09:10:30 12-уми Июни 2026 сол
Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт 17.09.2013 11:54 921
Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои чорошёнае мавриди истифода қарор дода шудааст, ки қарор аст дар он омӯзгорон зиндагонӣ кунанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат бинои мазкур аз хонаҳои се, ду ва якҳуҷраӣ иборат буда, бо 6 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои нимасохт ....
Пайкараи Спитамен дар ноҳияи ҳамномаш пардакушоӣ шуд 17.09.2013 11:51 1014
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик ва яке аз абармардони майдони пайкор Спитаменро пардакушоӣ кард.Сарвари давлати Тоҷикистон зимни як суханронӣ, ки чанд лаҳза баъди пардабардорӣ аз пайкара эрод намуд, Спитаменро "намунаи диловариву қаҳрамонӣ ва мардонагиву ватандӯстӣ" номид.
Рассоми тоҷик дар фестивали байналмилалии Алҷазоир ширкат мекунад 17.09.2013 11:48 1021
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тайид кард, ки рассоми тоҷик Олим Камолов дар фестивали Байналмилалии "Минетур ва акс", ки қарор аст аз 28 сентябр то 5 октябр дар шаҳри қадимаи Тлемсени Алҷазоир баргузор шавад, бо пешниҳоди чор асари худ иштирок мекунад.Манбаъ ба "Рӯзгор" гуфт, ки асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Вазорати фарҳанг тавсия ....
Ифтитоҳи муҷаддади “Хонаи синамо” дар Эрон 17.09.2013 11:46 988
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Хонаи синамо” бори дигар дарҳои худро ба рӯи ҳаводоронаш боз кард. Ин яке аз баландмартабатарин созмони синамогарони эронӣ ба шумор рафта, бештар аз панҷ ҳазор дар он узвият доштанд ва моҳи январи соли 2012 аз ҷониби ҳукуматдорони ин кишвар баста шуда буд. Дар ин бора ожонсии ....
Таътили тирамоҳиву баҳорӣ барои хонандагон лағв шуд 17.09.2013 11:44 951
Вазорати маорифи Тоҷикистон чорякҳои яккум ва сеюмро, ки маъмулан охири тирамоҳу аввали баҳор омӯзишҳои семоҳаи хонандагонро ҷамъбаст менамуданд, лағв кард ва акнун барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низоми нимсолаи таълим ҳатмӣ шуд. Яъне, аз ин ба баъд хонандагон танҳо ду маротиба бо супоридани санҷишу имтиҳонот давраҳои омӯзишии худро ҷамъбаст менамоянд.
Боздошти писари сафири Тоҷикистон дар Беларус 16.09.2013 17:28 999
Хадамоти гумруки фурудгоҳи Душанбе писари сафири Тоҷикистон дар Беларусро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд.Як манбаъ дар фурудгоҳ, ки нахост номашро гирем, ба мо гуфт, Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16 сентябр тариқи рейси 631 – и Душанбе – Маскав ...
Ҳалокати як таксирони тоҷик дар Маскав 16.09.2013 12:35 866
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз се ҷасаде, ки ахиран аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, якеаш аз тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расидааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд^ ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон 15-уми сентябр бо хатсайри Москва - Душанбе ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд.
Ҳафтаи пешбарии номзадҳо ба мақоми президенти Тоҷикистон оғоз шуд 16.09.2013 12:33 907
Ин ҳафта аҳзоби сиёсӣ, ба истиснои Ҳизби халқӣ – демократӣ номзадҳои худро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.Рӯзи 17 сентябр - Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби аграрӣ, 18 сентябр - Ҳизби сотсиалист, 20 сентябр – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 21 сентябр – Ҳизби сотсиал ...
Лату куби як масъули ҳукумати Восеъ бо шавҳараш 13.09.2013 11:42 1005
Қурбонбӣ Ниёзова, мудири шӯъбаи рушди иқтисоди ҳукумати ноҳияи Восеъ ҳамроҳ бо шавҳараш шаби 12-ум ба 13-уми сентябр мавриди лату куби афроди ношинос қарор гирифтанд.Ин зану шавҳар ҳоло дар шӯъбаи шикастабандии беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ ҳастанд.
Эътирози як гурӯҳи ҷавонон дар Хоруғ 12.09.2013 16:22 1052
Ин лаҳзаҳо як гурӯҳи ҷавонони сокини шаҳри Хоруғ дар назди бинои раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон таҷаммӯъ кардаанд.
Боздошти зане барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ 12.09.2013 16:20 1345
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон як занеро барои ҷалби танфурӯшӣ дар хориҷи кишвар боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ки "кормандони фаврии раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ...
Гаравгонгирии як ҷавони тоҷик дар Петербург 12.09.2013 16:18 994
Як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт - Петербург и Русия аз сӯи афроди ношинос гаравгон гирифта шуда, вале пас аз чанд соат тавонистааст, аз асорат фирор кунад.
Қатъи фаъолияти боз се созмони иҷтимоӣ 12.09.2013 16:16 1019
Бо қарори додгоҳ фаъолияти се созмони иҷтимоӣ дар пайи шикояти вазорати адлия қатъ карда шуд.Раъно Каримова, сардори раёсати сабти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон, зимни таъиди ин хабар рӯзи 12-уми сентябр ба мо гуфт, бинобар нақзи қонунҳои Тоҷикистон ...
Боздошти зани тоҷик барои кӯмак ба "террористон" 12.09.2013 16:14 987
Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, ин зан ҳамчунин кӯмак кардааст, ду узви Ҳаракати Исломии Туркистон аз қаламрави кишвар фирор кунанд. Маъмурони амниятии Тоҷикистон як зани 37-соларо бо иттиҳоми ширкат дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва кӯмак ба аъзои Ҳаракати Исломии Туркистон боздошт кардаанд.
Раҳоии собиқ муҳофизи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз боздоштгоҳ 11.09.2013 11:20 872
Убайдулло Ғаффоров, афсари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе боздошт шуда буд, озод шудааст. Яке аз наздикони ӯ дар таъйиди ин хабар ба мо гуфт, мавсуф дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд ...