ФАРИШТАЕ БА НОМИ МОДАР
Кўдаке, ки омодаи таваллуд шудан буд, рӯ ба сӯи Худованд карду пурсид; эй Худои хубу меҳрубонам, мегӯянд фардо маро ба замин мефиристед, аммо ман бо ин хурдӣ ва бидуни ҳеҷ кумаке чигуна метавонам барои зиндагӣ ба онҷо биравам?
Худованд ба ӯ гуфт: аз миёни теъдоди бисёре аз фариштагонам ман якеро барои ту дар назар гирифтаам, ки ӯ дар интизори туст ва аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард.
Кўдак ҳануз намедонист ки мехоҳад биравад ё не, боз рӯ ба суи Худованд карду гуфт: Худоё ман дар ин ҷо коре намекунам, мушкиле надорам, коре ба ҷуз хандидан ва овоз хондан надорам ва инҳо барои шодии ман кофӣ ҳастанд.
Ҳотифе аз ҷониби Худованд ба ӯ гуфт: фариштаи ту бароят овоз хоҳад хонд ва ба рӯи ту лабханд хоҳад зад. Тавре ки ту ишқи ӯро эҳсос хоҳӣ кард ва шод хоҳӣ шуд.
Кўдак бо нигаронӣ пурсид: эй Худоҷони меҳрубон, ман чӣ тавр метавонам бифаҳмам онҳо чӣ мегӯянд вақте ман забони онҳоро намедонам?
Дубора садои латифи ҳотифи ғайб гӯши ӯро навозиш карду фармуд: фариштаи ту зеботарин ва ширинтарин вожаҳоеро ки мумкин аст бишнавӣ дар гуши ту замзама хоҳад кард ва бо сабру бурдборӣ ба ту ёд хоҳад дод, ки чигуна сӯҳбат кунӣ.
Кўдак бо нороҳатӣ идома дод: вақте бихоҳам бо ту сӯҳбат кунам, чӣ кор кунам? Аз онҷо чӣ гуна бо ту сӯҳбат кунам?
Посух шунид ки, фариштаат дастҳоятро дар канори ҳамдигар қарор дода ба ту ёд медиҳад, ки чи гуна дуо кунӣ ва бо ман сухан бигӯӣ.
Кӯдак сарашро поин андохту пурсид: шунидам дар замин инсонҳои баде ҳам зиндагӣ мекунанд, кӣ маро аз онҳо муҳофизат мекунад?
Фариштаат аз ту нигаҳдорӣ хоҳад кард, ҳатто агар ба қимати ҷони худаш бошад.
Кўдак даст бардошт ва пурсид: Худоё, агар қарор аст биравам пас номи фариштаам чист?
Ҷавоб шунид, ки номи фариштаат аҳамият надорад ба соддагӣ метавонӣ ӯро модар садо кунӣ.
Оре, номи ин фариштаи заминӣ модар аст. Фариштае, ки Худованд барои нигаҳдорӣ ва муҳофизати кӯдакон интихоб кардааст.
Аммо ончи муҳим аст, ин аст, ки оё ин фариштагони заминӣ ҳамеша ба вазифаҳои худ дуруст амал мекунанд? Пас ҳар як зан ё модар аз худ бипурсад, ки ба ин вазифаи ҳассоси худ чи қадар амал карда аст.
Оё то ҳол дар бораи Худо ва меҳрубонии ӯ бо фарзандатон сухан гуфтаед?
Оё ба фарзандатон омӯхтаед, ки чӣ гуна бо Худояш сухан бигӯяд?
Оё дар бораи амру фармонҳои Худованд ба фарзандатон чизе гуфтаед?
Оё аз ишқу меҳрубонӣ ва неъматҳои парвардигораш ба ӯ чизе гуфтаед?
Дар зеҳни фарзандонатон аз Худованд мавҷуди тарснок ва хашмгин насозед, балки коре кунед, ки фарзандатон ошиқи Худо бошад ва ӯро беҳтарин дӯсти худ бидонад. Аммо шумо, эй касоне, ки аз ин фариштаи замини бениёз гаштаед, оё ҳаққи ӯро ба ҷо овардаед?
Оё як шаби бехобии ӯро ҷуброн кардаед?
Оё як рӯзи нигаронии ӯро барои бемориатон ҷуброн кардаед?
Оё баҳои як зарра муҳаббати ӯро пардохт кардаед?
Оё посухи аллаҳои ошиқонаи нимашабии ӯро додаед?
Оё посухи он ишқеро ки хуни шурро ба шири ширин табдил кард, то шумо нуши ҷон кунед, метавонед бидиҳед?
Агар ба ин гуфтаҳо фикр кунем пай мебарем, ки ҳеҷ гоҳ наметавонем ҷавоби онҳама заҳмату меҳнати ин фариштаи заминиро бидиҳем. Мо аз ҷуброни заҳматҳои ошиқонаи ин фариштаи илоҳӣ оҷизем. Боз ҳам ишқи ин фаришта аст, ки моро аз азоби виҷдонамон мераҳонад. Агар мо бо камтарин кори хуби худ лаҳзае хотири ӯро шод гардонем, исми ӯро ошиқона садо бизанем, ва аз ӯ оҷизона талаби дуо кунем, боз ҳам шоҳиди табассуми зебо ва дуоҳои ошиқонаи ӯ дар ҳаққи худамон хоҳем буд.
Бобоҷон Қаюмов
Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/3524-2010-11-07-16-13-29.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
439
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
307
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
197
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
883
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1145
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3384
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1871
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
300
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон











































Шарҳҳо
RSS Обуна