БАҲСИ ДИНУ ДАВЛАТ ДАР КАНОРИ ҲАМ
Равобити давлат ва дин дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳарду ҷонибро қонеъ мекунад ва давлат талош дорад ҳама шароит ва имконот барои адои фароизи мазҳабӣ ба шаҳрвандони худро фароҳам кунад. Ин нуқтаи назар ва мавқеи коршиносон ва таҳлилгарони ниҳодҳои вобаста ба давлати Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар як нишасти байналмилалӣ бахшида ба мақоми ҷуғрофиёиву сиёсии Тоҷикистон ва нақши кишварҳои абрқудрат дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе ироа гардид.
Аммо коршиносони хориҷӣ мегӯянд, ҳанӯз дар ин кишвар дар равобити дин ва давлат мушкилот андак нест ва ниёз барои ислоҳ ва тағйирро дорад. Матлуба Оқилова, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар тавозуни муносибат бо нерӯҳои исломӣ намунаест, барои кишварҳои дигари минтақа.
Хонум Оқилова дар бораи «Ҷаҳони секулярӣ, яъне низоми давлатдории дунявӣ, ислом ва Тоҷикистон» чунин ибрози назар кард: «Тоҷикистон бояд самтеро пеш гирад, ки амнияти гӯруҳҳои мухталифро таъмин карда тавонад, манфиатҳои эътиқодии онҳоро зери ҳимоя гирад. Ва ҳамин тавозуни муносибати ваҳдатофарро бо нерӯҳои исломи ҳифз кунад».
Абдуғаффори Камол, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон тавонист бо талошҳои дохилӣ равобит бо нерӯҳҳои исломиро ба роҳ монад. Оқои Камол меафзояд, Тоҷикистон нишон дод, ки ҳузур ва аз лиҳози қонунӣ ҷойгоҳ додан ба нерӯҳои динӣ, на таҳдид, балки омили офарандаи субот аст.
Ӯ гуфт, «беҳтарин намунаи бо ҳам омадани дину дунё дар Тоҷикистон аст. Ва тарҷибаи Тоҷикистон метавонад барои кишварҳое, ки мисли мо ҳастанд, намуна бошад. Чунки Тоҷикистон тавонист аз ҷойгоҳи қонуни ҳал кунад, ки дин дар ҷойи худ ва давлат дар ҷойи худ аст».
Аммо Масеҳои Қулизода, устоди Донишгоҳи улуми сиёсӣ ва дипломатии Ориёи Мазори Шарифи Афғонистон, ки дар ин конфронс дар мавзӯъи «Мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсии Тоҷикистон: фурсатҳо ва чолишҳо» сӯҳбат мекард, дар ин маврид назари дигар баён дошт.
Ба гуфти ӯ, шакл гирифтани исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ омилҳои хатарзо ба дунбол дорад. Вале агар давлатҳо битавонанд, ки динро аз давлат ҷудо нигоҳ доранду фазои муносиб ва солимро барои эътиқоди динии мардум фароҳам созанд, заминаи ифротгароӣ заъиф хоҳад шуд.
Оқои Қуллизода афзуд, «Тавсияи ман бархӯрд ба гӯруҳҳои исломӣ нест. Вале иҷоза додан ба онҳо, ба унвони як мусалмон, на ба унвони як ҳизби исломӣ, ки бихоҳанд низоми сиёсиро тағийр диҳанд ва табдил ба ҳукумати исломӣ кунанд. Ва дар айни ҳол низоми сиёсиро табдил ба як низоми сиёсии динӣ, дар ниҳоят барои озодиҳои иҷтимоӣ ва барои манофеи иқтисодӣ чизи хуб нест. Зеро дунё ба самте намеравад, ки Шумо давои идеоложӣ мекунед, хоҳ Ислом аст, хоҳ коммунизм. Дунё ба самти манофеъи иқтисодӣ рафта истодааст ва беҳтар аст, ки ин кишварҳо болои манифатҳои иқтисодӣ фикр кунанд».
Ба гуфти ин таҳлилгар, Тоҷикистон ҳарчанд дар сулҳофаринӣ таҷриба дорад, аммо ҳанӯз дар муомила бо исломи сиёсӣ таҷрибаи кофӣ надорад. Таҳлилгари дигар, Абдуллои Раҳнамо мегӯяд, таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки исломи сиёсӣ хатар надорад. Худи ҳамин таҷрибаи исломи сиёсии Тоҷикистон модели нав аст. Исломи сиёсии ифротӣ танҳо дар қиболи сиёсати ифротии дунёвӣ вуҷуд дошта метавонад.
Ба боварии ҷаноби Роҳнамо, вақте ки солҳои охир сиёсати давлатии Тоҷикистон ба дин наздик шуд, боис он гардид, ки фаҳмиши мардум дар шинохти Ислом мусбат шуд. Ҷаноби Раҳнамо бо назардошти фазои сиёсӣ ва исломи сиёсии Тоҷикистон гуфт, ки ҳузури исломи сиёсӣ таҷрибаи назарияи китобӣ нест, балки аз таърихи воқеии Тоҷикистон берун омадааст.
Ӯ гуфт: «Инро қиёс кардан бо назарияҳо ғайриимкон аст. Модели хоси тоҷикӣ аст. Сарқонуни Тоҷикистон ҳам дунёвият, ҳам озодиҳои динӣ ва ҳам ҳизби сиёсии диниро кафолат медиҳад. Вақте давлат арзишҳои диниро, ҳамчун ҷузъи арзишҳои фарҳангии мардум эҳтиром мекунад. Аслан исломи сиёсии ифиротӣ ҳамчун падида аз байн меравад. Ва Тоҷикистонро зарур аст, ки ваҳдати дохилиро бо иштироки исломиҳои сиёсӣ мустаҳкам нигоҳ дорад, вагарна бо як дахолати хориҷи шӯълаи ин ваҳдат халалдор мегардад».
Зимнан гуфта шуд, ки беҳтарин роҳи субот ва пешгирӣ аз пайомадҳои ифротии дини ва исломӣ, ин эҳтироми арзишҳову эътиқоди динии мардум, аз тарафи ҳукуматҳо ба роҳ мондани муносиботи созишкорона бо нерӯҳои динӣ, мебошад. Ва муносибати созандаву шафоф бо нерӯҳои исломӣ, заминаи ҳамагуна шубҳаву танишҳои эътиқодии мардумро барҳам медиҳад.
Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2030-2010-03-31-18-39-46.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
418
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































