01:44:28 09-уми Июни 2026 сол
МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН КАЙ ОҒОЗ МЕШАВАД? 06.07.2011 14:17 1900
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, оғози дақиқи моҳи мубораки Рамазон дар авохири моҳи июл маълум хоҳад шуд.
ТАХТАҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ 06.07.2011 14:16 1678
Дар пешайвон ва толорҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тахтаҳои иттилоотӣ барои мусофирон насб  карда шуданд. Акнун мусофирон оид ба раванди бақайдгирӣ пеш аз парвоз, назорати махсус, раванди бақайдгирӣ баъд аз парвоз, хизматрасонии толорҳои тиҷоратӣ ва толори меҳмонони махсус, оид ба интиқоли бор, бағоҷ ва дигар қоидаҳои вобаста ба бахши ҳавопаймоӣ маълумоти ....
ҲАРАКАТ ДАР ХИЁБОНИ МАРКАЗӢ ҚАТЪ МЕГАРДАД 06.07.2011 14:14 1508
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ (аз бурриши кӯчаи Карамов то бурриши кӯчаи Теҳрон) марҳила ба марҳила муваққатан қатъ карда мешавад. Аз ҷумла, аз 7  то 9 июл ҳаракати нақлиёт аз бурриши кӯчаи Карамов то гардиш ба кӯчаи С.Носир,  аз 9 то 11 июл аз гардиши кӯчаи С.Носир ....
ДОНИШЧӮЁНИ ТОҶИК САЗОВОРИ ИФТИХОРНОМАҲО 06.07.2011 14:13 1506
Таҳмина Алиева ва Хизр Ҳакимзода, ки хатмкунандагони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мебошанд, сазовори Ифтихорномаҳои фахрии Донишгоҳи дӯстии халҳои Русия гардиданд. Ин донишҷӯён соли аввали магистратураи донишгоҳи мазкурро аъло хатм намуда, дар чорабиниҳои донишҷӯён иштироки фаъол намудаанд.
ҒАРҚ ШУДАНИ СЕ КӮДАК ДАР КОНОЛИ "БАЧАМАЗОР" 06.07.2011 14:12 1576
Се кӯдак аз як хонавода ба ҳангоми оббозӣ дар коноли “Бачамазор”-и ноҳияи Рӯдакӣ ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи Кумитаи вазъияти фавқулъоддаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи субҳи сешанбеи 5 июл, соъати 8-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод.
МАРЗБОНОНИ ШӮРООБОД ВАКИЛОНИ МАҶЛИСРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД 05.07.2011 22:30 1568
Се афсари дорои рутбаи майори воҳидҳои марзбонии Тоҷикистон дар Шӯрообод, панҷ сокини ин минтақа, аз ҷумла ду вакили маҷлисро лату кӯб карданд. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ин се афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ДУ ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ТАЛАФОТИ САНГИНЕРО БАР ҶОЙ ГУЗОШТААСТ 05.07.2011 22:28 1633
Вуқӯъи ду инфиҷори ҷудогона дар шаҳри Тоҷӣ, воқеъ дар ҳудуди бисткилуметрии шимоли Бағдод, дастикам бисту ҳафт кушта ва дастикам панҷоҳ захмӣ бар ҷой гузоштааст.
ШИРИН БУНЁД АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ 04.07.2011 21:50 1764
Шоир- вассофи кӯҳистон ва раиси адибони Бадахшон Ширин Бунёд аз дунё даргузашт. Шоми рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ устод Ширин пас аз чанд моҳ бистарӣ буданаш дар хонаи худ ҷон ба Ҳақ супурд. Хонаи ӯ дар деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа аз хешону наздикон ...
ДАРХОСТ БАРОИ ЭҶОДИ ПУЛИ ҲАВОӢ МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА КАШМИР 04.07.2011 21:32 1587
Сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд хостори парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Сринагар, пойтахти Кашмири Ҳинд шудааст. Саидбек Саидов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд рӯзи шанбеи 2 июл, ба хабаргузории “Пресс-Бюро”-и Ҳинд дар ин замина ибрози назар кардааст.
ИНТИҚОДИ ШАҲРДОРӢ АЗ МАСЪУЛИН 04.07.2011 21:30 1871
Ҳолати  воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати  кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии пойтахт, хулас омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 4 июл  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, барасӣ гардиданд.
МУБОРИЗАИ ЗИДДИ ҚОЧОҚИ МАВОБИ МУХАДДИР 04.07.2011 21:29 1817
Бино ба иттилои корманди Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон Муслиҳиддин Мардонов, ду гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар, ки аз шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистон ташкил ёфта буд, дастгир гардид. 
ИМА РӮ БА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕОРАД? 03.07.2011 15:12 1692
Низомиҳои Амрико истифода аз роҳҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини нерӯҳои худ дар Афғонистонро густариш медиҳанд, чунки метарсанданд, ки бад шудани равобити Вошингтон бо Исломобод метавонад истифодаи масири Покистонро ба ин манзур дучори таҳдид кунад.
ВЛАДИМИР КЛИЧКО УНВОНИ ҚАҲРАМОНИРО ҲИФЗ КАРД 03.07.2011 15:12 1549
Муштзани маъруфи украинӣ Владимир Кличко шаби шанбе дар Ҳамбург бар рақиби бритониёияш Девид Ҳей ғолиб омад, унвони қаҳрамони мутлақи бокси дунёро ҳифз кард.
БОЗДОШТИ 19 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ 03.07.2011 13:40 1891
Расонаҳои Русия мегӯянд, пулиси шаҳри Маскав 19 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди ғорати як амбор боздошт кардааст.
НАРХИ ЯК КӮДАКИ НАВЗОД - 500 ДОЛЛАР 03.07.2011 13:39 1966
Дар вилояти Суғд як мавриди фурӯши ғайриқонунии кӯдакро ошкор кардаанд.