Ҷоизаи баъди марг ба кӣ лозим?
Бори дигар ба ҳамаи алоқамандони “Рӯзгор” салом арз мекунем. Нахустин занги телефонии ҳафтаи гузашта аз шаҳри Турсунзода буд, ки хонандаи мо Эшмирзо Толибов, омӯзгори мактаб аз саҳифаи нави “100 фарди маъруф” истиқбол мекард. Ба андешаи Эшмирзо Толибов поси хотири бузургони илму фарҳанг ва сиёсат савоб аст. Миллат бояд гузаштагонашро донад, мо бояд бидонем, ки чӣ гуна шахсиятҳои шинохта дорем.
Ҳоло шумо танҳо аз ин афрод ном мебаред, вале мо мехоҳем маълумоти мухтасар дар бораи ҳар кадоми онҳо дошта бошем. Албатта, мо дар бораи Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ ва бисёриҳо ба қадри зарурӣ маълумот дорем, вале масалан ман намедонам Саъдиниссо Ҳакимова кист, ки номаш дар рӯйхат омадааст. Ё худ дар бораи Пӯлод Бобоҷонов, Раҳимқул Малахбеков, Фаррух Амонатов...ва зиёданд ин афрод, ки номашонро ҳоло хондаму дар бораашон чизе намедонам.
Дуруст аст, ки донистан хуб аст. “Рӯзгор” мекӯшад дар оянда дар бораи ин афрод маълумотномаҳои мухтасари энсиклопедӣ ҳам чоп кунад. Вале ҳоло тасмим шудааст, аз онҳо танҳо ном бурда шавад, то бидонем, ки дар садри сиёсату давлатдорӣ, адабиёту фарҳанг, иқтисоду иҷтимоъ, варзиш ва ғайра киҳо қарор доранд. Ҳоло муаллифон танҳо аз 5 марди низомӣ ном бурдаанд, ки аз сарлашкарони маъруфи таърихи миллатанд. Пас гумон меравад ин бахш ҳоло пурра омӯхта нашудааст ва бахусус таърихи муосири низомӣ бояд мавриди таҳқиқ қарор гирад.
Хонандаи мо Нигина, аз Ваҳдат мегӯяд ин ҳафта интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад, вале ӯ ва ҳамдеҳагонаш то ҳол номзадҳоро намешиносанд. Мулоқот бо онҳо доир нашудааст ва намедонанд, ки ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон боз киҳо бо кадом барнома мехоҳанд дар интихобот ширкат намоянд.
Аслиддин, донишҷӯи донишгоҳи миллӣ аз ёдкарди Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ хуш шудааст ва мегӯяд ин фарди худогоҳ мусиқии суннатӣ ва симфониро ба ҳам омезиш дод ва симфонияи тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бурд.
Малика Назарзода, ки худро журналисти музофотӣ муаррифӣ кард ва беш аз ин дар бораи худ маълумот надод, гуфт, ки аз сӯҳбат бо ҳунармандони театр хушаш меояд. Бахусус, мусоҳиба бо Дилбар Умарова аз шумораи гузашта бештар писандаш омадааст. Аммо гуфт, ки Дилбар Умарова худ тимсоли як зани зебои миллӣ аст ва дар саҳна ҳам мо ӯро зебо дидаем. “Ӯро аз хеле замонҳо тамошо мекунам ва хуш мешавам аз садояшу аз нишасту хесташ дар саҳна. Аммо афсӯс, ки вақтҳои охир ҳунарманди шинохтаро дар телевизион хеле кам мебинам”.
Ин ҳафта бо дархости хонандаи ҳамешагии худ ... аз саҳифаи 15 рекламаро бардоштем ва ба ҷойи он “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир”-ро пурратар ҷо додем. Хонандаи мо мегуфт, ки матни “Аҳмад Зоҳир ва сад шоир” ба иллати чопи реклом дар ин саҳифа хеле кам чоп мешавад. Аммо мухлисон мехоҳанд аз он бештар мутолиа намоянд. Ва мо ин дахостро қабул кардем ва аз ин шумора саҳифаро пурра ба ин пажуҳиш мебахшем.
