20:54
бо вакти Душанбе
22-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
ТАРКИШИ БАЛОНИ ГАЗ ДАР АВТОБУСИ НАҚЛИЁТӢ
Видео - Бе шарҳ
19.02.2012 15:02

Имрӯз, 17-уми феврал, тақрибан соати 3-и баъд аз зӯҳр дар назди бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар наздикиҳои стадиони «Пахтакор»- маркази вилояти Хатлон ҷойгир шудааст, як балони гази автобуси мусофирбари тамғаи ПАЗ, рақами давлатиаш 34-97 В 01 таркид.

tarkish_18Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ таркиш вақте ба амал омад, ки тамоми мусофирони автобус онро тарк карда буданд. Дар натиҷаи таркиш, хушбахтона, касе ҳалок ва ё захм набардоштааст. Зарбаи мавҷи таркиш раҳгузареро аз ҷои воқеа дур партофтааст, ки дар натиҷа пояш андаке лат хӯрдааст. Сабаби таркишро шоҳидон  дар дуруст риоя накардани қоидаи бехатарии истифодаи газ арзёбӣ намудаанд.

Дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» сабаби инфиҷори балони газ дар нақлиёти мусофиркашонӣ дар чӣ будааст, навбатдори Вазорати корҳои дохила аз ба вуқӯъ омадани чунин воқеа дар шаҳри Қӯрғонтеппа изҳори беиттилоӣ намуд.

Дар зер навори видеоиеро аз ҷои ҳодиса манзуратон мекунем.

 

 


Миқдори нигориши мавод: 342

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh