Султони қалбҳо дар ёди дӯстон
Ёде аз падар – Султони қалбҳо
06.06.2026 13:38
297
Расо ҳафт сол пеш, дар ҳамин рӯзи оғози тобистон (06.06.2019), қисмати бераҳм сояи давлати шуморо, падарҷони азизам, аз сари мо гирифт. Шумо рафтеду бо рафтанатон баҳори зиндагии мо хазон шуд.
Султони Ҳамад - аз амният то сулҳ, аз қалам то қалбҳо
28.04.2026 14:45
568
Дар фазои иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол, шахсиятҳое ҳастанд, ки ҳаёташон ҳамчун як матни кушодаи таърих хидмат мекунад. Яке аз чунин шахсиятҳои беназир Султони Ҳамад – рӯзноманигор, таҳлилгари сиёсӣ, дипломати сулҳ, муҳаққиқи фарҳанг, санъатшинос, инъикосгари варзиш ва ниҳоят инсоне, ки зиндагии ӯ ҳамчун оинаи фоҷиаву пирӯзиҳои миллати тоҷик дар охири асри бист ....
Номаи ҷонсӯз ба қиблагоҳи ҷовидонам ва модари азизам...
19.04.2026 17:10
222
Имрӯз боз ҳамон рӯзест, ки тақвим бо хати сурх ва дили ман бо хати хун нишон додаанд. Имрӯз рӯзи ба дунё омадани шумост, падарҷон. Рӯзе, ки солеҳе ба ин олам омад, то барои мо дунёро нурбахш ва зиндагиро маъно диҳад.
Устод Султони Ҳамад як инсони вораста, покзамир, миллатмеҳвар, фарҳангпарвар, хоксору пуртавозуъ, хушсуҳбат буданд
07.04.2025 11:58
709
Ҷашни зодрӯзи устод Султони Ҳамадро ба аҳли хонадонашон, ба дӯстонашон, ба ҳамандешонашон, ба ҳама инсонҳои шарифу поктинат муборакбод мегӯям. Устод барои миллати мо басо корҳои бузургу сутургу мондагореро анҷом додаанд.
ДУРУДИ БЕКАРОН БА РУҲИ БУЗУРГИ ТАМОМИ ПАДАРОНИ ОСМОНӢ...
03.04.2022 10:00
899
Худоеро бас шокирам, ки аз рӯи карам падару модари фидокор насибам карда буд, то дар сояи дарахти пурбори вуҷудашон биёсоям ва аз решаи онҳо шоху барг бигираму аз сояи вуҷудашон дар роҳи касби илму дониш талош намоям.
МАРД НАМИРАД БА МАРГ...
12.06.2021 16:47
1146
Бегумон, Аҳмад Зоҳир ситорае рӯшану такрорнашуданӣ дар осмони мусиқии ҷаҳон даҳсолаҳо боз медурахшад. Алоқамандони таронаву суруду оҳангҳои диловези ӯ батакрору бо шӯру шавқу иштиёқ ба хонданҳояш гӯш медиҳанду ҳамоно маҳбубу дӯстдоштанӣ боқӣ мемонад...
АҲМАД ЗОҲИР ВА СУЛТОНИ ҲАМАД
11.06.2021 13:25
803
Ошиқе, ки хоста буд нома нависад, навишт. Номааш ба маъшуқа расид…Шоире дар талоши шеър буд… Шеърашро хонданд…Мусаввире сари тоблуе муддате заҳмат мекашид… Тоблуяш аржанги сонӣ номиданд…Инсон ҳамеша қодир буд ба андозаи тавоне, ки Парвардигор атояш карда, эъҷозе кунад.
АЙ ПАДАР, МО ҲАМАГӢ ЧАШМ БА РОҲАТ ҲАСТЕМ...
03.04.2021 15:56
902
Ёди гиромиат то абад дар дилу дида хоҳад монд, Падарам! Имрӯз рӯзи Шумост, ай нури чашмонам. Рӯзе, ки субҳи барвақт барои табрики Шумо меомадаму бо як нигоҳи пур аз меҳру вафо сӯям менигаристед...
АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО: "ПАЙКАРАИ СУЛТОНИ ҲАМАД"
03.04.2021 15:47
799
Рӯйи мармар дошт Султони Ҳамад,
Қадди ар-ар дошт Султони Ҳамад,
Дар муҳиту мактаби одамгарѝ,
Сабки дигар дошт Султони Ҳамад.
ТАҚДИМ БА ПАДАРИ ОСМОНИЯМ...
08.08.2020 10:00
967
Имрӯз зодрӯзам ҳаст, як рӯзе, ки бо рафтанатон аз канорам рафт. Ин рӯз рӯзе буд, ки субҳи барвақт бароям шеъргӯён табрикам мегуфтед... Рӯзе буд, ки пеш аз ҳама бо модар ба табрикам меомадед... Рӯзе буд, ки бароям тамоми хушиҳои зиндагиро ба мисли рӯзҳои дигар аз даргоҳи Худованд мехостед...
ЗИ МАРГИ НОБАҲАНГОМИ ПАДАР ҲАР БОР МЕГИРЯМ...
20.06.2020 15:14
1835
Ҳама рӯзу шаб ба ёдат ҳастам, аммо имшаб хеле дилам ёдат кард. Беихтиёр чашмам афтод ба аксат, то ба худ омадам, ки чашмонам пуроб шуд. Падари меҳрабонам, хеле дилам бароят танг аст. Ҷоят холии холист. Камбуди Шуморо бадҷурӣ эҳсос мекунам.
Охарин суҳбати равоншод Султони Ҳамад дар Радиои "Фарханг" 2018
08.02.2020 13:13
994
Соли 2018. Рӯзи мелод ва марги Аҳмад Зоҳири ҷовидон. Қарор буд, ки бобати ин овозхони нотакрор дар Радиои "Фарҳанг" барномае таҳия созам. Он шабу рӯз равоншод Султони Ҳамад - муҳаққиқи барҷастаи ҳаёту эҷоди Аҳмад Зоҳир дар саҳифаи фейсбукии худ аз он хабар доданд, ки китоби дигар ва мукаммалашон бо номи ....
Ёде аз муҳоҷират ва Султони Ҳамад
17.12.2019 19:27
1037
Дар рӯнамоии китоби устод Султони Ҳамад “Чӣ ҳол дорӣ, муҳоҷир”, ки рӯзи ҷумъаи гузашта бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандони марҳум дар Шӯрои воситаҳои ахбор баргузор шуд, ман гуфтам, ки устод Ҳамад дар бораи ду муҳоҷират навиштаанд, ки мутаассифона навиштаҳо...
Падар, бишнав ин ҳарфи фарзанди хеш…
08.08.2019 01:52
1717
Салом падарам!Аз осмон чӣ хабар?Меҳмонии Худо тамом нашуд, ки баргардӣУмедворам онҷо ки ҳастӣ, ҳолат хуб аст. Инҷо ҳоли ҳамаи мо якранг шуда. Ғами нестии ҷуз дидани ҷойи холии шумо, ҷуз таҳаммули чашмони ғамгини модар, ҷуз диле, ки дигар бароямон дил намешавад, дар фироқат мондаем.
...خدا صبرت بده ای دل
05.08.2019 18:21
982
خدا صبرت بده ای دلجدایی سخته میدونمیه چند روزی تحمل کنمنم مثله تو داغونم
















