Акнун ҷавононро тадриҷан ба сӯи мусиқии асил бояд бурд
Ба ҳамаи хонандагони ҳафтаномаи “Рӯзгор” салом арз мекунем. Ҳафтаи гузашта низ моро бо зангҳои телефониву номаҳои худ бисёре аз хонанадагонамон шод карданд. Боварамон бештар шуд, ки доираи хонандагони «Рӯзгор» меафзояд, моро бештар аз пештар мехонанд, андешаҳояшонро иброз медоранд, пешниҳодҳои судманд мекунанд. Ин хеле хуб аст, ин аслан як дастовард аст, вақте кас мебинад, ки заҳамоташ бенатиҷа нест, хуш мешавад. Ва моро низ ҳамин руҳия фаро мегирад.
Ҳафтаи сипаришуда Камол Насриддин аз Варзоб пешниҳод намуд, ки саҳифаи динии “Рӯзгор” ҳамешагӣ бошад ва ба андешаи хонанда чун кулли сокинони мамлакат мусалмонҳоянд, пас саҳифаи доимии динӣ бояд бошад. Мо албатта, ба хонандаи азиз фаҳмонидем, ки ин саҳифа қариб, ки ҳамеша вуҷуд дорад ва мо онро сарфи назар накардаем. Вале боз ҳам аз гуфтаи Камол Насриддин ба ин хулоса омадем, ки саҳифаи дин хонанда ва муштарии бештар шояд дошта бошад.
Ҳидоят Оқилова аз Бохтар мегӯяд ҳамон саҳифаи ваъдагӣ дар бораи мушкилоти занонро ташкил накардем. Эроди ҷиддӣ буд. Ҳидоят гуфт, ки муддати 3 сол аст аз шавҳари мардикораш хату хабар надорад. Бори тарбияи ду фарзанд бар души худи ӯст. Мехоҳад мо бештар ба ин масъала таваҷҷӯҳ дошта бошем.
Ба модари азиз мерасонем, ки ташкили ин гуна саҳифаро мо дар дастури кории худ дорем ва Худо хоста бошад, дар муносибтарин фурсат оғоз мекунем. Вале барои мо ин гуна сарнавиштҳо лозиманд, ки тавонем мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳем. Зеро на ҳама занон розӣ мешаванд, сарнавишти талхашон ва муносибати шавҳарони мардикорашон бо оилаву фарзандон дар саҳифаҳои матбуот резанд. Албатта бо номҳои мустаор метавон чизе навишт, вале мо мехоҳем ҳар навишта ҳадафрас бошад. Агар дар марказ сарнавишти инсони воқеӣ қарор гирад ва на бофтаву хаёлӣ таъсираш бештар аст. Вале бо вуҷуди ин мо дар талошем ин мавзӯъро пайгирӣ намоем.
Ва инак, матлаби дигари ин бахш:
Мо дар телевизиони Русия
“Пусть говорят» яке аз беҳтарин барномаҳои телевизиони Русия аст ва Андрей Малахов бидуни шак ситораи телевизион аст. Вақте ситора гуфтам ёдам аз шоубарномаҳои дилбазани чор шабакаи телевизиони кишвар омад ва ягон барандаи ин шабакаҳоро ҳампои Малахов наёфтам. Ва хеле афсӯс.
Намоиши оншаба хеле муассир буд ва гумон намекунам, ки касе онро бе ҳаяҷону изтироби ботинӣ ва бе ашки чашмон тамошо карда бошад. Ин аслан як силсилабарнома аз рӯзгори фоҳишазани рус ва ҷавонмарди муҳоҷири тоҷик буд. Ҷавонмарди боло аз чилсолае, ки зани поку фарзандони солеҳи худро гузошта, домани фоҳишаеро гирифтааст.
Акнун оне ҳамбистараш аст, ки се мардро ба алоқа бо ӯ ва ҳақи падарӣ доштан ба фарзанди валадуззинояш гумонбар медонанд. Ва Саиди тоҷик хуб медонад, ки ӯ танҳо яке аз ин се ошиқи Елена Костирикина мебоашд. Ман дар ин барномаи фоҷеаи як хонаводаро дидам. Духтарони ҳиҷобпӯши зеботар аз моҳ, зани хушқадуқомат ва нозанин дар баробари як фоҳишаи гузаро истодаанд, вале бо падаре, ки муддати беш аз даҳ сол ёди онҳо накард, пархош намекунанд.
Аммо номаи ман на дар ин бора аст, намехоҳам он ҳамаро такрор кунам. “Рӯзгор” кори хубе кард, ки гузорише аз он омода сохт. Як бори дигар ёди моро ба он барнома андохт. Ва суол ин аст: магар каманд ин гуна сарнавиштҳои талх? Муҳоҷират барои ин миллат фоҷеаҳои зиёде овардааст, ки яке аз он бегонашавии падарон ба фарзандон аст.
Маҳмуд, омӯзгор, Турсунзода
Акнун ҷавононро тадриҷан ба сӯи мусиқии асил бояд бурд
Сӯҳбати Фурқати Саид, ин овозхони хушсадо ва донандаи хуби “Шашмақом” хеле муассир буд. Барои ман бахусус нақл аз олими шинохта ва файласуфи варзида Мусо Диноршоев, ки мегӯяд “Шашмақом” дар роҳ дарди дили ӯро таскин бахшидаву фишори хунашро ба эътидол овардааст, хеле таъсирбахш омад. Дар ҳақиқат, миллати мо гирифтори як бедардии комил аз мусиқист. Имрӯз пирони кор якояк рахти сафар бастанд. Мо танҳо садои Одина Ҳошиму Зафар Нозим, Барноапа Исҳоқоваю Борис Наматиев, Боймуҳаммад Ниёзу Тӯҳфа Фозиловаро мешунавем, вале куҷоянд онҳо, ки бо таронаҳои нав хотири мухлисонашонро шод кунанд?