Инак, чашмандоз ба навиштаҳои дигари хонандагон:
Яҳуд аз саҳюнист фарқ дорад
Эдвард Саид ба гумонам худ яҳудии исломоварда аст ва яҳудӣ ҳам набошад як миллати дур аз Ислом аст, ки муҳаббати беандоза ба дин дорад. Оркестри симфонии”Девони Шарқӣ-Ғарбӣ” маҳсули тафаккури сулҳофаринии ӯ миёни исроилиёну фаластиниён аст, ки аллакай маъруфият пайдо кардааст. Исроилро давлати бофтаву сохтаи саҳюнистони яҳудӣ медонанд, ки барҳақ рост аст. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо дар Душанбе ҳазорҳо хонаводаи яҳудиён зиндагонӣ мекарданд ва аз миёни онҳо даҳҳо тан шахсиятҳои маъруф буданд, ки дар рушди санъати тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Номҳои Малика Қаландарова, Барно Исҳоқова, Рафаэл Толмасов, Борис Наматиев ва даҳҳо тани дигар ҳеҷ аз ёду хотири мо намераванд. Мутаассифона, пош хӯрдани Шӯравӣ ва ноамниҳои дохилӣ боис гардид, ки аксари онҳо аз Тоҷикистон берун рафтанд. Ҳарчанд рафтанд, вале қалбашон бо мо буд ва дар Амрикову Исроил ҳам, ки рафтанд, санъати тоҷикро таблиғ намуданд. Яъне, мо аз яҳудиёни Душанбе бадӣ надидем. Эдвард Саид ҳам аз зумраи ҳунармандони маъруф аст, вале фарқ дар ин ки тараннумгари сулҳу оштист ва ҳоло арабу яҳудиро дар як ансамбл гирд овардааст, то мусиқиро ба нафъи сулҳу оштӣ истифода барад.
Мирзошариф Мақсудов, Душанбе
Ато ҳам мекалавад, Бозор ҳам: оё ҳамаи шоирон чунинанд?
Ато Мирхоҷа гуфтааст, ки “мавқеъи нодурусти Бозорро маломат“ кардааст. Гапи хуб. Ин шоир ва ин журналист, ки воқеъан мақолаҳои хуб менависад, шеърҳояшро ҳам мехонем, дар мавзеъгириҳои сиёсӣ то ҳадде муваффақ нест. Чун шоир он замон натавонист дунёи шоири дигарро дарк кунад. Бозор Собир дар аввал хеле маъруфият дошт, вале сиёсат ӯро ба ҳадде калаванда кард, ки баъди ҳиҷрат ба Амрико зуд-зуд тағйири мавзеъ менамуд.
Аммо ба гумони ман Бозорро набояд Ато он замон чунин сахт мегирифт. Ин дарк накардани дунёи шоир аз ҷониби шоир буд. Бозор ҳоло ҳам калавиш дорад. Ҳоло ҳам ки ба Ватан омадааст ва аз ҷониби президент икром дидааст, таваҷҷӯҳ эҳсос кардааст, вале ҳамоно дар мавзеъгирии сиёсӣ мекалавад ва шахсан ман бовар надорам, ки то охир чуноне имрӯз ҳаст, боқӣ мемонад. Шоире, ки дар умраш мадҳия наменавишт ва маддоҳонро ба боди интиқод мекашид, имрӯз худ мадҳиясаро шудааст ва ин барои тафаккури Бозор як чизи бегона аст.
Вале ин ҷо гап сари Ато Мирхоҷа аст. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, аввалин мақола зидди Олга Тутубалина бо номи “Тутуҳои Тутубалина” дар “Ҷумҳурият” бо имзои Ато Мирхоҷа чоп шуда буд ва он сабаб гардид, ки Иттифоқи нависандагон вокуниш нишон диҳад. Вале вақте ба суд муроҷиат карданд, исми Аторо мо надидем. Ин албатта, кори шахсии ӯст, шояд бо навиштани мақола вазифаи худро анҷомшуда дарёфт. Вале ба назари ман ин ҳам калавиш аст. Ато ҳам мекалавад, Бозор ҳам: оё ҳамаи шоирон чунинанд?
