БАҲС САРИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН ГАРМТАР МЕШАВАД
Ҳафтае, ки мегузарад, баҳсҳо атрофи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки дар Тоҷикистон чун “сохтмони аср” муаррифӣ шудаааст, гармтар кард. Баъди ҳушдори ахири нахуствазири Ӯзбакистон аз паёмадҳои сохтмони ин нирӯгоҳи азим изҳороти намояндагони дипломатии якбора ду кишвари муттафиқи Тоҷикистон – Русия ва Қазоқистон оид ба омодагӣ дар саҳмгузории бунёди Роғун дар чашми бархе дар Душанбе умедеро ба миён овард, ки Тоҷикистон ниҳоят тавонистааст атрофиёнашро барои бунёди ин тарҳ мутақоид созад.
ПУШТИБОНӢ ВА ШАРТИ ҚАЗОҚИСТОН
Дар изҳороти ахири сафири Қазоқистон дар Душанбе Абдулатиф Ахмедов аз ҳақи Тоҷикистон барои бунёди ин тарҳ пуштибонӣ шуда, изҳори омодагӣ мешавад, ки Остона метавонад ҳам дар арзёбии фаннӣ ва ҳам сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун саҳмгузорӣ кунад.
Ҳамчунин ҳафтаи ҷорӣ намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев гуфт, ки ширкатҳои азими кишвараш “ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла нирӯгоҳи Роғун тавсеа медиҳанд”. Оқои Яковлев гуфтааст, ки чанд ширкати русии дигар барои ширкат дар сохтмони Роғун изҳори омодагӣ кардаанд.
Аммо таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳамаи инро бояд мӯҳтотона қабул ва ҷудогона арзёбӣ кард, ба вижа мавқеи Қазоқистон ва Русияро. Вай меафзояд, “мо на мавқеи ҳукумати Русия, балки бештар мавқеъ ва хоҳиши ширкатҳоеро мебинем, ки дар ин соҳа кор мекунанд. Изҳороти ин ширкатҳои хусусӣ маънои онро надорад, ки ҳукумати Русия мавқеи худро дигар кардааст”.
Қазоқистон, мегӯяд коршинос, бештар бо сабаби дар як мавқеи рақобат бо Ӯзбакистон қарор доштанаш аз Душанбе пуштибонӣ мекунад. Аммо ин пуштибонӣ ҳам шарт дорад, ки он пеш аз ҳама анҷоми арзёбии фаннии ин тарҳ аз ҷониби тарафи сеюм ва бетараф мебошад.
САДДИ АСЛӢ ДАР РОҲИ СОХТМОНИ РОҒУН
Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, дар сурати пуштибонии Остона ва Маскав аз Тоҷикистон, дар оянда аз Ӯзбакистон бояд ҳар гуна иқдомҳои ғайри қобили пешбиниро интизор шуд. Вай мегӯяд, “Ӯзбакистон метавонад рафти сохтмонро хеле мураккаб созад. Ин мавқеи Ӯзбакистон ба ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад”.
Таҳлилгар ва хабарнигори ҳафтаномаи “Независимая газета”, чопи Маскав Виктория Панфилова мӯътақид аст, ки мавқеи ҳамсоякишвари “ҷамъияташ 27 миллионнафара” набояд нодида гирифта шавад ва талабот барои арзёбиҳои байналмилалии фаннӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори фоҷеаи нирӯгоҳи Саяно-Шушенски Русия тақозои замон ва шароити имрӯз аст.
Хонум Панфилова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин тарҳи азимро танҳо бо ҳашари ҳамагонӣ сохтан мумкин нест. Худи Тоҷикистон ин қадар пулро дар ихтиёр надорад”. Ба гуфтаи ӯ, “ин тарҳ аллакай аз як проекти иқтисодӣ ба як тарҳи сиёсӣ табдил шудааст. Ва ҳоло роҳ фақат ин аст, ки ҳама сари мизи гуфтушунид нишинанд ва баҳсу баррасии зиёду тӯлонӣ кунанд, то ки ба як натиҷае даст ёбанд”. Вай мегӯяд, мавқеи Маскав дар нисбати ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд ҳамонгуна аст, ки буд ва тағйир наёфтааст.
ИМТИҲОНИ ҶИДДӢ БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар миёнаҳои солҳои 1970-уми шӯравӣ шурӯъ шуда, вале бо далелҳои фанниву молӣ анҷомношуда монд. Мутахассисони фаннӣ ин пружаро хеле мушкил ва серхарҷ арзёбӣ мекунанд ва пешгӯӣ мекунанд, ки ҳоло мушкилоти Тоҷикистон барои анҷоми пурраи ин тарҳ ҳатто дар сурати набуди мухолифатҳои ҷонибҳои дуюму сеюм дар пеш аст. Чунки дар баробари пулу харҷи зиёд, ин нирӯгоҳ ба мутахассисони касбӣ ниёзманд аст.
Зимнан, дар мулоқоти ахири раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон бо раисиҷумҳури ин кишвар дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонӣ аз мавқеи Душанбе барои сохтмони Роғун таъкид шудааст, ки ҳукумат бояд дар фикри “тарбияи мутахассисони баландпояи касбӣ дар бахши энержӣ” бошад.
Хиромон Бақозода, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1741-2010-02-13-11-17-35.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
438
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
195
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
882
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1144
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































