00:33:57 09-уми Июни 2026 сол
БОЗДОШТИ 40 ТАН ДАР РОБИТА БА БЕНАЗМИҲОИ МУХЛИСОНИ ФУТБОЛ 23.06.2011 11:37 1820
Мақомот мегӯянд, дар робита ба беназмиҳои шаби гузаштаи мухлисони футбол дар Душанбе, 40 нафарро боздошт кардаанд. Як манбаъ дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки нахост номаш ошкор шавад, бо таъйиди ин хабар ба мо гуфт ...
ТАЪСИСИ ШӮРОҲОИ МАРЗӢ ДАР СУҒД ВА БОДКАНД 22.06.2011 17:18 1657
Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шӯрои ҳамоҳангсози ду ҷониб дар ҳалли масоили муноқишаангез таъсис ёфт. Идораи корҳои дохилии Суғд мегӯяд, мақомоти интизомии Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон таҳти раҳбарии раисони ду вилояти ҳаммарз ...
КУМАКИ ОМБУДСМЕНИ РУС БА ИХРОҶИ ЯК ТАБАЪАИ ТОҶИК 22.06.2011 17:14 1738
Кумиссари ҳуқуқи башар дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия ба ихроҷи як табаъи тоҷик аз ин кишвар кумак кардааст. Хабаргузории Балтинфо рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн навишта, ки як табаъаи тоҷик аз омбудсмен Алексей Козирев дархост кардааст, ки дар иҷрои дастури додгоҳ дар бораи ихроҷи ӯ аз Русия ба вай кумак кунад.
САФАРИ ФИРИСТОДАИ НАТО БА ТОҶИКИСТОН 22.06.2011 17:12 1795
Ҷеймс Аппатурай, фиристодаи вижаи НАТО барои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, вориди Тоҷикистон мешавад. Вазорати умури хориҷа хабар додааст, ки Ҷеймс Аппатурай, рӯзҳои 22 ва 23 июн дар Душанбе хоҳад буд.
ЁДБУДИ ҚУРБОНИЁНИ ҶАНГИ ОЛМОН ДАР ПОРКИ ҒАЛАБА 22.06.2011 17:12 1692
Садҳо тан аз сокинони пойтахти Тоҷикистон шаби гузашта дар порки Ғалабаи шаҳри Душанбе гирдиҳам омада ва дар як маҳфили ёдбуди қурбониёни ҶангИ Ҷаҳонии Дувум ширкат карданд. Ин маҳфил ба ибтикори Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд ба хотири 70-умин солгарди оғози ҳамлаи Олмони нозӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои он ....
МУЛОҚОТИ З. ЗУБАЙДОВ БО СОҲИБКОРОНИ ПОКИСТОН 22.06.2011 11:52 1648
21 июни соли 2011 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо гурӯҳи соҳибкорони покистонӣ таҳти роҳбарии Раиси Ассосиатсияи тоҷирони Покистон дар Тоҷикистон Наим Раҳмон доир гардид.
20 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМО 22.06.2011 11:50 2001
Дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «20 соли Истиқлолият: дастовардҳо ва дурнамо» конфронси илмӣ - назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
ПАНЕТТА - ВАЗИРИ НАВИ ДИФОИ АМРИКО 22.06.2011 11:46 1609
Сенати Амрико рӯзи сешанбе бо иттифоқи оро, номзадии Леон Паннетаро ба мақоми вазири дифои ИМА пазируфт. Леон Панетта, ки мудири Хадамоти Истихборотии Амрикост, ҷойгузини Роберт Гейтс хоҳад шуд. Гейтс тӯли беш аз чаҳор сол дар аҳди Ҷорҷ Буш ва Барак Обама ...
САФОРАТИ АМРИКО ШИНОХТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКИРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД 21.06.2011 22:46 1649
Сафири ИМА Кен Гросс 16 корманди Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбаки махсус табрик намуд. Дар нутқи худ Сафир Гросс қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои ...
ҚАТЛИ “ШАЙХ КАМОЛ” ДАР НОҲИЯИ РАШТ 21.06.2011 22:17 1847
Мақомот мегӯяд, фармондеҳ Маҳмадкарим Иброҳимов, мулаққаб ба "Шайх Камол" ва як фирории дигар аз боздоштгоҳи КДАМ, кушта шудаанд.
ШАШ КУШТА ДАР АСАРИ СОНЕҲАЕ ДАР РӮШОН 21.06.2011 22:10 1579
Субҳи рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар асари сарозер шудани санг аз кӯҳ ба масири утумубилгарди Душанбе-Хоруғ як мошин аз масири худ берун баромада ва ба рӯдхонаи Панҷ сарозер шудааст. Ин ҳодиса дар 518 килуметрии роҳи утумубилрави Душанбе-Хоруғ, вокеъ дар деҳаи Шидзи нохияи Рӯшон рух дод.
ПУТИН: ДАХОЛАТ БА УМУРИ СУРИЯ БЕОҚИБАТ АСТ 21.06.2011 22:09 1575
Владимир Путин, сарвазири Русия, дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Порис дахолат ба умури Сурияро беҳудаву беоқибат номид.
МЕДВЕДЕВ: ДАР ИНТИХОБОТИ БАЪДӢ БО ПУТИН РАҚОБАТ НАМЕКУНАМ 21.06.2011 22:08 1560
Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, гуфтааст, ки ӯ ва Владимир Путин, нахуствазири кунунӣ ва раиси ҷумҳурии собиқ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда ба унвони рақибони интихоботӣ бо якдигар мубориза нахоҳанд кард.
СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ ТУПОЛЕВ ДАР ШИМОЛИ РУСИЯ 44 КУШТА БАР ҶОЙ ГУЗОШТ 21.06.2011 22:06 1341
Чиҳилу чаҳор нафар дар ҷараёни суқути як ҳавопаймои мусофирбарӣ дар шимол-ғарби Русия кушта шудаанд. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин ҳавопаймо ҳангоми фуруд дар ҷодае дар яккилуметрии фурудгоҳи Петрозаводск дар ҷумҳурии Корелия суқут кард ва дар оташ сӯхт.
ГЕНЕРАЛ БАРОИ РОБИТА БО "ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР" БОЗДОШТ ШУД 21.06.2011 22:05 1563
Як афсари воломақоми артиши Покистон бо иттиҳоми иртибот бо “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт шуд. Сухангӯи артиш генерал-майор Аҳтар Аббос имрӯз гуфт ...