Ҳусниддин, Истаравшан
Султони дуздҳо ҳам тоҷик будааст?
Мақолаи “Султони дуздҳо”-ҳоро хондам. Аҷиб аст. Замоне расидааст, ки ҳама чизро мекованду меёбанд. Ҳоло акнун сарнавишти аввалин “вор в законе” ҳам варақгардон мешавад. Ва маълум мегардад, ки вай аз Тоҷикистон будааст. Хеле аҷиб аст донистани он. Марде парвардаи ин обу хок дузди қонунист. Мақоларо пурра хонам, шояд бештар аз ин чизе нависам.
Ёдгор Мустафоқулов, донишҷӯ
Э кош Каримов ҳам нависанда мебуд...
Шароф Рашидов, ки худ нависанда буд, шеър ҳам менавишт, ба қадри адиб ва олим расид ва амр кард, ки бо баҳонаи бунёди роҳ хонаи устод Айниро чаппагардон накунанд.
Кош Ислом Каримов ҳам шоиру нависанда мебуд, ки нисбат ба миллатҳо сахтгиру беадолат намешуд. Чӣ сирре ҳаст, ки вақтҳои охир аз Тоҷикистону тоҷикон робита бурид ва бо эҳсоси душманӣ садди роҳи бунёди иншоотҳои бузург, аз ҷумла Роғун мегардад. Дар ҳақиқат миллатҳо дар шахси сиёсатмадоронашон исмашон дар таърих сияҳ мешавад. Агар Каримов дили огоҳи Рашидовро медошт, шояд имрӯз муносибати ду кишвар дигаргуна тарҳрезӣ мешуд ва мо ҳам бурд мекардему узбакҳо низ.
Самари Олимҷонзода, Душанбе
Ҷоизаи баъди марг ба кӣ лозим?
Ҷумъа Одина ҷабрдидаи таърихи миллат аст ва Карим Мусо мегӯяд баъди маргаш ҷоизаи Рӯдакӣ гирифт. Ба кӣ даркор аст он? Агар адибро, ки дар замони зинда будан ба марг расонанд, пас магар бо ҷоизаву мукофот ӯро мешавад зинда гардонидан?
Вале мутаасифона, қадрношиносиву носипосӣ як ҷузъи ахлоқи замон шудааст. Аз гузаштаи Ҷумъа Одина барин бузургон касе панд намегирад ва имрӯз ҳам ба зиндаҳо носипосӣ мекунанд. Баъди марг сухани хуб ёфтану қадршиносӣ кардан расм шудааст. Вақте зинда буд, аз он адиб касе ёд намекард ва чун аз олам бирафт, таърифҳои болохонадор меафзоянд. Ба кӣ лозим? Ёд дорам боре дар як сӯҳбаташ ҳунарманди шинохта ва нобиғаи замон Ҳошим Гадо гуфта буд, ки эҳтиёҷе надорад, ки баъди маргаш шӯҳраташро боло бардоранд. Ҳарчӣ метавонанд, ҳоло кунанд. Аммо ин суханон маъмулан ношунида мемонанд.
Муруват Одинаева, омӯзгор, Ҳисор
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013
-
06.01.2026 20:24
481
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
685
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
596
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
751
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
899
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1603
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
587
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
552
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
579
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
389
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
970
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1999
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
01.02.2026 18:31
165
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
-
22.01.2026 21:30
376
“Эй сорбон оҳиста рон!”
-
21.01.2026 21:15
343
“Ҳаёти инсон олитарин арзишро дорост!”
-
12.11.2025 14:38
634
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
871
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1149
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
538
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
856
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
817
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1930
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1977
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2951
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1567
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1539
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2778
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
718
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
805
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
798
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1374
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1582
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1370
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3969
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4149
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4575
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
697
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1058
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1001
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