Афсӯс, ки ҷои “Шашмақом” ва “Фалак” барин мусиқии асилро Реп гирифтааст ва ҷавонон бештар ба ин гуна созу навои сабук рӯ меоранд. Ман репро ҳам мешунавам, вале заррае лаззат намебарам. На оҳангаш муносиб аст ва на матнаш. Хеле мутаассифона, ки асолати мусиқии суннатӣ аз миён меравад ва маро даҳшат фаро мегирад, вақте меандешам, ки агар ин ду ё се нафаре ҳам ки мондаанд, рӯ ба реп оранд, ҳоли мо чӣ мешавад?
Азизамоҳ Нусратшоева, Душанбе
Мусалмонии Айнии қаҳрамонро бинед...
Мақолаи “Сталин: “Лаврентий, не дури, Айни не виновен” ёди ҳар хонандаро ба рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон мебарад. Писари ин бузургвор мегӯяд, ки “дар синни 52-солагӣ инқилоби болшевикиро пазируфт, вале дар ҳаёту зиндагӣ ба истилоҳи имрӯз на “сафед” буду на “сурх”. То охирин нафас дар баробари эҷодкор будан, мусалмони комил ва домулло монд, панҷ вақт намозашро тарк накардааст...”
Ин хеле олист. Дар замони Айнӣ намоз хондан баробар ба ҷиноят содир кардан буд. Вале писари устод мегӯяд, ки вай мусалмони комил буд ва монд ва намозаш тарк намешуд. Зиҳӣ, Айнии бузургвор. Унвони қаҳрамонӣ ба ту ҳалол.
Шаҳобиддин, корманди савдо
Кӣ гунаҳгор аст, ки Салим аз филм норозист?
Бори аввал мешунавам ва мехонам, ки адиб аз филми офаридашуда аз рӯи асараш норозӣ бошад. То ҳол ин ҳолатро ёд надорам. Аксари адибон аз филмҳо розианд ва ба ҷуз чанд эроди ҷузъӣ чизе намегӯянд. Вале Салими Зарафшонфар таҳиягари филм аз рӯи повести худ “Доғ”- «яке аз халтурачиёни соҳа» меномад. Филми «Доғ» яке аз халтураҳои киноматографияи тоҷик аст ва Муҳаммадрабӣ Исмоилов яке аз халтурачиёни ин соҳа. Дареғо, ки адабиётфаҳмии ин силсила киногардонҳои мо дар сатҳи пасти паст қарор дорад. Шиори онҳо чунин аст: “Обро лой куну моҳӣ гир”-мегӯяд адиб.
Ман ин филмро надидаам ва намедонам Салим то куҷо ҳақ аст. Вале даҳҳо ин гуна филмҳоро вақти азиз сарфа карда тамошо кардаам. Аҷиб он аст, ки барои коргардонҳои асил сармоягузорон тухми анқоянд, вале коргардонҳои навкор зуд “муваффақ” мешаванд. Ва ман намедонам маблағро чӣ гуна ва аз куҷо меёбанд. Дар ҳоле ки филмҳояшон бинанда надорад. Ё худ, чандин сериёлҳои тоҷикиро тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар дидаам. Баъзеашон дар соддагӣ хандаоваранд. Сужаҳои заъиф мебофанд, ки боварнакарданист. Намедонам ин ҳамаро кӣ назорат мекарда бошад: Тоҷиккино ё Иттифоқи синомогарон.
Наргис Одилова, донишҷӯ
Ин бор ҳам “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” бароям як сюрприз дошт. Мухлиси таронаҳои ин хунёгари мумтозам ва ҳама шумораҳои “Рӯзгор”-ро, ки пажуҳиш чоп шудаанд, хондаам. Ҳар бор чизи ҷолиб ва наверо барои худ кашф мекунам. Аз ҷумла дар шумораи гузашта. Ин сюрприз маълумот дар бораи хонум Жило буд. Ман ӯро пештар шунида будам ва медонистам, ки Аҳмад Зоҳир бештар бо ӯ дует хондааст. Вале намедонистам, ки Жило ба ин ҳад машҳур буда, ки ҳатто Муҳаммад Рафӣ, бузургтарин таронасарои Ҳинд ба хотири ӯ як шеъри форсиро аз бар кардаву бо ӯ сурудааст.
Ва ин ҳам бароям тоза буд, ки Жило борҳо ба Тоҷикистон омада будааст ва рӯйхати сарояндагони сафари ҳунарии охири Жило ба Тоҷикистон хеле ҷолиб буд. Фаҳмидам, ки дар он ҳайат шахсиятҳое чун Залонд, Фитрати Ношинос низ будаанд. Дар мақола аз ду таронае ёд мешавад, ки хонум Соро Залонд, хоҳари Жило ду тарона бар матни Раҳии Муъайирӣ хондааст. Ва хушбахтона, ман ин ду таронаро борҳо шунидаам, аммо дар иҷрои сарояндагони тоҷик. Ҳоло донистам, ки шеъри эрониву оҳанги афғонӣ будааст.
Мустафо, Хуҷанд
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 23 октябри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
214
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?