18:37:37 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ёди рӯзгори ширин

ДАР СУРОҒИ ПАЙВАНДОНИ АҲМАД ЗОҲИР

Олимпур: Дар зимн бояд бигӯем, ки ҳунар дар хонаи Аҳмад Зоҳир як падидаи ҳамагир аст. Зоҳира хоҳари Аҳмад Зоҳир ҳам дар кори худаш ҳунарманди варзидааст. Ӯ ороишгар аст. Дар миёни муроҷиинаш саршиностарин чеҳраҳои сиёсати Амрико ва Урупо, аз ҷумла Маргарет Тетчер, Роналд Рейган, Буш, Беккер ва ғайра ҳастанд. Деворҳои манзилашро аксҳои ёдгории бо ин шахсиятҳои муҳим зеб медиҳанд. Дар тӯли 14 соли муҳоҷират ба ин комёбӣ ноил гаштан гувоҳӣ ҳунармандии Зоҳира аст.

Дар Тоҷикистон таи солҳои ахир Шабнам яке аз номҳои машҳур аст. Дар ҳоле, ки чаҳордаҳ сол пеш дар Тоҷикистон духтареро бо ин ном ҷустан ғайри имкон буд. Ин номи зебо ва шоиронаро ба ин диёр Аҳмад Зоҳир овард. Алоқамандони ҳунараш хотири он маҳбубияте, ки нисбати Аҳмад Зоҳир доштанд, навзодони хешро Шабнам ном мегузоштанд. Шабнами Аҳмад Зоҳир пас аз марги падар ба дунё омада буд ва ҳоло чаҳордаҳ сол дорад.

Шабнам: Ба ҳама Шабнамҳои Тоҷикистон салом мегӯям.

Олимпур: Офарин, офарин, ман барои ту Шабнамҷон аз Тоҷикистон хеле ва хеле саломҳои зиёде, ин қадар салом овардам, ки аз номи ҳама Шабнамҳои Тоҷикистон ва аз номи ҳамаи алоқамандони ҳунари падарат, ки дар Тоҷикистон хеле зиёд ҳастанд, салому дуруду паём овардам. Ва умед аст, ки рӯзе аз рӯзгоре ту биёӣ ба Тоҷикистон ва аз наздик Шабнамҳо, хоҳарони худата дар онҷо бубинӣ ва мулоқот кунӣ.

Олимпур: Фахрияхонум ҳанӯз марги шавҳараш Аҳмад Зоҳирро қабул карда наметавонад. Ботинан месӯзад вақте сухан аз Аҳмад Зоҳир оғоз кардам худро идора карда натавонист. Вуҷудаш тӯфон кард. Рафт утоқи дигар то ба худ биёяд. Ҳанӯз бовар намекард, ки азизи дилаш бебозгашт рафта. Барои он ки шиддати дардашро кам карда бошам ибтидо аз ӯ аз Шабнам мепурсам.

Фахрия: Шабнам имсол ба хайр синфи 9-ум мера, ки ба ҳисоби Амрико ба ҳайскул дохил меша. Пой ба ҷавонӣ мемона.

Олимпур: Аз чӣ бештар хушаш меояд?

Фахрия: Шабнам бисёр алоқа дорад ба мусиқӣ. Ҳамеша кассети бобаи худа мешунава. Бисёр хушуш меояд. Хусусан ба мусиқии афғонии худамон бисёр алоқа пайдо карда, Аҳмад Зоҳир чун худуш як писар дошт ва бачаи худа беандоза дӯст дошт ва як орзу дошт, ки як духтар дошта бошум ва номша Шабнам худуш хуш карда буд. Ва дигар мегуфт духтар дошта бошум калон шава ва шавқуш ҳамин буд, ки мисли падаруш ворӣ як доктор шава.

Олимпур: Шабнам баъд аз ду рӯз ё як рӯз баъди маргаш ба дунё омад.

Фахрия: Не, айни рӯз.

Олимпур: Ҳамон рӯз?

Фахрия: Бале. Шабнам рӯзи таваллуди худи Аҳмад Зоҳир ва рӯзи марги Аҳмад Зоҳир ва рӯзи таваллуди Шабнам айни рӯз 14 – ҷун (июн) шава. Дар Афғонистон ҳамин рӯз рӯзи модар ҳам ҳаст. Шабнам тӯҳфаи рӯзи модар буд барои ман.

Олимпур: Фахрия вонгаҳ аз шавҳараш Аҳмад Зоҳир мегӯяд.

