САЛОМ, РОҒУН!
Азизон, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор»! Инак тибқи ваъда як силсила маводҳои хабарнигори сомона Аҳмадшоҳи Султонро, ки ба тозагӣ аз сафари Роғун баргаштааст, ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш менамоем. Ин маводҳо дар чаҳорчӯбаи мултимедиа ё худ чандрасонаӣ эҷод шудаанд. Дар баробари хондани матни ин маводҳо Шумо лутфан наворҳоро низ тамошо кунед. Ҳатман иттилои бештаре дарёфт хоҳед кард.
«РОҒУНРО МО БО ҚУВВАИ ХУД МЕСОЗЕМ!»
«Роғунро мо бо қувваи худ месозем!» - ин даъвати Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард. Марду зан, пиру ҷавон онро бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ истиқбол карданд. Ман ҳам дар қатори дигар ҳамсолони худ ин даъватро ба ҷон пазируфтам, вале намедонистам, ки ба он чӣ гуна посух бидиҳам.
Ҳангоме, ки устоди мӯҳтарамамон Толиб Сангинов хабар доданд, ки бо ташаббуси ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов аз ҳисоби донишҷӯёни курси мо, яъне донишҷӯёни соли панҷуми факултети журналистикаи ҳамин Донишкада, як гурӯҳ ба хотири таблиғу ташвиқи рафти сохтмони ин иншооти бузург созмон ёфта, дар рӯзҳои наздик ба Роғун сафарбар мешавад, ки ман ҳам шомили он ҳастам, рости гап, Худоро шукр гуфтам. Шукр барои он гуфтам, ки акнун ман ҳам имконият пайдо мекунам дар бунёди НБО-и Роғун саҳм бигирам.
Аз он иттилое, ки мо дар даст дорем, гурӯҳи мо нахустин гурӯҳи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар аст, ки ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои саҳм гирифтан дар сохтмони он фиристода мешавад. Албатта аввалин будан, ҳатто дар кори хурд ҳам бошад, ин ифтихор аст. Аз сӯи дигар ба ман имконият даст медод, ки навиштаҳои шогирдонаи худро аз тариқи сомонаи «Рӯзгор» пешкаши шумо муштариёни гиромӣ намоям.
Хулоса, баъди интизориҳои зиёде 23-и декабр ману ёронам Маъруф Назаров, Зоҳир Сангов ва Комрон Раҳмоналиев, ҳамроҳи муаллимамон Толиб Сангинов, ки худ низ яке аз журналистони маъруфи кишвар буда, дар машҳуртарин расонаҳои хабарии мамлакат кор кардаанд, озими Роғун шудем.
Аз фурсат истифода бурда, ба устодамон Толиб Сангинов барои кӯмакҳои назариявӣ ва амалиашон дар ин сафар изҳори ташаккурӣ менамоям. Зимнан мегӯям, ки шарикдарсонам Маъруфҷон барои радиои Тоҷикистон аз ҳамон ҷо гузоришҳои мустақим пахш мекард, Комронҷон барои ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва «Фараж» мақола ва Зоҳирҷон бошад барои телевизиони тоҷик ният дорад чанд барномаеро омода бисозад.
Банда ҳам дар рафти ин сафар бо кӯмаки устод ва ҳамсабақонам корҳоеро анҷом додам, ки мехоҳам ба навбат онҳоро пешкаши шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» бисозам. Нахуст биёед, дӯстони азиз, ба ёд биёрем, ки нияти сохта шудани нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз кай боз ба вуҷуд омадааст ва то имрӯз дар ин ҷо чӣ корҳоеро ба иҷро расондаанд.
Таърихчаи мухтасари НБО-и Роғун
Тибқи маълумотҳои расмӣ лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳанӯз соли 1978 омода гардида, соли 1980, баъди ба истифода додани НБО-и Норак, бо дастури Вазорат энергетикаи СССР ба сохтмони ин нерӯгоҳ сар карда буданд.
Бунёди нерӯгоҳ то барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози даргириҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ идома дошта, то он замон, яъне то соли 1992 ба маблағи 820 миллион доллари амрикоӣ корҳо анҷом дода шуданд. Метавон гуфт, ки таҳкурсии иншоот пурра бино ёфта буд. Вале ҷанг сохтмони нирӯгоҳро мутаваққиф сохт.
Соли 1990 барои тамоми ҷумҳурӣ дар як сол 1 миллиард киловат соат барқ кифоя буд. Вале соли 2008 дар ҷумҳурӣ аҳолӣ 3 миллиард киловатт соат барқро истифода бурда бошад ҳам, мардум аз нарасидани барқ танқисӣ мекашиданд. Ва ҳоло ҳам танқисӣ мекашанд. Ҳамин мушкилот ҳукумати ҷумҳуриро маҷбур сохт, ки ба сохтмони ин иншоот бо назари ҷиддӣ бингарад.
Роғун бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳам метавон гуфт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Баландии сарбанди он мувофиқи лоиҳа 335 метрро ташкил медиҳад. Бо назардошти кори 6 агрегат он соле 13,1 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол хоҳад кард.
Айни замон корҳои сохтмониву васлгарӣ дар нерӯгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома доранд. Аз 1 январ то 1 декабрии соли гузашта дар нерӯгоҳ ба маблағи 342 миллиону 157 ҳазору 354 сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.
