нашрия як мақолаи хонданӣ дошта бошад, аз хариданаш изҳори пушаймонӣ намекунад. Ва ман ҳам аз ҳар ҳафтаномае, ки мехаридам, матлаберо мекофтам, ки ба завқам мувофиқ бошад.
Вале аз замоне, ки “Рӯзгор” мехонам, ин ақида аз ман рафт, ки нашрия бояд ақалан як матлаби хонданӣ барои инсон дошта бошад. Ман аз ҳар шумораи “Рӯзгор” аввал ду ё се ва ҳоло аксари матлаби дар он интишормешударо мувофиқ ба завқи худ меёбам ва мехонам. Агар касе аз ман бихоҳад, ки мақолоти мавриди қабулам аз ин нашрияро ном барам, шояд даҳҳо мақолаву мусоҳиба ва ҳатто хабарро метавонам ном барам.
Масалан, аз шумораҳои охир метавонам мусоҳиба бо Карим Мусо дар бораи шодравон Ҷумъа Одина, оғози чопи асари то ин замон интишорнашудаи Мирсаид Миршакар “Султони дуздҳо”, сӯҳбат бо марҳум Камол Айнӣ дар бораи муносибати устод Айнӣ бо Шароф Рашидов, саҳифаи тозатаъсиси “Сад фарди маъруф”, ҳикояҳои “Талаби омурзиш” ва “Девони Ҳофиз”, мақолаи таҳлилии “Раводидро Каромат раво дид, аммо Путин...”, мусоҳибаҳо бо ҳунармандони варзида Дилбар Умарова, Тағоймурод Розиқов, Қурбони Собир, Ортиқ Қодир ...ва ғайраҳо. Инҳо ҳама матолибе мебошанд, ки хеле ҷолиб ва арзишманданд.
Гирем сӯҳбат бо марҳум Камол Айниро. Ҷузъиёти комилан тоза бораи ман буд ва нав фаҳмидам, ки арбоби давлатӣ ва нависанда Шароф Рашидов бо Қаҳрамони Тоҷикистон муносибати болотару фаротар аз шогирдиву устодӣ доштааст ва ин марди бузурги таърихи фарҳангу тамаддуни оламро падари худ мехондааст. Гумон мекунам ин гуна мақолаҳо кашфиёти илмианд ва бояд, ки устодони факултаҳои филологии донишгоҳҳои кишвар ба шогирдонашон талқин кунанд, ки “Рӯзгор” хонанд, то аз чунин кашфиёту таҳқиқоту пажуҳиш баҳраманд гарданд.
Умуман гуфтаниҳои зиёд дорам ва гумон мекунам оянда боз хоҳам гуфт. Ҳатто ороиши “Рӯзгор”, ҷобаҷогузории мақолаҳову интихоби хабарҳо, вокунишҳо ба рӯйдодҳои сиёсӣ, ки хеле мунсифона ва дар доираи одоби журналистӣ сурат мегиранд, ҷолибанд. Вале ҳоло мехостам як эроду як пешниҳодамро иброз дорам. Эрод ин ки чаро дар радифи сад фарди маъруф, ки дар шумораи гузашта чоп шуд, исми аввалин президенти интихобии Тоҷикистон Раҳмон Набиев набуд? Магар “Рӯзгор” ин фардеро, ки бидуни шак дар таърихи истиқлолияти кишвар хеле муҳим аст, чун шахсияти таърихӣ эътироф надорад?
Ва пешниҳод: хеле хуб мешуд аз рӯи имкон шумо ба деҳоти кишвар раҳсипор мешудед ва аз воқеъияти зиндагонии мардуми деҳот менавиштед, муносибати роҳбарон бо мардум, фосила миёни сарварону мардуми оддиро ба қалам медодед. Гумон мекунам ин кори хеле олӣ мешуд. Чун журналист вақтҳои охир мушоҳида мекунам, ки роҳбарон аз мардум хеле фосила доранд.
