01:44:18 09-уми Июни 2026 сол
БОЗДОШТИ 40 ТАБАЪАИ ТОҶИКУ ӮЗБАК ДАР ҒАРБИ МАСКАВ 29.06.2011 16:37 2474
Маъмурони интизомии Русия теъдоди 40 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбакистонро дар ҷангале дар ғарби шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Гуфта мешавад ин афрод дар кулбаҳои худсохта дар ҷангал зиндагӣ мекарданд.
САФАРИ МАҚОМҲОИ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ 29.06.2011 11:17 2197
Қарор аст Анатолий Сердюков, вазири дифоъ ва Сергей Наришкин, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия вориди Душанбе шаванд. Гуфта мешавад, ки ҳарду мақоми Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва мулоқот хоҳанд дошт.
ҶАЛАСАИ ИНТЕРПОЛ ДАР ДУШАНБЕ 29.06.2011 11:07 1672
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории тарҳи «Калкан»-и Интерпол таҳти унвони «Терроризм дар минтақа» идома дорад. Дар ин нишаст, ки дар Коллеҷи олии идораи марзҳои САҲА дар Душанбе баргузор мешавад, 30 коршинос аз 13 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
ДИДОРИ ҚАРИБУЛВУҚӮЪИ АҲМАДИНАЖОД АЗ ТОҶИКИСТОН 29.06.2011 11:06 1682
Дар назар аст, дар авохири моҳи августи соли ҷорӣ Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон бо дидори дурӯза вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба гузоришҳои хабаргузориҳои расмии Эрон, дар ҷараёни ин дидор оқои Аҳмадинажод дар маросими оғози кори огреготи аввали нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”, дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
ҶОН БОХТАНИ ЯК ХОНАВОДА ДАР ТАСОДУМ 29.06.2011 11:04 1968
Бар асари тасодум дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон 4 нафар кушта ва як нафари дигар захмӣ шудаанд. Тибқи иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри шанбеи 25 июн, дар роҳи иртиботии масири Палдорак-Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар шимоли Тоҷикистон як худрав тасодум карда ва ба рудхонаи Зарафшон ....
РАҲМАТИЛЛО ЗОЙИРОВРО БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА СУД КАШИДАНД? 28.06.2011 09:24 1794
Ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз номи даъвогар ҶСШК ТВ «Сомониён», ки Директори он Мирзоев Икром мебошад, нисбати Ташкилоти ҷамъиятии Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, ки роҳбари он Раҳматилло Зойиров-Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст ...
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 27.06.2011 11:30 1923
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори таҳияи як консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати 14-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ба ҳазорон сокини Душанбе ва меҳмонони хориҷӣ дар Наврӯзгоҳ»- пойтахт сухан мегуфт, таъкид кард, ки дар ҷараёни омода кардан ва баррасии масоили марбут ба ваҳдати миллӣ, рӯшанфикрон, донишмандону ....
САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТЕҲРОН 25.06.2011 20:38 1767
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати давлатӣ имрӯз 24-уми июн озими Теҳрон шуд. Қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии мубориза алайҳи терроризм, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми июн дар пойтахти Эрон баргузор мегардад, ширкат намояд.
МАРЗБОНҲОИ ӮЗБАК 13 НАФАРРО ҲАДАФИ ТИР ҚАРОР ДОДААНД 23.06.2011 22:05 2084
Марзбонҳои ӯзбак тайи ду моҳи ахир ҳадди аққал 13 нафареро, ки аз вилояти Бодканди Қирғизистон ба қаламрави кишвар гузаштанӣ шуданд, ҳадафи тир қарор доданд.
ПАНҶ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ДОҒИСТОН КУШТА ШУДАНД 23.06.2011 22:02 1575
Панҷ маъмури нерӯҳои амниятии Русия дар ҷараёни амалиёте густарда алайҳи пайкорҷӯёни исломӣ дар ҷумҳурии Доғистон дар Қафқози Шимолӣ кушта шудаанд.
ҚОЗӢ БОЯД ЗАБОНИ ТОҶИКИРО ДОНАД 23.06.2011 11:47 1833
Танҳо фарде, ки забони тоҷикиро хуб медонад, барои кор дар дар ниҳодҳои додгоҳии Тоҷикистон пазируфта мешавад. Ин нукта рӯзи чоршанбеи 22 июн зимни ислоҳи қонун “Дар бораи судҳои Тоҷикистон” дар иҷлоси порлумони ин кишвар таъкид шуд.
БОЗДОШТИ 40 ТАН ДАР РОБИТА БА БЕНАЗМИҲОИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ 23.06.2011 11:37 1820
Мақомот мегӯянд, дар робита ба беназмиҳои шаби гузаштаи мухлисони футбол дар Душанбе, 40 нафарро боздошт кардаанд. Як манбаъ дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, бо таъйиди ин хабар ба мо гуфт ...
ТАЪСИСИ ШӮРОҲОИ МАРЗӢ ДАР СУҒД ВА БОДКАНД 22.06.2011 17:18 1657
Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шӯрои ҳамоҳангсози ду ҷониб дар ҳалли масоили муноқишаангез таъсис ёфт. Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, мақомоти интизомии Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон таҳти раҳбарии раисони ду вилояти ҳаммарз ...
КУМАКИ ОМБУДСМЕНИ РУС БА ИХРОҶИ ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИК 22.06.2011 17:14 1738
Кумиссари ҳуқуқи башар дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия ба ихроҷи як табаъи тоҷик аз ин кишвар кумак кардааст. Хабаргузории Балтинфо рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн навишта, ки як табаъаи тоҷик аз омбудсмен Алексей Козирев дархост кардааст, ки дар иҷрои дастури додгоҳ дар бораи ихроҷи ӯ аз Русия ба вай кумак кунад.
САФАРИ ФИРИСТОДАИ НАТО БА ТОҶИКИСТОН 22.06.2011 17:12 1795
Ҷеймс Аппатурай, фиристодаи вижаи НАТО барои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, вориди Тоҷикистон мешавад. Вазорати умури хориҷа хабар додааст, ки Ҷеймс Аппатурай, рӯзҳои 22 ва 23 июн дар Душанбе хоҳад буд.