Дар ин ҷо қариб 7 ҳазор нафар коргару корманди техникӣ, 615 адад техника кор мекунад. Сохтмон дорои 300 мошини боркаши пуриқтидори БелАЗ буда, вақтҳои наздик боз мувофиқи шартномаи тарафайн 200 БелАЗ аз ҷумҳурии Белорус ворид мешавад. Дар ҳоли ҳозир 50 ширкату идора дар сохтмони НБО-и Роғун саҳм мегиранд.
Саломатӣ бошад, ҳама кор мешавад!
Инак, мо ба шаҳрчаи Роғун расидем. Барои ворид шудан ба майдончаҳои сохтмонии нерӯгоҳ аз мақомоти дахлдор ҳатман иҷозатномаҳо ба кор аст. То таҳия шудани ин иҷозатномаҳо мо вақтро беҳуда сарф накарда, бо пешниҳоди устодамон аз шифохонаи марказии шаҳри Роғун дидан мекунем.
Канӣ бубинем, ки табибони ин ҷо барои хизмат ба нурофарандагон чӣ гуна омода шудаанд? Ба ин савол аз ҳама хубтар кӣ ҷавоб гуфта метавонад? Албатта сардухтури шифохонаи марказии шаҳри Роғун.
Маҳмадалӣ Нуралиев духтури оддӣ нест. Ӯ номзади илмҳои тиб мебошад ва яке аз мутахассисони хеле варзидаи тиббӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар сӯҳбат бо мо ӯ бештар аз беҳтар шудани шароити кор дар шифохона сухан гуфт:
Нуралиев: Боиси хушбахтии мост, ки соли 2009 дар соҳаи тандурустии шаҳри Роғун як қатор пешравиҳо ба назар мерасанд. Масалан беморхонаи мо аз тарафи ҳокимияти маҳаллӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ва бо сифати баланд таъмир шуда ҳамаи таҷҳизотҳои барои табобати беморон лозимаро дар беморхона мўҳайё намудаанд.
Муддати понздаҳ сол буд, ки лифт кор намекард, Он ба кор дароварда шуд, ки ин барои бемороне, ки аслан аз ҷумлаи аҳолӣ ва сохтумончиёни НБО-и Роғун мебошанд, хеле аҳамияти калон дорад. Мо аз ҷиҳати таҷҳизоти табобатӣ ё доруворӣ умуман танқисӣ намекашем. Танқисии мо аз ҷиҳати нарасидани кадрҳо мебошад.
Масалан дар беморхонаи мо духтури чашм, духтури гўлу, гўшу бинӣ ва духтури соҳаи асаб намерасанд, ки ин масъала ҳам ҳалшаванда аст. Доир ба ин масъала мо ба Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДДТТ ба номи Абўалӣ Ибни Сино ариза пешниҳод намудаем, ки боварӣ дорам дар соли 2010-ум ҳалли худро меёбад.
Соле, ки сипарӣ шуд барои соҳаи тандурустии шаҳри Роғун бисёр бо барор буд ва мо бо дастгирии Вазорати Тандурустии кишвар, ҳокимияти маҳаллӣ ва аз ҳисоби фонди беморхонаи худамон ба маблағи зиёда аз 400-ҳазор доллари амрикоӣ доруворӣ овардагӣ ҳастем, ки ҳамаи ин доруворӣ барои табобати беморони аз ҳисоби НБО-и Роғун оварда шудаанд ва тариқи ройгон табобат карда мешаванд.
Хабарнигор: Аз шиносоӣ бо шароити кор ва табобати беморон дар ин шифохона маълумамон шуд, ки имкониятҳои моддиву техникӣ дар ин шифохона бад нестанд. Масалан шифохона дорои 5 мошини «Ёрии таъҷилӣ» ҳаст. Дар вақти қатъ шудани барқ генератореро, ки созмони байналмилалии «Ҳилоли Аҳмар» тӯҳфа кардааст, ба кор медароранд ва он қувваи барқи лозимаро медиҳад. Шӯъбаҳо бо техникаи зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Беморон аз нарасидани духтури соҳибмутахассиси чашм, гӯшу бинӣ ҳарф заданд. Барои табобати ин навъ бемориҳо мардум маҷбуранд ба пойтахт бираванд. Ба фикри мо замони он фаро расидааст, ки масъулини вазорати тандурустӣ, Донишгоҳи тиббии кишвар ва дигар таълимгоҳҳои тиббӣ ба ҳалли ин масъала довталабона мусоидат кунанд. Ин бешубҳа, ба самаранокии кор дар бунёди НБО-и Роғун таъсири мусбат хоҳад расонд.
Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1460-salom-roghun.html
-
29.05.2025 11:16
79
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
29.05.2025 00:37
90
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
-
09.05.2025 16:33
210
Иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия
-
07.05.2025 23:59
305
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
400
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
273
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
30.05.2025 00:36
98
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
28.05.2025 01:09
95
Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо дар мизи мудаввари мудирони Бонки Исломии Рушд
-
21.05.2025 21:36
284
Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
-
14.10.2024 18:41
788
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1502
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3190
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
28.05.2025 01:03
91
Намоишгоҳи саноатӣ дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
20.05.2025 16:02
149
Аз ташаббус то амал: Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
-
26.04.2025 20:08
226
СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард
-
20.03.2025 11:59
339
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
576
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
701
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
287
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
302
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
305
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
535
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
812
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1635
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
422
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
409
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1618
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
1943
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2145
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2834
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
335
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
294
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
757
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2858
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3296
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3271
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
475
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
526
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
464
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?