Бо эҳтиром, Ҷумъа Расул, узви Иттифоқи журналистон, собиқ сармуҳаррири Иттиҳодияи ахбору сиёсӣ ва ҷонишини Директори барномаҳои радиои Тоҷикистон
“Рӯзгор”: Ташаккур ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигори шинохта Ҷумъа Расул ва миннатдорем, ки ин гуна инсонҳои хизматкарда дар матбуот, радио ва телевизион атрофи матолиби ҳафтанома изҳори назар мекунанд. Мо ба ин гуна таваҷҷӯҳ аҷр мегузорем ва умедворем ҳамқалами мо минбаъд низ ҳамкориро бо “Рӯзгор” идома медиҳанд ва на танҳо андешаҳои худро менависанд, балки мушоҳидаҳои хешро аз зиндагӣ ва он ки худашон “фосилаи роҳбарон аз мардум” номиданд, менависанд. Ва дар мавриди эродашон: “Рӯзгор” ба хизматҳои арбоби шоистаи давлатӣ ва аввалин президенти интихобӣ марҳум Раҳмон Набиев эҳтиром қоил аст. Раҳмон Набиевро халқ ба сарвари худ баргузида буд ва иродаи мардум муқаддамтар аз чизи дигар аст. Вале он чӣ интишор мешавад, назари “Рӯзгор” нест, балки навиштаи кормандони Китобхонаи миллӣ Ёр Муҳаммад ва Ҷамил Валиев аст. “Рӯзгор” онро интишор дод ва агар таваҷҷӯҳ карда бошед, дар нахустин шумора мо ишора кардем, ки на ба ҳамаи ин навиштаҳо метавонем мувофиқ бошем. Дар шумораи гузашта, ки яқинан то ирсоли ин нома ба дасти мӯҳтарам Ҷумъа Расул нарасида буд, исми Раҳмон Набиев дар рӯйхати мукаммали 100 арбоби маъруфи сиёсии тоҷик чоп шудааст. Ва дигар: дар наздиктарин фурсат мо кӯшиш хоҳем кард 100 шахсияти маъруфро аз назари “Рӯзгор” омода ва ба муҳокимаи хонандагон пешкаш кунем.
Эътирози Лола
Хонандаи мо Лола аз шаҳри Душанбе, ки худро донишҷӯ номид, низ ба саҳифаи “Сад шахси маъруф” эътироз кард. Вай гуфт “Рӯзгор”-ро аз нахустин шумораҳояш мехонад ва ба ин нашрия дил баста буд. Аммо баъди интишори саҳифаи “Сад фарди маъруф” каме дилмонда шуд. Зеро дар ин рӯйхат исми ду адиби дӯстдоштаи худ: Абдулҳамид Самад ва Саттор Турсунро пайдо накард.
Ба арзи Лолаи азиз расондем ва боз ҳам мерасонем, ки аввалан рӯйхати интишоршуда нокомил аст ва дар бахши сад шахсияти фарҳангӣ ҳатман, ки исми ин адибон хоҳад омад. Ва дуюм, он чӣ интишор мешавад, назари ду корманди Китобхонаи миллист ва кормандони “Рӯзгор” дар таҳия ва ғояи такмили он даст надоранд.
Чӣ ҳикояи ҷолибе!!!
Ростӣ муддати ин як соли охир ҳикояи ҷолибе ба мисли ҳикояи “Талаби омурзиш”-и Одил Исломӣ нахонда будам. Чӣ ҳикояи хубе! Марде пушаймон аст, ки як бародари мӯъминро куштааст ва ҳоло талаби омурзиш дорад, вале акнун ӯ ки зери хоки сард хобидааст, кӣ гуноҳи ин қотилро бояд бахшад? Э кош ҳамин андеша пештар ба сараш меомад ва шояд даст аз рехтани хуни ноҳақ мебардошт.
Ман аз хондани ин ҳикоя хеле мутаассир шудам. Як бори дигар он саҳнаҳои хунин пеши назарам ҷилвагар шуданд. Ман худ дар ин ҷанги бародаркуш падар аз даст додаам. Хеле хурдсол будам, ки ҷангиёни хуношом қиблагоҳи маро танҳо ба хотири он ки як марди кӯҳистонӣ буд, ба қатл расонданд. Падари ман гуноҳе ҷуз ин надошт, вай на узви ҳизби исломӣ буд ва на демократу Растохез. Вале мусалмон буд, панҷ вақт адои намоз мекард. Аммо кушта шуд. Ҳоло ҳам ҷигарам барояш месӯзад. Бепадарӣ чӣ мусибати сахтест.
Ва ҳоло ки ин ҳикояро хондам, ба ин андеша дода шудам, ки ин афрод на яке на сад, балки ҳазорҳо нафар буданд, ки қумандонҳои ду ҷониб аз тираақлӣ тирборонашон карданд. Муаллиф ҷабри ба сари ба истилоҳ вовчикҳо омадаро навиштааст. Вале оё кам буданд афроде, ки аз дасти ҳамин вовчикҳо кушта шуданд? Ду тараф дар маҷмӯъ миллатро нобуд сохтанд, миллатро аз байн бурданд. Ва ин табиист, ки хуни ноҳақ рехташуда қасос мехоҳад. Ва он ки як тан аз куштаи худ талаби омурзиш мекунад, ҳамон қасоси руҳи шаҳид аст, ки то охирин лаҳзаи умраш бо ӯ мемонад.
