ТЕЪДОДИ ҚУРБОНИЁНИ СӮХТОРИ МАСКАВ БА 17 НАФАР РАСИД
03.04.2012 16:29
891
Бино ба охирин хабарҳо, теъдоди ҳалокшудагони сӯхтори бозори Качаловои Маскав ба 17 нафар расидааст.
ПИРӮЗИИ АНВАР ЮНУСОВ ДАР ҲАЙАТИ “ДИНАМО”-И МАСКАВ
03.04.2012 16:26
902
Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар сабқати бокси ҳирфаӣ - WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав пирӯзӣ ба даст овард.
"ТАЛКО" АЗ ГАЗИ УЗБАКИСТОН БЕНАСИБ МОНД
02.04.2012 10:58
946
Интиқоли гази Узбакистон ба корхонаи "Талко" қатъ шудааст. Дар ин бора масъулони ширкат хабар доданд. Интиқоли гази Узбакистон ба "Талко" - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз, 2-юми апрел, қатъ шудааст.
УЗБАКИСТОН БА ТАХРИБИ ҚИТЪАИ АМУЗАНГ-ХАТЛОН ОҒОЗ КАРД
30.03.2012 14:26
1544
Узбакистон ба барчидани релсҳо дар роҳи оҳан дар самти Амузанг-Хатлон шурӯъ кардааст. Ҳамлу нақли коло ба вилояти Хатлон, қисмати ҷанубии Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Узбакистон тавассути ин роҳи оҳан сурат мегирифт.
КУМИТАИ ДИН МАСҶИДИ "МУҲАММАДИЯ"-РО БА ДОДГОҲ КАШИД
30.03.2012 14:24
1535
Кумитаи дин аз мавориди фаровони нақзи қавонин дар масҷиди «Муҳаммадия» ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат шикоят бурдааст.
ЧӢ ГУНА НТВ АЗ "РОЗ"-ҲОИ САФИРИ ИМА ОГАҲ ШУД?
30.03.2012 14:20
1502
Сафири Амрико дар Русия изҳори тааҷҷуб карда, ки чӣ гуна матбуоти Русия аз ҳама барномаҳои ӯ огаҳ мешаванд. Майкл Макфол дар саҳифаи худ дар "Твиттер" навиштаст, шабакаи телевизионии НТВ ба шакле тавонистааст, ба ҳама иттилооти хусусии ӯ ва барномаи рӯзонаи вай дастрасӣ пайдо карда, ӯро "таъқиб" кунад.
ТУРКМАНИСТОН ОМОДААСТ ГАЗ ДИҲАД, АММО БА КАДОМ РОҲ?
29.03.2012 20:58
1404
Мақомоти Туркманистон мегӯянд, омода ҳастанд, ки ба Тоҷикистон газ диҳанд, агар Узбакистон розӣ шавад. Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", низ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 29-уми март, ба мо гуфт, аз ирсоли номаи ...
ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ, БАРОИ РАФЪИ ОФАТҲО ОМОДА БОШЕД
29.03.2012 16:38
984
Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз хатари барфкӯчу обхезиҳо дар баҳори имсола дастур дод. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 28-уми март дар машварати корӣ бо аъзои ҳукумат, ба мақомдорони кишвар дастур додааст ...
МАҲКУМИЯТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БА 20 СОЛ ЗИНДОН ДАР РУСИЯ
29.03.2012 16:19
769
Пулиси Русия як сокини 24-солаи Тоҷикистонро ба занни қочоқи маводди мухаддир дар он кишвар боздошт кардааст. Ба навиштаи "Интерфакс", хабаргузории Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Кроснуёрск боздошт шуда ва кормандони пулис аз ӯ 700 гром ҳеруинро мусодира кардаанд.
МУҶОЗОТИ ЯК ЗАН "БАРОИ МАМОНЕЪАТ АЗ ТАҲСИЛИ" ФАРЗАНДОНАШ ДАР ХУҶАНД
29.03.2012 16:18
760
Додгоҳе дар вилояти Суғд як модарро барои мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш дар мактаб ба пардохти чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кардааст. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Татяна Олейникова, модари се фарзанди ноболиғро, тибқи моддаи 164-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар мамонеъат аз таҳсили фарзандонаш муҷрим шинохтааст.
ҚАТЛИ ФАРМОНДЕҲИ ҲИУ ДАР ФОРЁБ
28.03.2012 10:56
985
Дар ин амалиёт, ки дар минтақаи Ширин Тагоби вилояти Форёб сурат гирифт, силоҳбадастон сарбозонро бо оташ пешвоз гирифтанд, вале дар бархӯрди мусаллаҳона Махдум ва чанд тан аз ошӯбгарон ба қатл расида, ду силоҳбадасти дигар дастгир шудаанд.
ИФШОИ “СӮҲБАТИ ДӮСТОНА”-И ОБАМА ВА МЕДВЕДЕВ
27.03.2012 22:46
1006
Барак Обама ва Дмитрий Медведев бехабар он ки микрофон рӯшан аст, бо ҳам "сӯҳбати дӯстона" карданд. Микрофонҳои телевизионӣ бахше аз сӯҳбатҳоеро сабт кардаанд, ки миёни раҳбарони Иёлоти Муттаҳида ва Русия сурат гирифтааст.
МӮДИ ИСЛОМӢ. ЗЕБОИИ ТАБИӢ ВА ШУКӮҲИ ЗАНИ ШАРҚӢ?
27.03.2012 13:19
989
Ҳамсари Рамзан Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, намоиши мӯди либосҳои исломиро дар Дубай баргузор кард. Ин намоиш “Бонуи чечен” ном дошта, аз сӯи созмони ҳунарии “Фирдавс” барои нахустин бор дар хориҷ аз Чеченистон доир гашт. Ин созмони ҳунариро ҳамсари Рамзан Қодиров ҳанӯз соли 2009-ум таъсис додааст.
АҲМАДИНАЖОД «ХОНАИ ЭРОН» ДАР ДУШАНБЕРО ИФТИТОҲ КАРД
24.03.2012 19:40
1089
Муҷтамаи фарҳангии «Хонаи Эрон» дар Душанбе аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ифтитоҳ шуд. Аҳмадинажод, ки бо даъвати ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сафар кардааст, рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар барномаҳои таҷлили ...
АННОН ДАР "ҶУСТУҶӮЙ"-И СУЛҲИ СУРИЯ ДАР МАСКАВ ВА ПЕКИН
24.03.2012 12:32
934
Намояндаи вижаи СММ ва ИА дар умури Сурия, барои гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Русия ва Чин, ба ин ду кишвар меравад.