10:37:47 12-уми Июни 2026 сол
Тоҷикистон хостори таҷлили ҷаҳонии 3000-солагии Ҳисор шуд 01.11.2013 09:51 2731
Ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли нома ба СММ хостори таҷлили ҷаҳонии сеҳазорумин солгарди бунёди Ҳисор шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи машваратии корӣ омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисорро баррасӣ намуд.Гуфта мешавад, ки ин ҷашнвора моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад ...
Коргардон аз душманӣ бо Пайғамбар (с) пушаймон шуд 01.11.2013 09:49 1087
Коргардони машҳури ҳолландӣ Орнуд Фондур аз он ки дар филми "Фитна" ба бузургтарин навъи башар, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) тавҳинро раво дида буд, эълон кард, ки аз карда сад бор пушаймон шудааст ва ҳоло ният дорад бо наворбардории филми дигар ин чеҳраи нуронии таърихи башарро мусбӣ ва барҷаста тасвир кунад.
Намоиши филмҳои ҷопониву лаҳистонӣ дар кинотеатри ба номи Ҷомӣ 01.11.2013 09:47 1032
Дар кинотеатри ба номи Ҷомии пойтахти кишвар аз 23 то 26 октябри соли равон ҳафтаи синамои Лаҳистон ва 26 ва 27-уми октябр рӯзҳои синамои Ҷопон баргузор гардид.Сокинони пойтахти кишвар тӯли се рӯз имкон доштанд бо беҳтарин филмҳои истеҳсоли Лаҳистон ошно шавад. Аз сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон ба "Рӯзгор" гуфтанд ...
Вохӯрии Латиф Пидром бо аҳли зиёи Тоҷикистон 26.10.2013 11:58 1096
Дидору вохӯриҳои Латиф Пидром, шоир, нависанда ва сиёсатмадори кишвари ба мо ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон бо фарҳангиёну зиёиёни тоҷик ҳини сафарҳои хусусӣ ва эҷодияш ба Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада истодааст. Ахири ҳафтаи гузашта бо ибтикори Латиф Пидром дар тарабхонаи «Сарез» як дидорбинии хотирмони ӯву аҳли эҷод ва зиёи тоҷик ....
Сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Минск ҷамъ омаданд 25.10.2013 14:13 962
Дар шаҳри Минск бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ифтитоҳ шуд. Дар маросиме ба ин муносибат раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини нахуствазири Белорус Анатолий Калинин ширкат доштанд.Ба иттилои сомонаи president.tj, бинои нави сафорат сеошёна буда ...
Даргузашти модари Ёқуб Салимов 25.10.2013 14:10 1025
Бино бар хабарҳо, Ашӯрбӣ Салимова, модари Ёқуб Салимов,собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар синни 88-солагӣ ва бо алами фарзанди маҳбусаш даргузаштааст.Наздикони Ёқуб Салимов мегӯянд, ки марги Ашурбӣ Салимоваи 88-сола ногаҳонӣ буда, ба илллати бозистодани дилаш ба вуқӯъ пайвастааст.
54% будҷаи соли ояндаи Тоҷикистон "иҷтимоӣ" хоҳад шуд 23.10.2013 17:14 919
Парлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон будҷаи соли 2014-ро дар ҳаҷми 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар қабул кард.Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 23-уми октябр лоиҳаи...
Боздошти як додрас дар Суғд бо ҷурми фасодкорӣ 22.10.2013 16:22 1023
Мақомоти мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон як додрасро ҳангоми ришваситонӣ боздошт кардаанд. Сӯҳроб Қоҳирӣ, як масъули Оҷонсии назорати давлатӣ ва мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 22-юми октябр ба мо гуфт, Дилшод Рафиев, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти ...
Нимпайкараи Айтматов ва Фирдавсӣ дар китобхонаи Рудомино 21.10.2013 17:45 1035
Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар китобхонаи адабиёти хориҷии ба номи М.И.Рудоминои Маскав нимпайкараи адиби шинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов гузошта мешавад. Дар ин бора РИА новости истинодан ба сафорати Қирғизистон дар шаҳри Маскав хабар дод. Пайкара аз ҷониби ҳайкалтароши машҳури рус Георгий Франгулян офарида шуда, дар галереяи пайкараҳои адибон ...
Анҷоми озмуни «Ҷомеа ва нашъамандӣ» дар театри Ҷавонон 21.10.2013 17:43 1008
Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ бо номи «Ҷомеа ва нашъамандӣ», ки дар театри Ҷавонони ба номи М.Воҳидов рӯзи 14 октябр оғоз гардида буд, ба анҷом расид.Дар озмун даҳ намоишнома аз театрҳои манотиқи гуногуни кишвар иштирок карданд. Аз ҷумла, ҳунармандони театри халқии ноҳияи Ҳисор намоишномаи «Модар маро бубахш»-ро пешниҳод ...
Таъхири дигарбораи мурофиаи Тутубалина ва Иттиҳодияҳои эҷодӣ 21.10.2013 17:42 928
Мурофиаи додгоҳии иттиҳодияҳои эҷодӣ ва Олга Тутубулина аз сабаби ҳозир нашудани даъвогарони асосӣ бори дигар ба таъхир андохта шуд. Намояндаи ваколатдори сарварони Иттиҳодияҳои эҷодӣ Рустам Устобев гуфтааст, ки тибқи қонун онҳо ӯҳдадор нестанд ба мурофиа ҳозир шаванд.
“Сангчарх”-и бародарон чоп шуд 21.10.2013 17:40 1008
Нашриёти “Адиб” романи “Сангчарх”-и бародарон Шарифбек ва Ҳокими Азизро аз чоп баровард. “Сангчарх” романи детективӣ буда, пайгири як ришта ҷиноятҳои муташаккил дар деҳоти дурдасти кӯҳистон аст. Муаллифон бо офариниши саҳнаҳои хотирмони ҷиноӣҷасорат ва дониши фасеҳ доштани кормандони милитсияро нишон идодаанд.
«Оинаи беҷило» дар Корея 21.10.2013 17:38 1120
Дар миёни 299 филм аз бештар аз 70 кишвари олам, ки дар фестивали байналмилалии шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ пешкаш шуда буд, «Оинаи беҷило»-и коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов низ роҳ ёфт. Дар суҳбат бо хабаргузориҳо Носир Саидов аз истиқболи гарми бинандагон аз «Оинаи беҷило» изҳори хушнудӣ кардааст ва гуфтааст, ки ....
ЮНЕСКО “Ҷараёни озод”-ро нашр кард 21.10.2013 17:35 949
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Президенти кишвар ЮНЕСКО дар Тоҷикистон китоби мусаввареро бо номи «Ҷараёни озод» интишор додааст, ки ба натиҷаҳои Конфронси имсолаи байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об бахшида шудааст.
Ҳоҷиёни тоҷик озими Душанбе мешаванд 19.10.2013 11:35 1018
Шаби 19-ум ба 20-уми октябр аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе меоянд. Лола Кенҷаева, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр», рӯзи 19-уми октябр ба мо гуфт, аввалин гурӯҳи 210 нафараи ҳоҷиён бо ҳавопаймои Боинг 757-200 аз ширкати «Тоҷик эйр» соати 23-20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ озими Душанбе мешаванд.