Фахрия: Аҳмад Зоҳир зиндагиро хуш дошт. Ҳамун тур ки худаш лаззат мебурд. мехост ки нафари дигари ки ҳамроҳаш ҳаст, лаззат бубарад. Ва ма аз Аҳмад Зоҳир як чизи ки ҳамеш ба пеши ма ҳаст, ки як инсоне буд, ки беандоза дили калон дошт, бисёр меҳрубон буд. Аҳмад Зоҳир ба ман ба ҳайси як шавҳар не, бар ма бисёр як рафиқи хубе буд.

Хуштарин вақти зиндагии ма, вақте буд, ки се соле, ки ма қати Аҳмад Зоҳир тер кадум беҳтарин вақти зиндагии ма буд. Бари ма ёд дод, ки зиндагӣ чист!

Олимпур: Садои Аҳмад Зоҳира ҳама дӯст медоранд, вале боз ҳам духтарҳо бештар. Ду боре, ки ба зиёрати оромгоҳаш, ба гӯристони Шуҳадои Солеҳини шаҳри Кобул рафтам, гурӯҳи духтаронро онҷо дарёфтам ба дастагулҳо. Ба дин хотир ба Фахрия хонум мегӯям, занҳо ки куллан олудаи рашканд, оё Шумо ҳам дар ин ҷамъ будед?

Фахрия: Ма агар бигӯм, ки набудам дурӯғ аст. Бари ази ки мисле, ки шумо меген, дар вуҷуди кулли занҳост. Магар вақте, ки Аҳмад Зоҳир гирифтум, як чиз худи Аҳмад Зоҳир барои ма гуфт ва худим пеши худ тасмим гирифтум. Ва падараш дар ин раҳ кати ма бисёр кӯмак кард, ки Аҳмад Зоҳир бари берун вақте, ки сари стеҷ (саҳна) мебошад, ӯ аз мардум аст, ӯ бари мардум аст. ӯ унҷа аз хотири ҳунари худ, аз хотири маҳбубияти худ бояд дили мардума ба дасти худ бигирад. Магар вақте, ки дар хона буд, Аҳмад Зоҳир аз фомили худ буд, аз ма буд.

Олимпур: Дар ин замон миёни шумо ва Аҳмад Зоҳир ихтилофе буд?

Фахрия: Не, ҳеҷ вақт набуд.

Олимпур: Таронае барои шумо гуфта Аҳмад Зоҳир?

Фахрия: Не, ҳеҷ гуфта наметонум. Таронаҳои худа Аҳмад Зоҳир барои куллагӣ мардум мехонд. ман чизе гуфта наметавонам, ки бугӯям, ки махсус барои ма хонда. И худхоҳии ма меша, ки ма нишон бутум, ки и оҳангаш махсуси ма ҳаст.

Олимпур: Аз миёни таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз ҳама бештар ба дилатон наздик кадом таронаи Аҳмад Зоҳир аст?

Фахрия: Оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро ҳамаша хуш дорум бисёр зиёд. Як хонданиш, ки беандоза хушум меояд, аз вақти аввал то охир шеърест, ки «Бароям гиря кун имшаб, ки танҳо имшабам бо ту» беандоза хушам меояд.

Олимпур: Сабаби ошноии шумо мумкин ҳамин тарона бошад?

Фахрия: Имкон дорад (механдад).

Олимпур: Охирин консерти Аҳмад Зоҳирро ёд доред, ки дар он ҷо ширкат доштед?

Фахрия: Охирин консерти Аҳмад Зоҳир ба Мазори Шариф дар Дашти Шодиён. Ӯ охирин консерти буд, ки ма ҳамроҳуш дар мобайни консерт будум.

Олимпур: Барои чӣ дар телевизиони Афғонистон фақат ду суруди Аҳмад Зоҳир сабт шуда? Дар ҳоле, ки ин қадар шӯҳрат дошт, ин қадар хонандаи сол лақаб гирифта буд?

Фахрия: Барои аз и ки хонданиҳое, ки Аҳмад Зоҳир мехост сабт куна увора онҳо иҷоза намедоданд, ва оҳангҳое, ки уво мехостанд Аҳмад Зоҳир бухона, Аҳмад Зоҳир намехонд. Охирин оҳанге, ки сохт Аҳмад Зоҳир пеш аз маргуш, оҳангест, ки «Худо бувад ёрет», ки ира барои нафарҳое, ки муҷоҳиддине, ки у вахт мерафтанд барои ҷанг ира Аҳмад Зоҳир хонд. Аввалин хонданӣ буд, ки ба тилвизиуни Афғонистон худаш ба хушии худ хонд».

Таҳияи Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi