Хазина аз
Генерал Ҷеймс Терри дар Тоҷикистон
Хабар
12.02.2014 13:14
849
Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Фармондеҳии марказии ИМА (ARCENT) генерал -лейтенант Ҷеймс Терри дирӯз, 11-уми феврвл бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба кишваҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Роҳҳои бартараф намудани шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон
Иҷтимоъ
12.02.2014 13:05
964
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ахиран аз коҳиш ёфтани шикоятҳо аз ҳолати шиканҷа дар кишвар хабар дода, афзуд, ки соли 2013 16 шикоят дар хусуси шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли пешин 6 адад камтар аст.
Хабарҳои фарҳангии ҷаҳон
Хабар
12.02.2014 13:01
965
Довуди Пажмон, як тан аз сарояндагони тозазуҳури афғон, ки ахиран бо эҷоди навои "қашқарча" бо истифода аз асбобҳои мусиқии суннатии маҳаллӣ шуҳрати хоса касб кардааст, дар марҳилаи 23-юми озмуни "Ситораи афғон" дар миёни 5 нафар аз беҳтарин сарояндагон ҷой гирифт. Дар ин давр мухлисонаш аз ӯ таронаи "Ошиқам"-ро шуниданд, ки ....
Олимпиадаи Сочи: машъали олимпӣ фурӯзон шуд
Ҷавонон ва варзиш
12.02.2014 12:57
1232
Рӯзи ҷумъаи 7-уми феврал дар шаҳри Сочи маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ барпо гардид. Ин маросими пуршукӯҳро, ки бо ҳузури беш аз 40 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи "Фишт" баргузор шуд, зиёда аз 3 миллиард одамон тавассути телевизион тамошо карданд.
Дар Конибодом ансамбли "Мақомхонони наврас" эҳё шуд
Хабар
12.02.2014 12:55
727
Бо ташаббуси номзади илми санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов дар шаҳри Конибодом вилояти Суғд ансамбли "Мақомхонони наврас" муҷаддадан эҳё шуд. Дар ин бора ба "Рӯзгор" аз дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар Минск китоби Ато Ҳамдам муаррифӣ шуд
Хабар
12.02.2014 12:54
812
Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон, дабирхонаи марказии ИДМ ва вазорати иттилооти Беларус дар шаҳри Минск ҳамоиши Ҳамкориҳои илмию адабӣ миёни Тоҷикистону Беларус доир шуд Дар ин бора ба "Рӯзгор" журналисти тоҷики муқими Белорус Абдулғаффори Камол, ки барандаи ин ҳамоиш буд, хабар дод.
Боғшоҳи Лашкарбек дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд
Хабар
12.02.2014 12:51
727
Боғшоҳи Лашкарбек, як тан аз олимон ва забоншиносони барҷастаи тоҷик, ки ахиран бар асари беморӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашта буд, дар зодгоҳаш деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим бо ҳузури густардаи мардум, ҳамкорони собиқ, ходимони илму фарҳанги ҷумҳурӣ, намояндагони ҳукумати вилоят ба хок супурда шуд. Ҷанозаи ӯро 5 феврал ба ....
Эмомалӣ Раҳмон дар Сочӣ бо Милош Земан мулоқот кард
Хабар
12.02.2014 12:48
733
Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Чехия Милош Земан дар Сочӣ иттилоъ дод.
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт
Хабар
12.02.2014 12:45
819
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дафтари матбуоти сарвари давлат хабар дод, ки дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Муҳокимаи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ
Хабар
08.02.2014 15:16
993
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини гурӯҳи якҷояи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ доир гардид.Дар ибтидо раиси гурӯҳ, муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...