Саломиддин, сокини Бохтар
“Талаби омурзиш” ёди маро ба матлаби дигари “Рӯзгор” бурд. Ёд доред “Қиссаи зшони Султон”-ро? Шахсе дар Афғонистон аз устод Нурии раҳматӣ хоҳиш мекунад, аз авлодони зшони Султон касеро пайдо кунад, то ӯ талаби омурзиш намояд. Ин пирамард иқрор мешавад, ки он авлиёи Худоро бо шаҳодати дурӯғини ӯ Фузайл Махсум ба қатл расонид. Ва мегӯяд, ки шабу рӯз руҳи ҳазрати Султонро дар хоб мебинад, аз Худо садҳо бор талаби марги худ кардааст, то аз ин азоб халос шавад. Вале марг ҳам аз ӯ мегурезад.
Оре, дуруст аст. Ман ба қасоси руҳ бовар дорам. Руҳ инсонро намекушад, вале қотилро ҳамеша дар ҳолати тарсу ваҳм нигоҳ медорад. Ҳатто агар шахсе аз хонадони эшони Султон он пирамардро мебахшид, руҳи он авлиё ором намегирифт. Ҳикояи “Талаби омурзиш” ҳамин ҳақиқат, яъне иртиботи руҳ бо олами ҳастиро исбот мекунад.
Бибимарям Одилова, Турсунзода
Чаро “Рӯзгор” дар Бадахшон нест?
Бовар намекунед? Ман сомонаи “Рӯзгор”-ро мехонам, вале тахмин мекунам на ҳама матолиби он дар сомона ҷо дода мешавад. Аз ин рӯ дар дил аҳд кардам, ки онро пайдо кунам. Аз маркази Ишкошим то Хоруғ рафтаму суроғ кардам, аммо наёфтам. Чаро?
Акбаршоҳ, омӯзгор
“Рӯзгор”: Мутаассифем, ки бародари арҷманд Акбаршоҳ дар ҷустуҷӯи ҳафтаномаи “Рӯзгор ноком шудааст. Ва мепурсад, ки чаро? Ин суоли рӯз аст ва онро метавонанд иддае аз сокинони Суғд ҳам диҳанд. Ҳатто ду ҳафта пеш аз ноҳияи Турсунзода низ Зебо Камолова ном хонандаи мо чунин суол карда буд. Зебо дар Душанбе “Рӯзгор”-ро дидааст, вале ҳафтаи дигар дар маркази ноҳия пурсидаву аз ҳич дуконе пайдо накардааст. Аммо ин гуноҳи мо нест. Ҷурми касонест, ки масъули ё ташаббускори паҳн кардани рӯзномаҳо мебошанд. Мо омодаи ҳамкорӣ бо ҳар касе ҳастем, ки мехоҳад «Рӯзгор»-ро паҳн кунад ва барои ин кор мусоидат мекунем. Аз паҳнкунандагони нашрияҳои маҳалли зисти худ талаб кунед. “Рӯзгор” низ чун ҳамаи нашрияҳо дар маҷмаъаи Шарқи озод дукони худро дорад ва аз он ҳар шумораи нашрияро бо ҳар теъдоде, ки мехоҳанд, дастрас карда метавонанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13ноябри соли 2013
-
25.10.2025 14:45
431
«Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар демократикунонии ҳаёти ҷомеъа»
-
25.10.2025 14:42
413
“Конститутсия ва Истиқлолият”
-
11.10.2025 12:56
470
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
26.09.2025 12:42
346
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
394
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1118
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
19.10.2025 11:34
417
Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест 2025»
-
19.10.2025 11:32
346
Иштирок дар Конфронси вазирони меҳнати кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ
-
19.10.2025 11:30
356
Муҳтавои санадҳои ҳамкории баимзорасида бо ҷониби Федератсияи Русия
-
16.10.2024 00:22
1548
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1483
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2185
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
378
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
413
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
282
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:54
292
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
390
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
21.09.2025 15:05
316
«Шоҳнома» — бузургтарин ҳамосаи миллӣ
-
25.09.2025 15:50
274
Ҳифзи меҳнат ва таъмини он
-
28.08.2025 19:19
416
Ташрифи ҳайати губернатории вилояти Томски Федератсияи Русия ба Тоҷикистон
-
18.05.2025 13:40
884
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия
-
28.02.2025 13:34
1454
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1519
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2423
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1126
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1094
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2306
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
10.09.2025 16:47
332
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
10.09.2025 16:45
336
Истиқлол мубораку поянда бод, Tоҷикистони азиз!
-
10.09.2025 16:43
386
Истиқлол - ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик
-
27.04.2025 14:10
939
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1110
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
934
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3454
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3606
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4077
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
522
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
532
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
615
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































